Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Язгулом чӣ гап? Сафари мансабдорони баландпоя ба Бадахшон


Даромадгоҳи ноҳияи Ванҷ
Даромадгоҳи ноҳияи Ванҷ

Гурӯҳе аз мақомдорони баландпояи Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардаанд.

Як манбаи Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми июн гуфт, ки Юсуф Раҳмон, Додситони кул, Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳӣ Олӣ ва Шералӣ Мирзо, вазири дифои кишвар ба Бадахшон сафар кардаанд ва эҳтимол фардо бо сокинони ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ суҳбат кунанд.

Ба гуфтаи манбаъ, мавзуи асосии мулоқот боздоштҳо ва ҳодисаҳои ахир дар ҷамоати Язгулом аст.

Рӯзи 16-уми майи имсол мақомоти амниятии Тоҷикистон беш аз 30 сокини ҷамоати Язгуломи Ванҷро “барои омодагӣ ба харобкорӣ” боздошт карданд. Мақомот расман боздошти гурӯҳе аз сокинони Ванҷро шарҳ надодаанд, вале манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки бархе боздоштшудаҳо дар ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои тундрав дар он сӯи марз гумонбар ҳастанд.

Як манбаи дигари Радиои Озодӣ хабар дод, ки ҳафтаи гузашта чор ҷавони дигари язгуломиро аз Санкт-Петербурги Русия ба Тоҷикистон истирдод кардаанд ва ҳоло дар боздошт ҳастанд. Ҳамсуҳбатони радиои Озодӣ истирдоди онҳоро ба боздоштҳои ахир дар Ванҷ рабт медиҳанд.

Наздикони афроди боздоштшуда аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ карданд ва ҳеч шарҳе дар ин бора надоданд.

Радиои Озодӣ исми 19 тан аз боздоштшудаҳоро мушаххас кард, ки чанд нафарашон насабҳои шабеҳи ҳам доранд ва зоҳиран аз як хонаводаанд.

Як мақомдори маҳаллӣ дар Ванҷ рӯзи 5-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бархе боздоштшудаҳо “аз Афғонистон ба Язгулом омада буданд” ва бар асоси хабарҳое, ки ӯ шунидааст, гӯиё дар кӯҳҳо силоҳ пинҳон кардаанд.

Ӯ барои исботи ин ҳарфаш ҳеч далеле пешниҳод накард.

Язгулом, ҷамоте дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ аст, ки дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд. Сокинони Язгулом мегӯянд, ин минтақа дурафтода аст ва аксари сокинонаш кору зиндагии хуб надоранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG