Помир – дар феҳристи ТОП-100

Кӯҳистони Помир дар феҳристи 100 мавзеи устувори ҷаҳонгардӣ (Sustainable Destinations TOP 100) шомил шудааст. Асадшоҳ Зоолшоев, раиси Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Помир, рӯзи 8 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар феҳристи пешинаи "Sustainable Destinations TOP 100" водии Вахону дараи Бартанг низ шомил буданд.

Ба қавли Зоолшоев, ҳангоми муаррифии мавзеъҳои таърихию фарҳангии Бадахшони Тоҷикистон ба Созмони байналмилалии сайёҳӣ вазъи мавҷудаи роҳҳо, меҳмонхона ва инфрасохтори дигари сайёҳӣ пешниҳод шуд, ки ҳарчанд сифати олӣ надоранд, аммо намоишгари тарзи зиндагии мардуми ин минтақа мебошанд.

Дар соли гузашта 414 ҳазор сайёҳи хориҷӣ вориди кишвар шуданд, ки нисбат ба шумори сайёҳон дар соли 2014 ду баробар бештар буд.
Ризо Назарзода

"Ба сайёҳони хориҷӣ ин гуна манзилҳои маҳаллӣ хуш меоянд", – гуфт Зоолшоев ва афзуд, "аз соли 2008 то ба ҳол дар мавзеъҳои зебои сайёҳии кӯҳистони Помир 80 меҳмонхонаи кӯчак бунёд шудааст. Меҳмонхонаҳои бо шароити олӣ дар ноҳияи Дарвоз ва шаҳри Хоруғ ҳастанд. Нахуст сайёҳони хориҷӣ аз Душанбе тавассути мошин ба инҷо омода ва сипас, мо онҳоро ба минтақаҳои таърихию фарҳангӣ, кӯлу ҷангалҳо мебарем."

Асадшоҳ Зоолшоев мегӯяд, табиати зебо, ҳавои беғубор ва фазои орому босубот боиси рушди туризм дар вилояти Бадахшон шуда ва теъдоди ҷаҳонгардони хориҷӣ дар ин минтақа ҳамасола афзоиш меёбанд. Агар дар соли гузашта танҳо аз тариқи Анҷумани сайёҳии экологӣ ва фарҳангии Помир 1200 сайёҳи хориҷӣ аз кӯҳистони Помир дидан карда бошад, ин рақам дар соли ҷорӣ ду баробар бештар шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд,ришваситонӣ дар роҳҳо, ҷавобгӯ набудани инфрасохтор, гарон будани қимати билетҳои ҳавопаймо ба Тоҷикистон ва дарёфт кардани визаи ин кишвар дар роҳи рушди туризм дар Тоҷикистон монеаҳои зиёд эҷод мекунанд.

Ризо Назарзода, муовини раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 2014 бештари мушкили сайёҳӣ дар кишвар, аз ҷумла, дарёфти соддаи раводид ҳал шудааст. Барои мисол, ба гуфтаи ӯ, аз 1 июни соли 2014 системаи электронии дарёфти виза ҷорӣ шуд ва сайёҳони хориҷӣ метавонанд бидуни рафтан ба консулгариҳои Тоҷикистон ин санадро тавассути Интернет дарёфт кунанд.

"Инчунин, тақрибан дар ҳамаи шаҳру навоҳии Тоҷикистон меҳмонхонаҳои замонавӣ ва роҳҳои иртиботӣ бунёд шудаанд," - афзуд Назарзода.

Ба қавли муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, беҳбуди шароити ҳамлу нақл ва меҳмонхонаҳо ба афзоиши теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон боис шудааст. Ӯ гуфт, "дар соли гузашта 414 ҳазор сайёҳи хориҷӣ вориди кишвар шуданд, ки нисбат ба шумори сайёҳон дар соли 2014 ду баробар бештар аст. Аз ин ҳисоб ба буҷети Тоҷикистон ба миқдори 207 миллион доллар сармоя ворид гардид."

Рӯзи 27 июни соли 2013 Идораи омӯзиш, илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид - ЮНЕСКО боғи миллии “Кӯҳистони Помир”-и Тоҷикистонро ба феҳристи Мероси табиии ҷаҳонӣ шомил карда буд.