Имрӯзҳо ба ҳар куҷое наравед, дар бораи вируси нав гап мезананд, чӣ дар бозор, чӣ дар дохили нақлиёт ва ё ҷойи кор. Мо ҳам имрӯз доир ба манъи намози дастҷамъӣ барои пешгирӣ аз коронавирус ва таъсири беқурбшавии рубли русӣ ба ҷайби муҳоҷирон гап мезанем.
Хабар доред, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз сирояти эҳтимолии вируси нав намозҳои дастҷамъиро барои муҳлати номуайян манъ карданд. Баъзеҳо ин қарорро кори дуруст номидаанд, баъзеҳо баръакс. Аз шарҳи Саиднӯъмон оғоз мекунем, ки дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст.
“Ҳамаи чораҳое, ки вазорату идораҳои Тоҷикистон барои пешгирии эпидемия меандешанд, ба манфиати мардум аст. Манъи муваққатии намози ҷамоа дар масҷидҳо ва маршировкаву дигар маросим, ки дар он шумораи зиёди одамҳо аз ноҳия ва маҳалҳо иштирок мекунанд, фақат барои ҳифзи саломатии шаҳрвандон аст", - навиштааст Саиднӯъмон.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Азбаски ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир барои маҳдуд кардани ҳуқуқи динӣ танқид мешунавад, корбаре бо номи Атохуҷа қарори манъи намозгузорӣ дар масҷидро дар вебсайти мо бо киноя тафсир карда ва гуфтааст:
“Ин коронавирус монанди ҳукумати ҷумҳурӣ ба масҷидҳо кор доштааст, тамом. Мактабу донишгоҳ, бозору ошхона ва майдонҳои варзишиву марказҳои савдо чӣ мешавад? Наход вирус фақат ба масҷид дарояд.”
Алӣ Соқиев ҳам айни назарро дар саҳифаи мо “Фейсбук” навиштааст ва хостааст, ки дигар маросимҳои оммавӣ баргузор нашаванд. “Ҳаргуна консерт, варзиш ва барномаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ, аз ҷумла иди Наврӯз манъ карда шавад, ба мақсади пешгирии сирояти коронавирус! Агар фақат масҷидҳо манъ бошад, дар инҷо идеологияи давлат дида мешавад.”
Қабл аз овардани назари каси дигаре, дар воқеъ бояд бигӯем, ки имсол ҷашни Наврӯз дар сатҳи давлатӣ сурат намегирад ва раҳпаймоиҳо ҳам дар Душанбе манъ шудаааст. Бармегардем ба “Фейсбук” ва назари Абдукаримхони Абдураҳим дар бораи манъи намози ҷамоаро мехонем.
Ӯ навиштааст: “Ин кор шояд муваққатан дуруст бошад, зеро хатари вирус дар ҳама ҷо калон аст. Дар ҷое хонда будам, ки дар давраҳои пеш вақте вабо меомад, мардум муваққатан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ намерафтанд."
Дар охири барнома навореро мебинед, ки як гуруҳ ҷавонон дар бораи коронавирус ва ҳам таъсири он ба рубл суҳбат мекунанд.
Шумо ҳам айни корро кунед, видео бигиреду ба шуморае, ки мебинед, бифристед. Аз кадом роҳе, ки осон мешуморед. Вотсап, Вайбер ва Телеграму Имо дорем. То дидор дар барномаи дигар.