Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони мунтазири ихроҷ ва бетафовутӣ ба интихобот дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи имрӯз даҳҳо муҳоҷири мунтазири ихроҷ ва ё депортатсия аз Русияро мебинем ва дар бораи бетафовутӣ ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон гап мезанем.

Ҳафтаи гузашта видеоеро ба мо аз Русия фиристоданд, ки дар яке аз боздоштгоҳҳои шаҳри Егорск бардоштаанд. Корбаре, ки видеоро фиристод мегӯяд, 74 муҳоҷири тоҷикро аз корхонаҳои гуногун дар ин шаҳр боздошт карданд, 24 нафарро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд ва бақияро дар боздоштгоҳҳо нигаҳ медоранд. Дар видео, муҳоҷирони зиёди тоҷик ва зану мард, баъзе ҳам бо ниқоб дида мешаванд, ки рӯи фарш хобанд ва ҷавоне, ки видеоро мегирад, нақл мекунад, ки ин мардум кӣ ҳаст ва чаро инҷо саргардон мондаанд.

Ӯ мегӯяд: “Ҳамаи ҳамин тоҷики бечора барои депортатсия (ихроҷ) таёрӣ дида истодааст. Бубинед ҳамааш хобанд. Инҳоро бубинед. Ваяш гушна, яке ташна, ваяш саргардон, ваяш бемакон, ваяш аз хизмат гурехтагӣ. Ҳама барои рафтан таёрӣ дида истодаанд. “

Ихроҷи муҳоҷирон ва бетафовутӣ ба интихобот дар Озодионлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:29 0:00

Радиои Озодӣ дар остонаи интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми март аз корбарон дар Инстаграм пурсид, дар бораи интихобот аз куҷо хабар ёфтаанд. Бисёре аз корбароне, ки посух додаанд, гуфтаанд, ки интихобот барои онҳо муҳим нест. Аз ҷумла назари Мунирҷон эл эн эс чунин аст: “Муҳим нест. Чунки овоздиҳии мо шаҳрвандон ягон чизеро иваз намекунад“.

Чунин бетафовутӣ корбаре бо номи Низомиддин 0202-ро зоҳиран асабонӣ кардааст, ки навиштааст: “Ҳафтод дар сад мегӯянд, лозим нест, ё муҳим нест. Магар шумо мехоҳед, то абад ғуломи рус бошед. Бас нест ин шармандагӣ, ки Равшану Ҷамшуд шудем. Мо бояд барои озодӣ талош кунем. Ҳастанд ҳизбҳои ғамхори миллат. Аз сиёсат хабардор бошед. “

Корбари дигари Инстаграм Фаррух9097 мақомотро танқид кардааст, ки корашонро дуруст анҷом намедиҳанд ва огоҳии мардумро дар бораи интихобот боло намебаранд: “Чӣ гуна интихобот аст бахудо? Ман ҳатто намедонам, номзадҳо киҳо ҳастанд, чӣ кор мекунанд. Ингуна намешавад, онҳо бояд пеш аз интихобот худро нишон бидиҳанд. Ман бовар дорам, ки мисли ман 80 дар сади аҳолӣ номзадҳои худро намешиносанд. “

Шумо номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи худро мешиносед, ё рӯзи якуми март ба интихобот меравед. Нависеду ба рақами +420 607 900 808 бифристед. Ин рақам бо Вайбер Вотсапп Телеграм ва ИМО барои видеоҳои шумо низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG