Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нисфи мардуми Тоҷикистон боз аз тағйирот ноумед шуд". Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Ин ҳафта дар саҳифаи Радиои Озодӣ ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ сӯҳбати зиёд дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлиси намояндагон буд, бахусус пас аз эълони натиҷаҳо.

Теъдоде ба ин гуфта, ки ҳизби мухолифи сотсиал-демократ ҳатто як дарсади раъйи мардумро ба даст наовард, бовар надоранд ва шарҳи зиёде дар ин бора навиштаанд.

Корбаре худро "Интихобкунанда" муаррифӣ карда, дар вебсайти Радиои Озодӣ навиштааст, "нисфи мардуми Тоҷикистон боз аз эҷоди тағйирот ноумед шуд. Ин тарзи интихоботи намоишӣ дар Русия ҳам ҳаст. Худо инсоф диҳад ба тақаллубгарон! Овози мо дуздида шуд!"

Корбаре бо номи "Душмани шайтонам" интихоботро саҳнасозӣ номида ва гуфтааст, "инро набояд интихобот мегуфтанд, балки спектакл меномиданд. Барои чӣ мо ин қадар вақти худро сарф карда, ба интихобот меравем, вақте мебинем, садои моро мисли коғазпора ба ташноб меандозанд".

Дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар "Фейсбук" ҳам баҳс дар бораи интихобот доғ аст ва корбаре бо номи Суҳроб Рустам менависад, "нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоботи Тоҷикистонро шаффоф, демократӣ ва одилона хонданд".

"Инро набояд интихобот, балки намоишнома мегуфтанд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:00 0:00


Корбари дигар бо номи Фаррух навиштааст, "баъди соати 8 шахсони масъули ҳавзаҳои интихоботӣ якҷо шуда, протоколро он тавре, ки аз марказ мегӯянд, пур карда медиҳанд. Дар протокол фоизҳо пешакӣ маълуманд. Нозирони СНГ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай шарм нокарда, интихоботро демократӣ хонданд. Аз ин ба баъд мардум зиёдтар ба Русия мекӯчанд, чун дигар дар Тоҷикистон зиндагӣ беҳтар намешавад".

Шумо ҳам назару андешаҳои худро чӣ дар бораи интихобот, ё ҳар мавзӯи доғи дигар дар ҷомеа бинависед ва ба Радиои Озодӣ бифиристед. Чӣ аз тариқи вебсайти озодӣ нуқта орг ва ё чӣ дар саҳифаҳои Радиои Озодӣ дар Фейсбук, ё Инстаграмм.

Дар наворе, ки яке аз корбарон фиристодааст, пуле дида мешавад, ки роҳи мардумро кӯтоҳ мекунад, вале ба зудӣ онро мебардоранд ва сокинони деҳаи Зарнисор дар ноҳияи Тоҷикобод маҷбур мешаванд, 25 километр роҳҳои пурпечутоби куҳиро тай карда ба маркази ноҳия бирасонанд.

Пули 50-метрӣ дар рӯдхонаи пуртуғёни Сурхоб аст. Мардуми деҳа тирамоҳ вақти ором будани дарёву кам будани обаш пулро рӯи он мекашанд ва вақти баҳор, ки сатҳи дарё баланд мешавад, онро ҷамъ мекунанд. Бо вуҷуди осон кардани кори мардум, ин пули хатарнок сабаби афтодани сокинон ба дарё ва марги як нафар шудааст.

Бо умеди сиҳативу саломатии Шумо, фиристодани хабару видеоҳои худро фаромуш накунед. Вайбер, Вотсапп ва Телеграму Имо -ро дорад. То дидор дар барномаи дигар.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG