Баъди тамом шудани ҷанг дар Украина, сарнавишти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ чӣ мешавад ва ин давлатҳо бо сиёсати дарҳои боз ба кадом самт майл хоҳанд кард? Оё Чин метавонад мавқеи худро мустаҳкам кунад ва ҷойи Русияро дар минтақа танг намояд? Расонаҳои ғарбӣ ин ҳафта дар ҳамин бора навиштанд.
Осиёи Марказӣ: сиёсати дарҳои боз дар гузашта мемонад?
Маҷаллаи амрикоии “Дипломат” дар гузорише ба вазъи кишварҳои Осиёи Марказӣ баъди ҷанги Украина пардохтааст. Аҳмад Ториқ Нурзода, муаллифи мақола, ки таҷрибаи 17 соли кор дар Вазорати корҳои хориҷии Афғонистонро дорад, пешбинӣ кардааст, ки чигуна муносибати кишварҳои ОМ бо қудратҳои ҷаҳонӣ тағйир хоҳад ёфт.
Таҷовузи Русия ба Украина ба тағйирот дар сиёсати ҷаҳонӣ ва суст шудани иқтисод оварда расонд. Дар Осиёи Марказӣ назарҳо ба Русия ҳамчун як кишвар пурнуфуз тағйир ёфт. Чунин фазо барои дигар кишварҳои минтақа, аз ҷумла Чин имкониятҳои навро боз кард То ҷанги Украина, Русия шарики асосии тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, акнун ин мавқеърро Чин соҳиб шудааст. Соли 2023 Чин дар додугирифт бо Қазоқистон ва Узбекистон аз Русия пеш гузашт.
Муаллифи мақолаи "Дипломат" ёдовар мешавад, ки дар эътирозҳои моҳи майи соли 2022 дар Қазоқистон, президент Қосимҷомарт Тоқаев барои кумак ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ муроҷиат кард. Баъди ин баъзе шореҳон навиштанд, ки “Тоқаев акнун аз Путин қарздор аст.” Аммо баъди шурӯи ҷанг дар Украина, Остона ин гуна назарҳоро рад кард ва раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, гуруҳҳои ҷудоиталаби Украинаро ба расмият намешиносад. Бетарафии Қазоқистон дар ин вақт норозигии баъзе вакилони Думаи давлатӣ ва расонаҳои наздик ба Кремлро ба миён овард. “Сарфи назар аз фишор ва танқидҳо, ба Тоқаев даст дод, ки дар умум равобити устувори Остона ва Маскавро ҳифз кунад,”-навиштааст “Дипломат.”
Узбекистон тарафдори доштани робитаи хуб бо Русия аст, вале дар айни замон талош дорад алоқаашро бо Ғарб бештар кунад. Тошканд ҷанги Украинаро ошкоро маҳкум ё тарафдорӣ накард. Иқтисоди Узбекистон аз маблағи интиқолдодаи чанд миллион муҳоҷираш аз Русия вобаста аст.
Маскав ҳеч гоҳ шарики асосии тиҷоратии Туркманистон набуд. Ишқобод аз соли 1995 дар сиёсати хориҷиаш мавқеи бетарафиро пеш гирифтааст ва ин мавқеъро дар баробари ҷанги Украина ҳам ҳифз кардааст. Чин аз хеле пеш шарики асосии иқтисодии Туркманистон ба ҳисоб меравад.
Дар қиёс ба дигар кишварҳои минтақа, аз ҳама бештар Душанбе дар бахши иқтисод ва таъмини амният вобастаи Маскав аст. Дар Тоҷикистон пойгоҳи ҳарбии Русия фаъолият мекунад. Ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон, Душанберо водор кардааст, ки равобиташро бо Маскав мустаҳкамтар кунад. Аз оғози ҷанги Украина, дар равобити Тоҷикистон ва Русия тағйири чандоне рух надодааст.
Манфиатҳои иқтисодии Ғарб дар Қирғизистон чандон зиёд нест, барои ҳамин Бишкек ба фишори зиёд рубарӯ нашуд. Ба эҳтимоли зиёд, Қирғиистон дар қиёс ба ҳамсояи худ, аз ҳама бештар ба Русия дар давр задани таҳримҳо кумак мекунад.
Муаллифи мақолаи “Дипломат” менависад, дар Осиёи Марказӣ ин тарс вуҷуд дорад, ки дар сурати ғалабаи Русия дар Украина, Маскав метавонад алайҳи онҳо низ аз ин сенария истифода кунад. Нигарониҳо бахусус дар Қазоқистон зиёд аст, чун дар ин кишвар диаспораҳои калони русҳо зиндагӣ мекунанд, қайд мекунад Нурзода.
“Хатар дар ин кишварҳо ба таври қобили мулоҳиза аз Украина зиёдтар аст. Норозигии ҷиддии мардум аз роҳбарони худкома ва ҳузури гурӯҳҳои террористиву ҷудоихоҳ аз омилҳое ҳастанд, ки нигарониҳоро дар ОМ бештар мекунад, ки агар ҷанги монанд ба Украина дар инҷо оғоз шавад, ба минтақа чӣ хоҳад шуд,”-менависад муаллифи мақолаи “Дипломат.”
Дипломати собиқ пешбинӣ мекунад, ки сиёсати хориҷии дарҳои боз дар Осиёи Марказӣ дар гузашта хоҳад монд. "Минтақаро зарур аст, ки ё ба Ғарб ва ё бо кишварҳои Шарқ, аз ҷумла Чин, Русия, Эрон ва дигар кишварҳо иттифоқчӣ шаванд. Интихоб миёни Русия ва Ғарб барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкил хоҳад буд. Аз лиҳози сиёсӣ, демократия, озодии баён ва озодии матбуот он тавре, ки дар Ғарб қабул шудааст, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷуд нест. Аз нигоҳи иқтисодӣ, бахусус дар бахши технологияҳои нав ва сармоягузорӣ кишварҳои ОМ вобастаи Ғарб ҳастанд, вале дар айни замон робитаи наздик бо Маскавро ҳифз кардаанд. Барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, ки сохторҳои иқтисодӣ ва низомии бар пояи модели Русия доранд, аз нуфузи Маскав дур шудан душвор аст. Вале мумкин аст, — хулоса мекунад муаллиф.
Чин ҷойи Русияро дар Осиёи Марказӣ ишғол мекунад?
Дар матлаби дигар маҷаллаи “Дипломат” менависад, Чин нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ бештар мекунад ва ҷойи Русияро мегирад. Муаллифи ин мақола Ракшит Шетти, таҳлилгари Институти Такшашила дар Ҳиндустон менависад, сафари ахири Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ба Қазоқистон ва ширкаташ дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, тағйирот дар сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро ба намоиш гузошт. Аҳдномаи Остона, созишномаҳо дар бахшҳои энергетика, амният, тиҷорат, молия ва бехатарии иттилоотӣ, ки дар нишасти Остона қабул шуданд, нишон дод, ки нуфузи Чин рӯ ба афзоиш ва баръакс мавқеи Русия заифтар мешавад, навиштааст ракшит Шетти.
Чин бо насби ҳар панели офтобӣ ва пойгоҳҳои барқии шамолӣ дар Осиёи Марказӣ, натанҳо минтақаро ба ҳавзаи нуфузи худ ворид мекунад, балки вобастагии ин кишварҳоро аз гази русӣ камтар мекунад. Як рӯз қабл аз сафари Си Ҷинпин ба минтақа, расонаҳои расмии Чин аз ҳамкории Пекин бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши иқтисоди сабз навиштанд. Дар гузориш омадааст, ширкати чинии Goldwind Sci & Tech Co дар семоҳаи аввали имсол дар Осиёи Марказӣ он қадар пойгоҳҳои тавлиди барқ бо шамолро насб кардааст, ки қудрати тавлиди 319 ҳазор киломат барқро доранл.
Ба бовари муаллифи мақолаи “Дипломат”, Пекин бо ҷалби Осиёи Марказӣ ба доираи нуфузи худ, мавқеи Русияро заифтар мекунад. Муаллиф ба мақолаи ахири Ша Хуа, дар маҷаллаи амрикоии Wall Street Journal ишора мекунад, дар он омадааст, ширкатҳои тавлиди нақлиёти чинии Geely ва BYD мавқеи ширкати русии Lada-ро дар Узбекистон танг кард.
Содироти Чин ба Қирғизистон соли 2023 ба 20 миллиард доллар расид. (соли 2021 ин омор 7,5 миллиард буд). Аксари маҳсулоти воридотӣ ба Русия бозсодирот (реэкспорт) карда шуданд. Додурифт бо Чин 21,3 дарсади тиҷорати хориҷии Қазоқистонро дар соли 2023 ташкил дод. Пекин дар рӯйхати шарикони тиҷоратии Остона аз Русия пеш гузашт.
Бо вуҷуди ин, муаллифи мақолаи “Дипломат” менависад, барои афзоиши нуфузи Чин дар Осиёи Марказӣ чанд монеагӣ вуҷуд дорад. Рақобат бо бозигарони дигар, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Халиҷи Форс ва ҳамчунин эҳсоси зиддичинӣ дар миёни сокинони минтақа аз ҷумлаи ин монеагиҳо дар роҳи нуфузи Чин гуфта мешавад.