“Oshi palav” мероси фарҳангии UNESCO эътироф шуд. ВИДЕО, АКС

Дар ҷаласаи ахири кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии UNESCO оши палави мардуми Тоҷикистону Ӯзбакистон ҳам ба ин феҳраст ворид карда шуд.

Дар хабари муассисаи илму фарҳангу маорифи СММ аз рӯзи 2 декабр гуфта мешавад, ки бо қарори кумитаи байнидавлатӣ дар ҷаласаи Аддис Абебаи кишвари Эфиопия, дар қатори 12 номгӯи дигар, оши палав ("Oshi palav") ҳам мақоми хоси худро касб кард.

Ба фарқ аз Душанбе Тошканд оши палавро на фақат ҳамчун ғизои миллии мардуми узбак, балки ба ҳайси "падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ" ба ин рӯйхат фиристода буд.

Дар шарҳи тасмими эътирофи оши палав ба ҳайси мероси фарҳангӣ, гуфта мешавад, ки ин ғизои миллии мардуми Тоҷикистон буда, “Шоҳи дастурхон” эътироф шуда 200 навъу намуд дорад. Ин ғизо тавони “дар сари як табоқ ба ҳам овардани мардумони мухталиф ва шахсони дорои дидгоҳҳои гуногунро дорад” ва дар ҷашнҳои шодиву ғам ва маросимҳои мухталиф таҳия мешавад.

Бино ба як пажӯҳиши донишмандони Академияи илмҳо, дар Тоҷикистон то 300 навъи оши палав мавҷуд аст, аммо соли гузашта дар санадҳо барои ЮНЕСКО ҳамчун намуна даҳ навъи ош, аз ҷумла, "оши гӯшти мурғ", "палави токӣ", "оши девзира" ва "оши як ба як" пешниҳод шудааст. Ба фарқ аз Душанбе Тошканд оши палавро нафақат ҳамчун ғизои миллии мардуми узбак, балки ба ҳайси "падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ" ба ин рӯйхат фиристодааст.

Дар Тоҷикистон солҳои охир сабқату ҷашнҳои оши палави беҳтарин дар шаҳрҳои калонтарини кишвар баргузор мешавад. Ин видео аз сабқати оши шаҳри Хуҷанд рӯзи 5 октябр бардошта шудааст, ки дар ҷараёни он дар 40 дег аз ҳазор кило биринҷ навъҳои мухталифи оши палав таҳия шуд:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Суғд соҳиби "ошхӯри беҳтарин" шуд

Аз ин пеш рӯзи 30 ноябр ҳамин кумитаи ҷашни Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард. Дар ҷаласаи ин созмон дар шаҳри Аддис Абеба, пойтахти Эфиопия, ки аз 28 ноябр то 3 декабр идома меёбад, намояндагони созмон гуфтанд, Наврӯз ҷашни бостонии мардуми шарқ “таҳаммул, ҳамбастагӣ ва сулҳ”-ро ривоҷ медиҳад ва сазовор аст, ки ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид карда шавад. Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.

Ҷашнвораи "Оши палав" дар Хатлон. Августи соли 2015:

Ҷашнвораи "Оши палав" дар Хатлон (14 АКС)