Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии оши палави тоҷикӣ дар Боку


Tajikistan -- Palav festival in Dushanbe city, 22Aug2015
Tajikistan -- Palav festival in Dushanbe city, 22Aug2015

Дар маркази фарҳангии «Серин»-и шаҳри Боку ҷашнвораи дуввуми байнулмилалии оши палав баргузор шуд. Ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон, дар ин ҷашнвора, ки бо ибтикори Анҷумани миллии таббохони Озарбойҷон ва Маркази миллии таббохии ин кишвар доир гардид, намояндагони 12 кишвар ва марказҳои фарҳангӣ ҳунари худро намоиш доданд.

Бино ба хабари сафорати Тоҷикистон дар Боку, ки рӯзи 14 декабр нашр шуд, чун дар ҷашнвора таомҳои аз биринҷ таҳияшуда ширкат доштанд, ошпазҳои тоҷик рӯзи дастархони тоҷикӣ ба ҷуз оши палав, ҳамчунин шавла, ширбиринҷ, мастоба, биринҷоба ва дигар таомҳоро гузошта буданд.

Тамошобинон дар гӯшаи Тоҷикистон бо гулдӯзӣ, либосҳои манотиқи гуногуни Тоҷикистон ва асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ҳам ошно шуданд, гуфта шудааст дар хабари сафорат.

Ҳунари ошпазҳои тоҷик бо ифтихорнома ва медали Анҷумани миллии таббохон ва Маркази миллии таббохии Озарбойҷон қадр карда шуд.

XS
SM
MD
LG