Блогнависи машҳури тоҷик Азамат Муҳаммадҷонов (Az-kaban motors), ки доир ба мошинҳо менависад, бо нашри видеое ба мардум шеваи беҳтар кардани сифати бензинро намоиш додааст.
Азамат Муҳаммадҷонов дар ин видео мегӯяд, ки сифати бензин дар Тоҷикистон чандон хуб нест ва мошинҳоро вайрон мекунад. Азамат дар ин видео бензинро оташ мезанад ва нишон медиҳад, ки дар таркиби он обу омехтаҳои равғанҳое ҳаст, ки метавонанд, мотори мошинро вайрон кунанд.
Азамат ба бензини навъи АИ-92 андаке “толуол”, як моеъи оташгиранда ва дигар омехтаҳои спиртиро ҳамроҳ мекунад ва сипас мошинро ба ҳаракат медарорад. Ҳаракат бо бензини маъмулӣ ва бензини омехта бо таркибҳои кимиёвӣ нишон медиҳад, ки бензини дуввум имкон медиҳад, мошин аз 20 то 30 дар сад зудтар суръат мегирад ва кашиши беҳтар ҳам дорад.
“Таҷрибаи ман собит кард, ки маводи сӯхте, ки дар нуқтаҳои бензинфурӯшӣ дар Душанбе маводи сӯхти пастсифат мефурӯшанд. Баъди истифодаи чунин бензин бархе аз қисмҳои муҳаррики мошин баъд аз муддате аз кор мемонанд. Ҳамзамон масрафи маводи сӯхт афзоиш меёбад”, - гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ муаллифи навор.
Баъди истифодаи чунин бензин бархе аз қисмҳои муҳаррики мошин баъд аз муддате аз кор мемонанд. Ҳамзамон масрафи маводи сӯхт афзоиш меёбад.
Азамат Муҳаммадҷонов гуфт, ки маводи сӯхт бо ҳамон сифати паст, ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешавад ва дар баъзе аз нуқтаҳои бензинфурӯшӣ кормандони беинсоф бо бензин ҳиллаҳои дигаре анҷом медиҳанд, то даромади муфт бигиранд.
Аз ҷумла бензинро метасфонанд, то ҳаҷмаш зиёд шавад ва ё ба он доруҳое меандозанд, ки таркиби бензини камарзишро навъи баланд нишон бидиҳанд.
Мирзошариф Самиев, мутахассиси озмоишгоҳи маводи сӯхти Агентии “Тоҷикстандарт” вуҷуди чунин мушкилотро радд мекунад. Вай мегӯяд, ки солҳои ахир сифати маводи сӯхтии воридотӣ ба Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза беҳбуд ёфтааст ва вуҷуди омехтаҳои кимиёӣ дар таркиби бензин аз меъёр зиёд нест.
“Баъд аз он ки дар моҳи январи соли 2014 мо муқаррароти нави сифати маводи сӯхти мошинҳоро қабул кардем, сифати сӯзишвории воридотӣ беҳтар шуд. Нозирони мо соле як маротиба дар ҳамаи нуқтаҳои фурӯш санҷишҳои нақшавӣ анҷом медиҳанд ва ҳамзамон санҷишҳои ғайринавбатӣ низ сурат мегиранд. Вуҷуди аз як то ду дар сад таркибҳои кимиёвӣ дар бензин тибқи меъёр дониста мешавад” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.
Ба гуфтаи Мирзошариф Самиев, дар 11 моҳи имсол “Тоҷикстандарт” беш аз 430 ҳазор тонна маводи сӯхти воридотиро санҷида, танҳо 364 тонна сӯзишвории номутобиқ ба меъёрро ошкор кард.
Дар ҳамин ҳол худи ронандаҳо мегӯянд, ки бо бензини пастсифат бештар рӯбарӯ мешаванд. Ба гуфтаи Атовуллоҳ Файзуллоев, як ронандаи собиқадор, бо чунин ҳолат чанд рӯз қабл дучор шудаааст.
Вай гуфт, ки баъд аз чанд рӯзи хариди бензини АИ-92 водор шудааст, ки мошинашро ба назди усто бубарад. Ҳарчанд мошинаш соли 2013 сохта шуда, то андозае нав ҳисобида мешавад, баъзе аз қисмҳои муҳаррикаш аз таъсири омехтаҳои кимиёвӣ аз кор мондаанд.
Атовуллоҳ дар муқоиса бо Азамат, ки донишҳои хуби кимиёвро дорад, мушкили худро аз роҳи дигар ҳал мекунад. Вай бензинҳои навъи АИ-92 ва АИ-95 мехарад, ва дар баки бензин омезиш медиҳад. Хароҷоти ин кор зиёдтар аст, вале боз ҳам роҳи ҳалли мушкил нест.
“Газпромнефт-Тоҷикистон”, “Тоҷик Петролиум”, “Аурум Спика” аз ширкатҳои асосии воридкунандаи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон ҳастанд. То чанд моҳи пеш “Умед-88” низ аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба ҳисоб мерафт, аммо баъди боздошти раҳбаронаш ҳоло кор намекунад.