Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафт


Дар Душанбе арзиши гази моеъ, ки 60 дарсади мошинҳои сабукрав аз он истифода мекунанд дар ҳафтаи равон аз 3,40 сомонӣ ба 4 сомонӣ расидааст.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ниҳоди назораткунандаи нархи бозор мегӯянд, нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ гази моеъ аз ҳама зиёд талабот дорад ва маҳз бо ин сабаб он дар кишвар камчин шудааст.

Дар ҳафтаи равон қиммати гази моеъ дар Тоҷикистон аз 3,4 то ба 4 сомонӣ расид. Гази моеъ нисбат ба бензин ва солярка арзонтар буд ва ронандагони қишри миёнҳол низ бештар аз ин маҳсулот истифода мекунанд.

Ронандагон ва бахусус ронандагони мусофирбарҳо дар шаҳри Душанбе ва канораҳои атрофи он мегӯянд, баланд шудани нархи гази моеъ кори онҳоро зарарнок кардааст ва маҷбуранд, ки нархи онро баланд баранд.

Тибқи ҳисобҳо ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд.

Сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз он маҳсулоте мебошад, ки тағйирот дар нархи он ба зиндагии мардум таъсири бевосита дорад. Баланд шудани нархи сӯзишворӣ дар гузашта ба баланд шудани роҳкиро ва ҳамин тавр маҳсулоти бозор мерасонад.

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Қаблан масъулини Оҷонси зиддиинҳисорӣ гуфтанд, соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад ва боқимондаи он аз Русия, Туркманисон ва Қирғизистон оварда мешавад.

XS
SM
MD
LG