“Одноклассники” 10-сола шуд

Ҳар рӯз 51 миллион нафар, аз ҷумла беш аз 600 ҳазор корбари тоҷик ба шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” сар мезананд ва то 180 миллион маротиба тугмаи "класс"-ро зер мекунанд.

“Одноклассники” – пуртарафдортарин шабакаи иҷтимоӣ дар паҳнои Шӯравии собиқ, бо шумули Тоҷикистон рӯзи 26 март расман 10-солагиашро таҷлил мекунад. Дар моҳи марти соли 2006 “Одноклассники” нахустин шабакаи иҷтимоӣ дар ҳавзаи русии Интернет шуд ва то имрӯз мақоми аввал дар Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравиро ҳифз кардааст.

Дар ҳоли ҳозир ҳар рӯз 51 миллион нафар дастикам як маротиба ба ин шабакаи иҷтимоии марбут ба гурӯҳи “Мail.ru” сар мезананд. Бино ба шумориши масъулони “Одноклассники”, ҳар рӯз дар ин шабака 8,3 миллион акси ҷадид гузошта мешавад ва корбаронаш дар рӯз то 180 миллион маротиба тугмаи “Класс” – рамзи асосии “Одноклассники”-ро зер мекунанд. Корбарон ҳар рӯз дар “Одноклассники” 300 миллион матлаб мегузоранд ва то 300 миллион видео тамошо мекунанд. Ба фарқ аз шабакаҳои дигаре, чун “Фейсбук”, корбарон дар “Одноклассники” метавонанд бидуни хориҷ шудан видеоҳои дар “Ютуб” нашршударо тамошо кунанд.

“Одноклассники”, ки бар асоси тарҳи муқаддамотии муассисаш Алберт Попков, бояд ҳамсабақҳои даврони мактабиро ҷамъ меовард, батадриҷ ба як шабакаи бузурги хеле фаротар аз марзи танҳо ҳамсинфону ҳаммактабон табдил ёфт. Ин шабака феълан аз лиҳози теъдоди истифодакунандагон дар байни сомонаҳои интернетии дунё дар мақоми 55 ва дар паҳнои пасошӯравӣ дар мақоми 7-ум будааст.

Антон Федчин, раҳбари тарҳи “Одноклассники” дар паёме ба муносибати 10-солагии шабака гуфт, “мо ба рушди видео эътиқод кардем ва хато накардем. Мо ҳоло дар бозори видео яке аз пешсафҳоем. Дар 10 соли оянда ҳам, ваъда медиҳам, ки мо на як бору дубор шуморо ба ҳайрат хоҳем овард.”

“Одноклассники” ҳамин тавр, дар Тоҷикистон низ шабакаи иҷтимоии рақами як боқӣ мемонад. Бо вуҷуди эҷоди маҳдудиятҳо дар роҳи дастрасӣ ба ин шабака, аз ҷумла барои чандин моҳ масдуд шудани дастрасӣ ба “Одноклассники” дар ду соли ахир, шумори корбарони тоҷикаш ҳамвора меафзояд ва ҷамъи онҳое, ки дар “Одноклассники” саҳифаи худро кушодаанд, дар Тоҷикистон беш аз 3,6 миллион нафар баровард мешавад. Аз ин шумор беш аз 600 ҳазораш корбарони фаъоланд, ки ҳар рӯз ё рӯздармиён ҳатман ба “Одноклассники” медароянд.

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари GIPI - Фонди ҷамъиятии ташаббуси шахрвандӣ ва сиёсати интернет дар Тоҷикистон рӯзи 25 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як далели асосии нисбат ба шабакаҳои дигар маъруфтар шудани “Одноклассники” дар Тоҷикистон, албатта, забони русист, ки назар ба забони англисии “Фейсбук” ё “Твиттер” барои корбарони тоҷик фаҳмотар аст:

Муҳаммадӣ Ибодуллоев

Муҳаммадӣ Ибодуллоев афзуд: “”Одноклассники” аввалан ба ҳуруфи кириллӣ ва ба забони барои аксари тоҷикистониҳо фаҳмои русӣ буд. Ибтидо бисёриҳо аз тариқи он мехостанд ҳамсабақони аз Тоҷикистон рафтаашонро ёбанд. Баъдтар муҳоҷирони тоҷик низ ба “Одноклассники” часпиданд ва ин теъдоди муштариёни онро дар Тоҷикистон бештар кард, чунки мардум бо наздикони муҳоҷири худ аз тариқи ин шабака тамос мегирифтанд, аксу видео мефиристоданд. Имкони бидуни тарки шабака тамошо кардани видеоҳои “Ютуб” низ, албатта, ба афзоиши шумори корбарони “Одноклассники” мусоидат кард.”

Бар илова, “Одноклассники” дар соли 2013 бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши шумори муштариёни тоҷикаш забони тоҷикиро низ дар барномаҳои худ илова кард ва ҳоло корбарони тоҷики ин шабака метавонанд дар дохили “Одноклассники” ба тоҷикӣ раҳнамоӣ бигиранд.

Ҳоло дар шаҳри Душанбе ҳатто як интернет-кафе “Одноклассники” ном дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Қаҳвахонаи “Одноклассники"

Дар маҳофили Тоҷикистон боваре ҳаст, ки дар шабакаҳои иҷтимоии ғарбӣ, назири “Фейсбук”-у “Твиттер” бештар қишри босавод ва дар шабакаҳои русӣ, аз ҷумла дар “Одноклассники” ва “ВКонтакте” асосан онҳое, ки андешаҳои ба истилоҳ “оммиёна” доранд, ҷамъ шудаанд. Аммо аксар инро ҳам эътироф мекунанд, ки корбарони “Одноклассники” нисбат ба шабакаҳои дигар фаъолтар низ ба назар мерасанд.

Дар ин шабака дар ҳоли ҳозир, 2984 гурӯҳи марбут ба Тоҷикистон амал мекунад, ки бархеаш то 200 000 пайрав доранд. Пайравони саҳифаи бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар “Одноклассники” низ ба 106 217 нафар расидааст. Барои муқоиса, саҳифаи муштараки тоҷикиву русии Радиои Озодӣ дар “Фейсбук” назар ба “Одноклассники” 5 маротиба камтар аст.

Ҳамагӣ 10 сол пеш шабакаҳои иҷтимоиро ҳамчун минбари ҷиддӣ чандон ба назар намегирифтанд. Вале баъди ба даҳҳову садҳо миллион ва дар мисоли “Фейсбук” ҳатто ба 1 миллиард нафар расидани шумори корбаронашон, шабакаҳои иҷтимоӣ дар меҳвари таваҷҷӯҳи гурӯҳҳои мухталиф қарор гирифтаанд. Расонаҳои хабарӣ дар ин шабакаҳо хонанда, ҳизбҳои сиёсӣ - тарафдор ва ширкатҳои тиҷорӣ харидори бештар меҷӯянд.

Вале ҳамин тавр, гурӯҳҳои тундрав низ аз минбари шабакаҳои иҷтимоӣ барои таблиғи ақидаҳои худ ва ҷалби аъзо сӯиистифода мекунанд. Муҳаммадӣ Ибодуллоев мегӯяд: “Ин як амри табиист. Чун таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд шуд, гурӯҳҳои тундгаро низ ба ин минбар рӯ оварданд. Ин буд, ҳаст ва мемонад.”

Масъала, ба ақидаи ӯву коршиносони дигари масоили Интернет, дар шеваи муқобилаи давлатҳо ба чунин падидаҳост. Агар дар кишварҳои ғарбӣ мушаххасан тундравҳои фаъол дар Интернетро таъқиб кунанд, дар кишварҳое, чун Тоҷикистон, маъмулан дастрасӣ ба ин шабакаҳоро пурра ё қисман мебанданд. Дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки як бахши аъзами ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияву Ироқ маҳз аз тариқи шабакаҳое, чун “Одноклассники” ба доми фиреби гурӯҳҳои тундрав афтодаанд.

Аз ҷумла моҳи феврали соли равон дар ноҳияи Ёвон 14 ҷавони маҳаллиро барои он дастгир карданд, ки онҳо дар “Одноклассники” зери видеоҳову аксҳои ифротӣ “класс” гузоштаанд. Аз Русия низ дар бораи боздошту маҳкум шудани чандин ҷавони тоҷик барои “класс” мондан дар зери матлабҳои машкук гузоришҳо ба даст расидаанд.

Асомуддин Атоев

Аммо Асомуддин Атоев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои интернетрасони Тоҷикистон масдуд кардани дастрасӣ ба сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоии Интернет илоҷи кор нест: «Бо бастан кор буд намешавад. Баръакс меваи мамнӯъ ширинтар ба назар менамояд ва таваҷҷӯҳро бештар ба худ ҷалб мекунад. Мақомоти тоҷик бояд аз шеваҳои дигари муқобила бо таблиғоти тундгароён кор бигиранд. Худашон бояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолтар шаванд ва маҳсулоти иттилоотии алтернативиро ба корбарони тоҷик пешниҳод кунанд. Дар чунин сурат, мардум ба саҳифаҳои гурӯҳҳои ифротӣ ҳатто шояд дигар надароянд.”

Муҳаммадӣ Ибодуллоев ва Асомуддин Атоев аз таҷрибаи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мисол оварданд, ки дар “Одноклассники” барои тамос бо муҳоҷирони корӣ аз ин ноҳия, ки дар Русия кор мекунанд, як гурӯҳи вижа сохтааст. Аз тариқи ин саҳифа ҳукумати ноҳия аз сокинон низ ҷиҳати беҳтар кардани кораш низ пешниҳодҳо мегирад. Сокинон ҳамин тавр, метавонанд аз тариқи “Одноклассники” шикоятҳои худро ба мақомот бирасонанд. Ин ду коршинос мегӯянд, оянда хоҳ-нохоҳ ҳамин аст, вале чунин намунаҳо дар Тоҷикистон ҳанӯз ангуштшуморанд.