Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 сол ҳабси сокини Кӯлоб барои ҷалби ҷавонон ба ДОИШ


Як сокини ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба 6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Додгоҳи шаҳри Кӯлоб ахиран Сорбон Абдуллоев, як сокини ҷамоати Даҳанаи ноҳияи Кӯлобро ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва ширкат дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ, ба мудати шаш сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Ҳукми додгоҳ дар нисбати Сорбон Абдуллоев авохири моҳи гузашта содир шудааст. Дар мурофии додгоҳӣ додситон аз додрас хоста буд, ки ӯро 12 сол аз озодӣ маҳрум кунад.

Сорбон Абдуллоеви 25-соларо мақомоти амниятӣ аввалҳои моҳи августи соли гузашта барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ва қасди сафар ба Сурия айбдор шуморида, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд.

Раҷаб Раҳмоналиев, вакили дифои Сорбон Абдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо дархости волидони ин ҷавон, ба додгоҳи минтақаи Кӯлоб аз болои ин ҳукм, шикояти кассатсионӣ бурдаанд.

Яке аз наздикони Сорубон Абдуллоев ҳам чоршанбеи 24 январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нисбати ин ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят бурдаанд ва қарор, ки имрӯз дар додгоҳи минтақаи Кӯлоб баррасӣ шавад.

Вай гуфт, «ӯро шаш сол аз озодӣ маҳрум карданд. Аз болои ин ҳукм мо шикояти кассатсионӣ навштем. Ва бояд имрӯз ин шикояти мо дида шавад. Мурофиа моҳи декабри соли 2015 сар шуда буд, додситон аз суд талаб кард, ки 12 сол аз озодӣ маҳрум кунад, аммо судя Мирзозода 6 сол аз озодӣ маҳрум кард.»

Маҳкум шудани ин сокини Кӯлоб ба иттиҳоми ҷалби ҷавонон ба "Давлати исломӣ" дар ҳолест, ки рӯзи сешанбеи 23-юми январ додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт се занро, ки қасди сафар ба Сурия доштанд ва дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуданд, маҳкум ба зиндон кардааст. Ва қарор аст, ки имрӯз, 24-уми феврал додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳукмаш дар нисбати як зани дигаррро, ки ба Сурия рафта ва аз онҷо пас оварда шудааст, эълон кунад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз кишвар дар маҷмӯъ ҳудуди 1000 нафар ба Сурияву Ироқ рафта, ба сафи гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайваста, то имрӯз 148 шаҳрванди тоҷик дар он ду кишвари арабӣ кушта шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон ба ин боваранд, ки аксари онҳо ҳангоми муҳоҷират дар Русия ва ё тавассути таблиғоти гурӯҳҳои ҷангҷӯ дар шабакаҳои иҷтимоие, ба мисли "Одноклассники" барои ба ном "ҷиҳод" ба Ховари Миёна ҷалб шудаанд.

XS
SM
MD
LG