Ҷонибек Дадоматов, муовини сардори раёсати назоратии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, мегӯяд, ҳамагуна сомонаҳое, ки иттилои марбут ба гурӯҳҳои мамнӯъро интишор ва паҳн мекунанд, баста хоҳанд шуд. Дадоматов дар ин бора рӯзи 17 ноябр дар ҳамоише дар Душанбе изҳори назар кард ва гуфт, ингуна сомонаҳо асосан бо қарори Додгоҳи олӣ баста мешаванд ва онҳо фақат барои ёдоварӣ ба ширкатҳои мухобиротӣ дар ин бора номаи расмӣ мефиристанду бас.
Моҳи июли соли ҷорӣ Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон феҳристи 80 сомонаи дар кишвар мамнуъшударо нашр кард, ки ин рӯйхат аксаран шомили сомонаҳои марбут ба ҷунбишу ҳаракатҳое мебошад, ки дар Тоҷикистон ҳамчун созмону гурӯҳҳои террористӣ эълон шудаанд. Дар ин рӯйхат аз ҷумла чандин сомонаи марбут ба Ҳизби Таҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон, гурӯҳи "Ихвонулмуслминин", ҷараёни Салафия, гурӯҳи "Давлати исломӣ", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", Таҳрики Толибони Покистон, Ҳаракати Толибони Афғонистон, "Ҷабҳат-ан-Нусра" ва дигар гурӯҳҳои тундгаро дохил мебошанд. Торнамои радиои Zello низ, ки марбут ба “Гурӯҳи 24” дониста мешавад, низ дар ин феҳрист дида мешавад.
Вале Ҷонибек Дадоматов ба суоли бархе аз иштирокдорони ҳамоиш дар ин бора ки чаро торнамоҳои хабарии фаъолияташон дар Тоҷикистон расмӣ низ баста шудаанд? посухи дақиқ надод.
Ӯ танҳо гуфт, "вақте созмонҳо бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ ва террористӣ эълон шудаанд, пас, дар ин маврид даъвои фишор болои озодии баён асос надорад. Ҳамагуна торнамоҳое, ки хабари созмонҳои мамнӯъро нашру паҳн мекунанд ва ё ба онҳо минбар медиҳанд, баста хоҳанд шуд."
Муовини сардори раёсати назоратии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар идома дар посух ба саволи иштирокдорони ҳамоиш пиромуни ин ки онҳо аз рӯи кадом меъёр торнамоҳои "хатарнок" ё "безарар"-ро ҷудо мекунанд, гуфт, "ниҳодҳои дахлдор, мисли Додгоҳи олӣ ва дигар сохтори ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар доираи салоҳиятҳои худ муайян мекунанд, ки кадоме аз матолиби торнамоҳо ба амнияти иттилоотии кишвар хатар доранд, ё безараранд."
Ҷонибек Дадоматов афзуд, азбаски баъзе аз ширкатҳои мухобиротии кишвар сомонаҳои созмонҳои мамнӯъро набастаанд, онҳо маҷбур мешаванд, дар ин бора номаи расмӣ ирсол кунанд. Ӯ гуфт, дар ҳоли ҳозир имкони техникии онҳо барои бастани як саҳифаи махсуси торнамо, на шакли пураи сайт, кофӣ нест ва дар сурати дастрасӣ ба чунин фанновариҳои нав ӯ изҳори бовар кард, ки ҳоҷат ба бастани пурраи сайтҳо намемонад. "Балки танҳо саҳифаҳои махсуси онҳо даснорас хоҳанд шуд," -- афзуд ӯ.
Ин корманди масъули Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, дар иртибот ба ин мавзӯъ аз ҳамкорияшон бо шабакаи “Одноклассники” ёдоварӣ кард, ки ба қавли ӯ дар сурати ироаи дархост раҳбарияти шабака саҳифаҳои махсусро ҳазф мекунанд.
Ин гуфтугузор ҳолест, ки рӯзи 16 ноябр ширкати аврупоии TeliaSonera бо нашри баёнияи расмӣ иқрор кард, ки онҳоро барои дастнорас кардани баъзе аз торнамоҳо маҷбур мекунанд. Аз ҷумла, ба қавли масъулони ин ширкат рӯзи 2 ноябри соли ҷорӣ ба онҳо амр шудааст, ки торнамоҳои ВКонтакте, Фейсбук ва Одноклассникиро барои муддати номуайян бибанданд.
Инчунин, рӯзи 16 ноябр Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи мубориза бо терроризмро барои баррасии ниҳоӣ ба кумитаҳои парлумон фиристод, ки яке аз иловаҳояш ба ниҳодҳои масъули мубориза бо терроризми Тоҷикистон ҳаққи қонунӣ медиҳад, то дар манотиқе, ки амалиёти зиддитеррористӣ доир мекунанд, дастрасӣ ба Интернету шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефони мобилро муваққат қатъ кунанд. Аз чунин шева дар ҷараёни чанд амалиёти ахири нерӯҳои давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҷараёни амалиёти алайҳи гурӯҳи Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ ва Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, дар водии Рашт (солҳои 2010-2011) ва дар амалиёти Хоруғ (соли 2012) истифода шуда буд.
Дар рӯзҳои амалиёти зидди гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит дар сентябри соли ҷорӣ низ ирсоли паёмакҳо аз тариқи телефонҳои мобил муваққатан манъ шуд ва дар он рӯзҳо дастрасӣ ба чандин сомонаи хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ба сомонаи Озодӣ, Ютуб ва Фейсбук маҳдуд шуда буд.
Мақомоти расмӣ, аз ҷумла Хадамоти алоқа – масъули танзими бозори Интернет ва телефонҳои мобили Тоҷикистон – маъмулан даст доштани худ дар бастани дастрасӣ ба сомонаҳоро, ки дар матбуот “сайтбандон” ном гирифтааст, рад мекарданд. Аммо ин шеваи бархӯрди мақомот ба интиқодҳои пайвастаи созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии баён рӯбарӯ мешуд.