Скот Нюман дар таҳлиле, ки NPR, Радиои миллии Амрико нашр кардааст, менависад, тасарруфи Қрим аз сӯи Русия ташвишу изтироби кишварҳои пасошӯравиеро, ки низ аҳолии русзабон доранд, дучанд мекунад. Тарҷумаи ин таҳлиро дар зер бихонед.
Вақте Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хабари ҳамроҳ кардани Қрим ба ҳайати кишварашро эълон мекард, возеҳ гуфт, ки ба хотири ҳузури мардуми зиёди русзабон дар ҷумҳурии мухтори Украина ин кор ногузир ва ҳатмӣ буд. Путин аз ин пеш гуфт, ки сарбозони Русия дар Қрим барои он ҷойгир карда шуданд, ки “шароити амнеро” фароҳам кунанд, то аксарияти русзабонон тавонанд, дар бораи сарнавишти худ тасмим бигиранд. Аксарияти аҳолии Қрим русзабон ҳастанд ва 17 дар сади ҷамъияти Украинаро ташкил медиҳанд.
Айни вазъро дар теъдоде аз кишварҳои шӯравии собиқ ҳам мебинед, ки дар онҳо, дар баробари мардуми бумӣ теъдоди зиёди русҳо зиндагӣ мекунанд. Раҳбарони шӯравии собиқ русҳоро ба хотири тағйир додани таркиби қавмӣ ва аз ҳамин роҳ монеъ шудан ба ҳар гуна ҷудоихоҳӣ, ба он кишварҳо фиристода буд.
Дигар ин ки Русия бо баҳонаи ҳимоят аз ҳуқуқи русзабонон, таҷрибаи мудохила ба умури кишварҳои дигарро дорад ва намунаи ахири он Осетияи Ҷанубӣ аст, ки соли 2008 артиши Русия барои “ҳимояти шаҳрвандонаш” он минтақаро баъди ҷанги кӯтоҳе, аз Гурҷистон ҷудо кард. Аз ин сабаб коре, ки Русия бо Қрим кард, кишварҳои шӯравии собиқро ба изтироб андохтааст.
Дар марзҳои Иттиҳодияи Аврупо
Дар ҳамсоягии Иттиҳодияи Аврупо, Украинаву Белорус ва Молдова ҷойгир шудаанд, ки ҳар се теъдоди зиёди шаҳрвандони русзабон доранд.
Ҳашт дар сади аҳолии Ҷумҳурии Беларус, ки бо Русия “рафиқи наздик” аст, русҳо ҳастанд. Дигар ин ки Минск ҳамроҳ бо Қазоқистон бо раҳбарии Русия ба паймони таъсиси Иттиҳодияи Авруосиё имзо карданд. Ба гуфтаи рӯзномаи “Гордиан”, Путин умедвор аст, ин иттиҳодия ба созмони “тавоно ва иттиҳоди чандмиллиятӣ бо кишварҳои мустақил” мисли Иттиҳодияи Аврупо мешавад.
Аҳолии русзабони Молдова 6 дар сади ҷамъияти он кишварро ташкил медиҳанд ва дар Трансднестр, як минтақаи худмухторе зиндагӣ мекунанд, ки саъй дорад, аз Молдова ҷудо шавад. Ба навиштаи “Интернешнл Бизнес Таймс”, шабоҳати ин минтақа бо Қрим комилан аён аст. Ҳудуди 2 ҳазор сарбозони рус барои ҳифзи созиши оташбас миёни ҷудоихоҳони рус ва ҳукумати Молдова дар онҷо мустақар шудаанд.
Приднестровйе на бо Русия, балки бо Украина ҳамсарҳад аст, вале мақомоти Ҷумҳурии Молдова, ба изтироб афтодаанд. Бар изофаи ин, баъди сар задани бӯҳрон дар Қрим, порлумони Трансднестр аз Маскав хост, ки ба мардуми минтақа шаҳрвандии Русияро дода ва онро ба ҳайати кишвар ҳамроҳ кунад.
Кишварҳои баҳри Балтик
Дар Латвия ва Эстония ҳам теъдоди зиёди русзабонон зиндагӣ мекунанд. Бисту ҳафт дар сад ва ё 2 миллион нафар аз аҳолии Латвия ва чаҳоряки аҳолии 1 миллион 300 ҳазор нафарии Эстония русҳо ҳастанд. Бар тибқи гузориши нашрияи “Телеграф”, русҳо замоне ба Латвия муҳоҷират карданд, ки сиёсати шӯравӣ ба онҳо имкон медод, мақомҳои раҳбариро ба осонӣ бигиранд. Вале баъди суқути шӯравӣ вазъ тағйир ёфт, “забони русӣ мақоми давлатиро аз даст дод ва ба ҷойи он забони мардуми бумӣ расмӣ шуд ва ҳоло Латвия ҳамроҳ бо Литва ва Эстония аз аъзои нав ва содиқи НАТО ҳастанд”.
Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерс”, Латвия ва бахусус Эстония аз баҳонаи Владимир Путин барои ҳифзи ҳуқуқи русҳо ва мудохилаи он дар дохилу атрофи Украина бисёр мушавваш шудаанд. Хабаргузорӣ мегӯяд, ҳарчанд ҳар се кишвари соҳили Балтик, ба НАТО пайвастаанд ва Литва ҳам бояд соли оянда ба ҳавзаи кишварҳои евро бипайвандад, ҳар сеи онҳо дар таъмини газу нафт ба Русия пойбанд ҳастанд ва бо он ҳамкории зич доранд.
Рӯзномаи Телеграф мегӯяд, “ҳафтаи гузашта баъди онки нерӯҳои русиягаро, Қримро иҳота карданд, сафири Русия дар Латвия бо як баёния, изтиробро бештар кард, зеро гуфт, Маскав қасд дорад, “барои эмин нигаҳ доштани русҳо аз камбизоатӣ”, ба русҳо дар Латвия шаҳрвандӣ ва нафақа бидиҳад.”
Осиёи Марказӣ
Қазоқистон, ки тақрибан сеяки аҳолиаш русҳо ҳастанд, яке аз шарикони калидии Маскав аст. БИ БИ СИ дар ин бора менависад, ки Қазоқистон “шарики стротегии Русия аст ва ду кишвар муназзам размоишҳои муштарак баргузор мекунанд.” Ҳарду равобити тиҷоратии наздик доранд, ва барои таъсиси як бозори муштарак саъйу кӯшиш мекунанд. БИ БИ СИ муносибати ду кишварро ба равобити наздики Амрикову Бритониё монанд карда, вале мегӯяд, иқдомоти низомии Русия дар Қрим, қазоқҳоро ба изтироб андохт, ки мумкин аст, сенарияи Украина дар Қазоқистон ҳам амалӣ шавад. Ба навиштаи “Вашингтон Пост”, нисфи аҳолии вилояти шимолии Қустанай русҳо ҳастанд ва бахусус дар шарқи кишвар қазоқҳо нисбат ба рустаборон камтаранд. Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, ки мавзеъгирии Русия дар баробари Қримро “дарк мекунад”, ки ин баёнияро бисёр эҳтиёткорона хондаанд.
Дар Қирғизистон 12 дар сади аҳолӣ русҳо ҳастанд ва раиси ҷумҳураш Русиягаро аст. Вале кишвар то ҳол дар ҳамкорӣ бо Русия ва кишварҳои ғарбӣ сиёсати мутавозинро пеш гирифта, ҳам пойгоҳи Русия ва ҳам пойгоҳи Амрикоро мизбонӣ мекунад. "Транзишн Онлайн" менависад, ҳарду пойгоҳ бештар аз 10 сол аст, ки дар Қирғизистон аст, вале пойгоҳи Амрико бояд моҳи июл баста шавад. Ба навиштаи “Транзишн Онлайн”, аксари қирғизҳо замони қабули қарор дар бораи бастани пойгоҳи Амрико дар соли 2011 аз он ҳимоят карданд, аммо ҳоло таҷовузи Русия ба Қрим боиси нигаронӣ дар Қирғизистон шуда ва назари баъзееҳо дар бораи бастани пойгоҳи Амрико дар кишварашонро тағйир додааст.
Тоҷикистон ҳарчанд аҳолии зиёди русзабон надорад, аммо пойгоҳи низомии Русияро бо ҳафт ҳазор сарбозаш мизбонӣ мекунад. Дар ҷанҷоли ду кишвар дар бораи ду халабони рус, ки барои ғайриқонунӣ ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон дастгир шуданд, рӯзномаи Коммерсанти Русия навишта буд, ки Маскав барои раҳо кардани шаҳрвандонаш абзори зиёде дорад, ки истифода кунад ва аз ин сабаб, “дивизияи 201-умро нарасидааст.” Дигар инки Русия кишвари аслии муҳоҷирпазири Тоҷикистон аст ва ҳар вақт ки хостааст, муҳоҷирони беҳуқуқро ба ҳайси абзори фишор ба ҳукумат истифода кардааст.
Дар Қафқоз
Ҳарчанд дар Қафқоз русҳо зиёд нестанд, вале ин минтақа аз дасти Русия ранҷи зиёд кашидааст. Маскав дар муноқишаи хунини тӯлоние ҷудоихоҳони Чеченистонро саркӯб кард ва Осетияи Ҷанубиро баъди ҷанги кӯтоҳи соли 2008 аз Гурҷистон ҷудо кард ва ҳамчун кишвари мустақил ба расмият шинохт. Абхозистони ҷудоихоҳро низ ҳамчунин.
Дар Озарбойҷон ҳам иқдомоти Русия дар Қрим сабаби асабонияти ҳукумати он кишвар шуд. Аваз Ҳасанов, мудири Пажӯҳишгоҳи масоили иҷтимоии Озарбойҷон ба рӯзномаи Москов Таймс гуфтааст: “Маълум нест, баъди ҳамроҳ кардани Қрим ба Русия бо тоторҳо дар онҷо чӣ хоҳад шуд? Мо мухолифи раъйпурсӣ дар Қрим нестем, аммо мухолифи шеваи баргузор кардани он ҳастем. Дар ҳузури низоми Русия шитобкорона баргузор кардани раъйпурсӣ кори дурусте нест. “
Скотт Нюман, NPR