Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дума паймони Русияву Қримро тасвиб кард


Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии порлумони Русия имрӯз дар як нишасти изтирорӣ паймони Русия бо мақомоти дастнишондаи вилояти Қрими Украинаро тасвиб кард.

Бар асоси ин паймон, ки рӯзи 18 март аз сӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва мақомоти рӯ ба Маскави вилояти Қрим ва шаҳри Севастопол имзо шуд, Қрим ва Севастопол бояд ба ҳайси ду субъекти нав ба қаламрави Русия ҳамроҳ карда шаванд.

Ҳукумати Украина ва кишварҳои ғарбӣ ин иқдоми Маскавро “ишғолгарӣ” номида, рад мекунанд. Интизор меравад, дабири кулли СММ Бан Ки Мун рӯзи 20 март дар Маскав бобо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кунад. Дабири кулли СММ қабл аз дидор бо Путин бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров низ мулоқот кардааст. Бан Ки Мун баъди Маскав рӯзи ҷумъа ба Киев хоҳад рафт. Сафари ӯ бахше аз талошҳои байналмилалӣ ҷиҳати одӣ сохтани танишҳоест, ки дар пайи тасарруфи Қрим аз сӯи Русия бархостаанд.

Русия рӯзи чоршанбе ба додани шиносномаҳои шаҳрвандиаш ба сокинони Қрим шурӯъ кард ва гуфт, онҳо дигар шаҳрванди Русияанд.

Украина дар ҳамин ҳол нақшааш ҷиҳати хуруҷи сарбозону афсаронаш аз вилояти Қрим эълон кардааст. Ин тасмим дар пайи ҳамлаҳо ба ду пойгоҳи низомии Украина дар Қрим, аз ҷумла ситоди нирӯҳои баҳриаш дар Севастопол, ки рӯзи чоршанбе рух доданд, эълон шуд.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Украина Арсений Ятсенюк гуфт, Киев дар амри ҷорӣ кардани низоми раводид бо Русия “шитоб” нахоҳад кард., Рӯзи 19 март Шӯрои миллии амният ва дифои Украина ба вазорати хориҷаи ин кишвар дастур дод, то барои ҷорӣ кардани низоми раводид (виза) бо Русия омода шавад.

Дар чунин шароит дар Аврупо ба имзои паймони ҳамгироии Украина бо Иттиҳодияи Аврупо (ИА) омодагӣ мегиранд. Имзои бахши сиёсии ин паймон, ки қарор аст, аз сӯи сарвазири Украина Арсений Ятсенюк ва раҳбарони ИА рӯзи 21 март дар Брюссел сурат бигирад, як навъ аломати пуштибонии маънавии Аврупо аз Украина дар рӯёрӯияш бо Русия талаққӣ мешавад.

Ғарб торафт бо лаҳни тундтаре аз рафтори Русия дар Украина, бахусус аз “ҳамроҳ” кардани Қрим ба қаламраваш интиқод мекунад.

Ангела Меркел
Ангела Меркел
Садри аъзами Олмон Ангела Меркел рӯзи 20 март дар порлумон гуфт, раҳбарони ИА бояд дар нишасте ки 20 март шурӯъ мешавад, аз омодагии худ ба роҳандозии тадобири муҷозоткунанда алайҳи Русия, бо шумули таҳримоти иқтисодӣ, аломат диҳанд. Хонум Меркел гуфт, ИА метавонад дар сурати “бадтар” шудани вазъ дар Украина, марҳалаи севуми тадбирҳо”-яшро ба роҳ андозад. Ӯ афзуд, танишҳои кунунӣ бо Маскав ба маъноест, ки гурӯҳи G8 дар шакли кунуниаш дигар амалан вуҷуд дошта наметавонад.

Нишасти дурӯзаи ИА шоми 20 март дар Брюссел оғоз мешавад. Мавзӯъи асосии ин нишаст посух ба ишғоли Қрим аз сӯи Русия аст. Интизор меравад, нишасти Брюссел нишасти сарони Русияву ИА, ки мебоист моҳи июн баргузор шавад, лағв кунад ва ба рӯйхати сиёҳи мансабдорони таҳримшудаи Русия афроди наверо илова кунад.

ИА рӯзи 17 март дар посух ба рафтори Русия дар Қрим алайҳи 21 нафар, бо шумули 13 мансабдори Русия ва 8 мақоми рӯ ба Русияи Қрим таҳрим ҷорӣ кард, ки масдуд кардани ҳисобҳои бонкии онҳо ва манъи ироаи раводиди сафар ба ин афродро дар бар мегирад. Ҳамон рӯз Амрико низ алайҳи 7 мансабдори Русия ва 4 нафар аз Украина, бо шумули раҳбари барканоршудаи он кишвар Виктор Янукович, таҳримот ҷорӣ кард.

Янукович, ки моҳи ноябр аз имзои паймони ҳамгироӣ бо ИА ба хотири қаробати бештар бо Маскав даст кашид, рӯзи 22 феврал баъди се моҳи эътирозҳо тавассути порлумон барканор крада шуд. Ба дунбол, гурӯҳҳои силоҳбадаст, ки бовар меравад, нирӯҳои Русия бошанд, назорати чандин таъсисоти муҳим дар Қрим, бо шумули фурудгоҳҳо ва биноҳои ҳукумат ва порлумони ин вилоят ва ҳам пойгоҳҳои низомии Украина дар ин нимҷазираро иҳота карданд. Ҳокимони дастнишондаи Қрим, ки аз тарафи Маскав пуштибонӣ мешаванд, рӯзи 16 март райъпурсие доир карданд, ки ба ҳисоби ин мақомот, дар он 96,8 дарсад аз пайвастани Қрим ба Русия ҳимоят кардаанд.

Дар Русия мегӯянд, ки ин назархоҳӣ тибқи қонунҳои байналмилалӣ анҷом шудааст. Аммо дар Ғарб бар ин назаранд, ки тибқи Қонуни асосии Украина, як минтақа наметавонад ба сари худ ҷудо шавад, балки масъалаи тағйири қаламрави ин кишвар бояд танҳо дар райъпурсии саросарӣ бо пурсидани назари тамоми сокинони Украина ҳал шавад.

Дар Ғарб рафтори Русияро ба ишғолгариҳои асри 19 монанд мекунанд ва мегӯянд, ишғоли бахше аз як кишвари дигар ва ҳамроҳ кардани он ба хоки худ дар асри 21 қобили қабул нест.
XS
SM
MD
LG