Ба Русия "ҳамроҳ" кардани Қрими Украина дар Тоҷикистон низ бисёриҳоро ба ин андеша водор кардааст, ки оё барои ин кишвар чӣ беҳтар аст: ҳифзи истиқлол ё низ пайвастан ба Русия?
Назари мардум ба ин мавзӯъ хеле фарқ мекунад. Гурӯҳе бар инанд, ки мардум дар сурати пайвастан ба Русия метавонад ба адолати бештар умед бандад ва Маскав ҳатман ҷилави ҳокимони худкомаеро, ки давлатро ба манбаи ҷамъоварии сарвати худу наздиконашон табдил додаанд, хоҳад гирифт.
Далели дигари ин гурӯҳ то 1,5 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст, ки дар Русия заҳмат мекашанд. Тавре як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт: "Агар ба Русия бипайвандем, аҳволи муҳоҷирон бояд беҳтар шавад. Шояд дигар онҳоро азоб надиҳанд дар Русия." Далели дигаре ки тарафдорони иттиҳод ваё ҳатто пайвастани Тоҷикистон ба Русия меоранд, ин аст, ки давлатҳо дар танҳоӣ ба кундӣ пеш мераванд ва дар иттиҳод бо қудрати бузурге, чун Русия, Тоҷикистон имконоти бештаре барои пешрафт ба даст хоҳад овард.
Аммо тарафдорони ҳифзи истиқлоли Тоҷикистон, ки шуморашон назар ба тарафдорони Русия бештар ба назар мерасад, мӯътақиданд, ки "ҳар давлат бояд худаш пеш биравад ва Русия ҳақ надорад дар умури Тоҷикистон дахолат ваё қаламрави ин кишвари мустақилро бо ягон баҳона мисли Қрим тасарруф кунад."
Як ҳамсӯҳбати мо дар Душанбе гуфт, ки худи ӯ дар солҳои аввал тарафдори эҳёи СССР буд ва ҳасраташро мехӯрд, "вале ҳоло дигар - на! Мо маззаи истиқлолро нав кам-кам фаҳмида истодаем. Ва торафт боварии мо ба истиқлоли Тоҷикистон бояд бештар шавад, на камтар." Албатта, мегӯянд ин мардум, давлат ҳам бояд талошҳое кунад, бахусус дар бахши таъмини рафоҳи мардум ва пешрафту шукуфоии кишвар, "то мардуми оддӣ аз мустақилияти Тоҷикистон дилсард нашавад ва ба ёди хубиҳои даврони Шӯравӣ ва ба фикри зери чатри Русия ё ҳар қудрати дигар бурдани Тоҷикистон нашавад."
Аммо хулосаи як ҳамсӯҳбати солдидаи мо дар пойтахти Тоҷикистон хеле ҷолиб буд. Ин мард ки беш аз нисфи умраш дар замони СССР гузаштааст, ба хабарнигори Озодӣ гуфт: "Мо худамон мустақил шудем. Боз гашта биравему онҷо гарданамонро каҷ карда истем пеши касе?"
Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991, 20 рӯз баъд аз нокомии талоши табаддулоти давлатӣ аз тарафи гурӯҳи мавсум ба ГКЧП, ки ҳифзи Иттиҳоди Шӯравиро ҳадафи асосии худ мегуфтанд, эълони истиқлол кард. Аммо ҳамагӣ ним сол пеш аз он, дар раъйпурсии саросарии рӯзи 17 марти соли 1991 қариб 97 дарсади аҳолии Тоҷикистон ба тарафдорӣ аз ҳифзи Иттиҳоди Шӯравӣ овоз дода буд.
Назари чанде аз сокини Душанберо аз ин навори видеоии хабарнигори Озодӣ дар Душанбе тамошо кунед: