Суғд дар пешорӯи як лимити шадиди барқ

Интиқоли нерӯи барқ тавассути хатти баландшиддати “Ҷануб-Шимол” ба вилояти Суғд аз 17 ноябр барои дастикам як ҳафта қатъ мешавад.
Намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” дар Хуҷанд тавассути телевизионҳои маҳаллӣ эълон кард, ки аз рӯзи якшанбеи 17-уми ноябр интиқоли нерӯи барқ тавассути хатти баландшиддати “Ҷануб-Шимол” ба вилояти Суғд бинобар зарурати анҷоми корҳои таъмиру тармим муваққатан қатъ ва ба ин далел дар шимоли Тоҷикистон меъёри шадиди барқрасонӣ ҷорӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” дар Хуҷанд, таъмиру тармими пояҳои оҳании рақами 287-уми шабакаи баландшиддати барқи “Ҷануб - Шимол” дар канори ноҳияи Шаҳристон аз сӯи мутахассисони ин ширкат ва ширкати чиноии “ТВЕА” дар давоми як ҳафта анҷом хоҳад шуд. Ба гуфтаи ин манбаъ, ҳафтаи оянда вилояти Суғд танҳо бо нерӯи барқи тавлиди НОБ-и Қайроқум ва қисман бо барқе, ки аз Қирғизистон хоҳад гирифт, таъмин хоҳад шуд. Аз ин рӯ, ба манзилҳои сокинон интиқоли нерӯи барқ тибқи “нақшаи шабакаҳои барқи вилоят” интиқол дода хоҳад шуд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин лимит дар шабонарӯз чанд соатро дар бар мегирад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тармими “Ҷануб-Шимол” лимити барқро дар Суғд шадидтар мекунад



Вале он ки намояндагии ширкати “Барқи тоҷик” аз ҳоло аз сокинон дархост дорад дар он рӯзҳо “аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд”, ҳокист, ки ҳафтаи оянда минтақаи шимолии Тоҷикистон бо норасоии шадиди барқ рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Бархе мутахассисони соҳаи барқ мегӯянд, шояд ба манзилҳои сокинони деҳот умуман барқ дода нашавад.

Мӯъмин Тошматов, сардори намояндагии “Барқи тоҷик” дар вилояти Суғд аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ кард ва гуфт, ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани “хабарҳои ҳархела” аз ҳукумати Суғд ба вай чунин дастур додаанд. Ба ин тартиб, саволи муҳиме, ки оё рӯзҳои таъмиру тармими шабакаи “Ҷануб – Шимол” сокинон чанд соат дар хонаҳояшон барқ хоҳанд дошт ё умуман бархе манзилҳо пурра бебарқ гузошта хоҳад шуд?, аз сӯи масъулон бепосух мондааст.

Шабакаи барқи баландшиддати 500 киловолтаи “Ҷануб – Шимол”-ро дар поёни соли 2009 бо тӯли 325 километр аз ноҳияи Турсунзода то Хуҷанд ширкати чиноии ТВЕА бунёд карда буд. Бо фаъол шудани ин хат дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ таъсис ёфт. Барои бунёди ин хати барқ 281 миллион доллар, ки 267 миллионаш қарзи Чин аст, сарф шудааст.

Вилояти Суғд тавассути ин хат дар шабонарӯз ҳудуди 7 миллион киловатт/соат нерӯи барқи нирӯгоҳи Норакро дарёфт мекард. Дар муддати камтар аз 4 сол таъмирталаб шудани ин хатти барқ, ки барои бунёди ҳар километраш беш аз 850 ҳазор доллар харҷ шудааст, сарусадоҳоеро дар байни мардум эҷод кардааст.

Як коршиноси масоили энергетикӣ, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, шояд сабаби чунин зуд таъмирталаб шудани қисмате аз ин хатти барқ бесифат бунёд шуданаш бошад. Вай афзуд, дар қисмати ин хатти барқ дар Шаҳристон бо чашми оддӣ ҳам дидан мумкин, ки симҳои интиқоли барқ ба замин хеле наздик овезонанд, ки ин ҳатто ба стандарти замони шӯравӣ рост намеояд.

Қатъи муваққатии интиқоли нерӯи барқ тавассти хатти барқи баландшиддати “Ҷануб – Шимол” дар ҳолест, ки аз поёни моҳи октябр ба ин сӯ ба манзилҳои сокинони дигар манотиқи Суғд, ба ҷуз шаҳрҳои Хуҷанду Чкалов ва Қайроқум, ки бо барқи нисбатан доимӣ таъминанд, тибқи меъёри зимистонӣ ва танҳо субҳу шом 4-5 соатӣ нерӯи барқ дода мешавад.

То кунун вилояти Суғд қисмати умдаи нерӯи барқи мавриди ниёзашро тавассути хатти баландшиддати “Ҷануб-Шимол” дарёфт мекард.