Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лимити барқ сар шуд


Сар аз имрӯз, 26-уми октябр, дар манотиқи рустоии Тоҷикистон лимити барқрасонӣ ҷорӣ шуд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, суханӯи ширкати «Барқи тоҷик» рӯзи 26-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ, далели ҷори кардани маҳдудияти барқ дар кишварро ба сардии ҳаво ва пастшавии сатҳи дарёи Вахш рабт дод.

Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, интиқоли барқ аз соати 23:00 то 5-и субҳ дар ҳама манотиқи кишвар қатъ мешавад. Ба гуфтаи ин масъули "Барқи тоҷик", дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкалов лимит ҷорӣ нахоҳад шуд. Оқои Ёдгорӣ афзуд, ки маҳдудияти барқ имсол назар ба соли гузашта 19 рӯз дертар шурӯъ шуд ва он низ қисман мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ширкати "Барқи тоҷик" чанд рӯз қабл аз тасмим барои ҷорӣ кардани лимити нирӯи барқ ба аҳолӣ дар фасли зимистон хабар дод ва аз мардум хост, то барқро сарфа кунанд. "Барқи тоҷик" гуфта буд, ки ин амр вобаста ба вазъияти мавҷуд гирифта хоҳад шуд ва қабл аз ҷорӣ шудани лимит, мардум як ҳафта пеш огоҳ мешаванд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳудуди даҳ рӯз пеш ин масъули "Барқи тоҷик" гуфта буд, ки дар ҳоли ҳозир бо таваҷҷуҳ ба мусоид будани обу ҳаво ва захираҳои обиву энергетикӣ ва фаъолияти нерӯгоҳҳои барқӣ-обии "Сангтӯда -1 ва 2 ва ҳамин тавр фаъол шудани Маркази нави гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе, мавзуи ҷорӣ кардани лимит дар миён нест.

Ҷорӣ кардани лимити барқ дар ҳолест, ки ҳарорати ҳаво имрӯз тағйир кард ва резиши борон дар шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар ба мушоҳида расид. Қаблан Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон аз сард шудани ҳарорати ҳаво хабар дода буд ва таъкид карда буд, ки сардии ҳаво аз аввали моҳи ноябр оғоз хоҳад шуд.

Зимнан, 60 дар сади захоири оби минтақаи Осиёи Марказӣ ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд, ки то кунун аз 527 миллиард киловат соат нерӯи барқ танҳо дар ҳудуди 5 дарсади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Ҳамасола Тоҷикистон дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба камбуди нируи барқ рӯбарӯ мешавад ва мутахассисон онро дар ҳудуди 5 миллиард киловат соат тахмин мезананд.
XS
SM
MD
LG