Кореяи Шимолӣ: Озмоиши мушаки нав муваффақиятомез буд

Озмоиши мушаки баллистикӣ дар моҳи май

Кореяи Шимолӣ иддао кард, ки озмоиши як мушаки нави баллистикиро анҷом дод ва ин мушак тавони расидан ба ҳар нуқтаи дилхоҳ дар саросари сайёраро дорад. Телевизиони давлатии Кореяи Шимолӣ гузориш дод, ки рӯзи 4 июл мушаки наверо мавриди санҷиш қарор дод, ки тавони убури 2800 километр масофаро дошта дар фосилаи 39 дақиқа ба ҳадаф мерасад.

Наттоқи телевизиони KRT-и Кореяи Шимолӣ озмоиши мушакиро муваффақиятомез қаламдод кард:

“Бар асоси як тасмими стратегии раҳбар Ким Йон Ун, донишмандону мутахассисони фаннии Академияи улуми дифоии Кореяи Шимолӣ озмоиши муваффақиятомези мушаки байниқоравии баллистикиро анҷом доданд. Ин мушак бо тавони парвоз дар масофаи 2802 км дар масофаи 933 км партоб шуд”.

Бовар кардан душвор аст, ки Кореяи Ҷанубиву Япония ин ҳамаро дурудароз таҳаммул кунанд

Коршиносони таслеҳотии ғарбӣ мегӯянд, ки ин озмоиши муваффақтарини мушакии Кореяи Шимолӣ мебошад. Онҳо ин силоҳро ҳамчун мушаки миёнапарвози хеле қавӣ сифат додаанд, ки тавони расидан то Аляскаро ҳам дорад.

Озмоиши охирини мушакии Кореяи Шимолӣ як талоши навбатии ин кишвар барои пешбурди системаи интиқоли силоҳи ҳастаӣ мебошад ва метавонад ба ҳар ҷое дар қаламрави ИМА фуруд ояд.

Низомиёни Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ки ин силоҳ дар масофаи 930 км партоб шуда дар баҳри Ҷопонӣ дар қаламрави наздик ба як минтақаи вижаи иқтисодии ин кишвар фуруд омад. Ҳукумати Япония тасдиқ кард, ки мушак пеш аз расидан ба замин вориди атмосфера шуд.

Девид Райт, як мутахассиси мушакшиноси амрикоӣ гуфт, ки дар сурати дуруст будани гузоришҳои пахшшуда дар бораи масофаи партобшудаи силоҳ ва ҳам макони фуруд омаданаш, пас он як масофаи хеле баланду тӯлониро тай кардааст. Дар сурати ҳаракати дурусти мушак, он тавони тай кардани 6700 км масофаро дорад ва воқеан ҳам метавонад то Аляска бирасад.

Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, ки дар ин озмоиш мушаки миёпарвоз, на байниқитъавии баллистикӣ санҷида шудааст.

30 июн, Вашингтон. Президентони ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ

Президенти ИМА Доналд Трамп дар вокунишаш тавассути шабакаи иҷтимоии Twitter гуфт, “бовар кардан душвор аст, ки Кореяи Ҷанубиву Япония ин ҳамаро дурудароз таҳаммул кунанд”. Трамп аз муттафиқи азими Пхенян – Пекин даъват кард, ки “зидди Кореяи Шимолӣ иқдом карда ин ҳамаро яку якбора хотима диҳаад”.

Япония бо он чи ки “нақзи ошкорои қатъномаҳои СММ” номид, шадидан мухолифат кард. Синдзо Абе, нахуствазири Япония дар нишасти матбуотие дар Токио рӯзи 4 июл гуфт:

“Япония ба хотири афзоиши фишори байналмилалӣ болои Кореяи Шимолӣ ва ҳамроҳ бо ИМА ва Кореяи Ҷанубӣ кор мекунад. Ман ичунин ба президенти Чин Сӣ Ҷинпин ва президент Путин телефонӣ сӯҳбат карда аз онҳо ҳам дархост мекунам, ки нақши боризтаре иҷро кунанд”.

Вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ ин озмоиши мушакиро ҳамчун як амали таҳрикомези хилоф бо қатъномаҳои Шӯрои амнияти СММ маҳкум ва ба халъи силоҳи ҳастаӣ шудани Кореяи Шимолӣ даъват кард.

Мушак аз пойгоҳи ҳавоии шимолуғарби пойтахти Кореяи Шимолӣ – шаҳри Пхенян партоб шуд. Дар оғози моҳи июн ин кишвар чандин озмоиши мушакӣ анҷом дод ва ин навбат ин партоби мушакӣ дар остонаи нишасти кишварҳои узви Гурӯҳи 20-гона, ки дар Ҳамбург баргузор мешавад, анҷом шуд. Дар нишаст дар баробари коршарикони ғарбӣ, инчунин Кореяи Ҷанубӣ ва Япония иштирок хоҳанд кард.

Чанд рӯз пеш аз ин дар Вашингон мулоқоти президентони Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА баргузор шуд ва дар ҷараёни он Мун Ҷеин ва Доналд Трамп розӣ шуданд, ки дар масоили Кореяи Шимолӣ ва халъи силоҳ шудани ин кишвар як дари музокиротро боз нигоҳ медоранд.

Озмоиши навбатии мушакӣ дар остонаи таҷлил аз рӯзи истиқлолияти Амрико анҷом шуд. Дар гузашта низ Кореяи Шимолӣ дар остонаи идҳои давлатии амрикоӣ чунин озмоишҳоро анҷом додааст.

Пхенян давоми солиёни зиёд дар андешаи эҷоди силоҳи ҳастаӣ аст, ки тавони расидан то ИМА-ро дошта бошад.