Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян аз озмоиши мушаки навбатӣ хабар дод


Одамон дар Кореияи Ҷанубӣ партоби мушаки навбатии Пхенянро тамошо мекунанд. 14 майи соли 2017
Одамон дар Кореияи Ҷанубӣ партоби мушаки навбатии Пхенянро тамошо мекунанд. 14 майи соли 2017

Куриёи Шимолӣ боз як мушакро осмоиш кард ва Вашингтонро ҳушдор дод, ки ин мушак тавони парвоз то ИМА-ро дорад.

Хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ гуфт, ки ҳадафи озмоиши ахир санҷиши мушакҳо бо партоби бузургтарин кулоҳакҳои ҳастаӣ буд. "Озмоишро худи президенти Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин раҳбарӣ мекард", - афзудааст манбаъ. Пештар Ким Чен Ин Иёлоти Муттаҳидаро ҳушдор дода буд, ки набояд тавонмандии низомии Пхенянро нодида бигирад.

Озмоиши ахири Пхенян, ки 14 май сурат гирифт, вокуниши ҷомеаи ҷаҳониро ба бор оварда, Иттиҳоди Аврупо ва НАТО партоби мушаки мазкурро таҳдид ба "сулҳу амнияти байналмилалӣ номиданд". Русия ва ИМА роҷеъ ба ташаннуҷи авзоъ дар ҷазираи Куриё ибрози нигаронӣ карданд.

Бино ба маълумоти хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ, мушаки ахири Пхенян дар баландии 2112 километр беш аз 787 километр парвоз кардааст. Қаблан дар ин бора мақомоти расмии Куриёи Ҷанубӣ ва Ҷопон иттилоъ дода буданд. Мушак дар баҳри Ҷопон, миёни ҷазираи Куриё, Ҷопон ва Шарқи дури Русия сарозер шудааст.

XS
SM
MD
LG