Мун Чжэ Ин, раиси ҷумҳури нави Куриёи Ҷанубӣ, аз ҳамтои русаш Владимир Путин хоста, ки дар ҳалли танишҳо бо Куриёи Шимолӣ нақши созандаро ифо кунад. Ӯ рӯзи ҷумъа дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, дарёфти роҳи ҳал барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди ҳастаии Куриёи Шимолӣ метавонад, ҳамкории миёни Маскаву Сеулро беҳбуд бахшад. Кремл нашри эъломия гуфт, Русия рӯи аҳамияти роҳи ҳалли дипломатӣ барои танишҳо таъкид дорад. Танишҳо замоне шиддат гирифтанд, ки Куриёи Шимолӣ аз озмоишҳои ҳастаии худ хабар дод ва Ғарб онро сарпечии ошкор аз қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид номид. Президенти нави Кореяи Ҷанубӣ Мун Чжэ Ини 64-сола оғози ҳафтаи ҷорӣ дар нахустин паёмаш ҳамчун раҳбари давлат гуфт, ки фавран ба ҳалли буҳрони амниятӣ дар ҷазираи Куриё машғул хоҳад шуд.