Бештари занҳои хонашин дар Тоҷикистон ба хотири гузоштани саҳм дар будҷаи оила, ба иловаи рӯбучину пухтупаз ва нигоҳубини кӯдакон, кор мекунанд. Баъзе аз онҳо давраҳои махсуси бозомӯзиро гузашта, дар манзили худ хадамоти ороишӣ фароҳам кардаанд, бархе барои дигарон ғизо омода мекунанд ва иддае дигар либос медӯзанд.
- Ин ҳама корро онҳо дар миёни вазифаҳои дигари рӯзгордорӣ, тамиз кардани хона ва тарбияи фарзандони худ анҷом медиҳанд.
Мутаассифона, дар баъзе аз қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон тасаввуроте вуҷуд дорад, ки зани коргар зани хуб нест.Зулайхо Усмонова
Лолита Холматова, сокини 27-солаи шаҳри Душанбе, ду маълумоти олӣ ва ду кӯдаки хурдсол дорад. Вай хонашин аст, аммо ҳар рӯз барои таҳияи садҳо дона тушбера фармоиш мегирад.
“Қаблан ҳамроҳи хушдоманам барои дигарон аз маҳорати таҳияи ғизои миллӣ дарс мегуфтем. Боре тушбераи пӯхтаамон монд ва шогирдон онро хӯрданд. Ба онҳо маъқул шуд ва фармоишҳо барои таҳияи тушбера пайи ҳам омаданд”, - нақл кард ӯ рӯзи 24-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Гузориши видеоӣ бо забони русӣ:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар як рӯз Лолита ва хушдоманаш то 1,5 ҳазор дона тушбера омода мекунанд. Барои ин кор то чаҳор соат вақт сарф шуда, ҳар 140 дона тушбера ба қимати 50 сомонӣ ба фурӯш меравад. “Маблағи ба дастомада барои харидани маводи зарурии оила сарф мешавад”, - гуфт Лолита Холматова.
Сокини дигари пойтахт Комила Раҳматова дар хона бекор нишаста натавонист. Вай оро додани абрӯи бонувонро омӯхт ва якуним сол боз дар манзили худ машғули ин ҳунар аст.
Комила дар як рӯз абрӯи чаҳор духтарро оро медиҳад ва барои ҳар яке аз онҳо то ду соат вақти худро сарф мекунад. Ҳамсӯҳбати мо ҳоло интизори фарзанди дувум аст ва новобаста аз ҳомилагӣ шуғли худро идома медиҳад.
Бархе аз занҳои тоҷик пулкоркунӣ тавассути Интернетро омӯхта, мағозаҳои онлайнӣ боз мекунанд ё машғули идораи сомонаҳои иҷтимоӣ мешаванд. Ҳамчунин, матни муштариёнро таҳрир мекунанд.
Баъзе аз мардони тоҷик мегӯянд, ин кор ба занҳои хонашин имкон медиҳад, ки ҳам пул ба даст биоранд ва ҳамзамон вазифаи аслии худ рӯзгордориро фаромӯш накунанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон соли 2010 ҳисоб кардааст, ки тақрибан 48 дар сади аҳолии коршоям дар иқтисоди кишвар саҳме надоранд ва беш аз 50 дар сади онҳо зан ҳастанд. Он замон дар кишвар беш аз 1,1 миллион зани хонашин вуҷуд доштанд, ки синнашон аз 25 то 54-сола буд.
Пайдо кардани омори ҷадид то замони нашри ин матлаб ғайриимкон буд. Вале то ҳол бештаре аз занҳои тоҷик дар шароити бекорӣ ва тибқи тасаввуроти “зан оташдони хонадон” амал карда, дар ҳеҷ ҷое кор намекунанд.
Пажӯҳишгари масоили ҷинсӣ Зулайхо Усмонова мегӯяд, дар асл бекории занҳо мушкили ҷиддии иҷтимоист. Ба гуфтаи ӯ, зимни истихдоми занҳо ба коре ё гирифтани донишҳои касбӣ ноадолатӣ вуҷуд дорад ва ба мардҳо бештар авлавият дода мешавад.
“Мутаассифона, дар баъзе аз қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон тасаввуроте вуҷуд дорад, ки зани коргар зани хуб нест. Афсӯс, ки ин намунаи тафаккури маъмулӣ шудааст”, - гуфт Усмонова.
Дар ҷомеаи Тоҷикистон занҳо маъмулан хонашин ҳастанд ва асосан тарбияи фарзандону кори хона бар дӯши онҳост. Аммо муҳоҷирати мардон ба Русия ва нокофӣ будани пули онҳо барои таъмини хонавода занони зиёдро водор кардааст, ки дар бораи ивази нақши зани “хонашин” фикр кунанд.
Ҳоло тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистонро асосан занон пеш мебаранд. Онҳо ба таъмири мошин машғуланд ва ҷое муҳофиз ҳам кор мекунанд.