Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагии сериалӣ. Аз "Ҳарими Султон" то "Бозии тоҷу тахт"


Тамошои сериал ё силсилафилмҳои хориҷӣ барои бисёре аз хонаводаҳои Тоҷикистон ба як бахши муҳими зиндагӣ табдил шудааст. Равоншиносони тоҷик мегӯянд, дар бештари маврид сокинон, бахусус бонувони тоҷик, орзуҳои амалинашудаи худро дар ин сериалҳо меҷӯянд.

  • Ҷавонон талош мекунанд мисли қаҳрамонони сериалҳо либос пӯшанд ва занҳои орому сокити тоҷик бо тақлид ба қаҳрамонҳои дӯстдоштаи худ дар хонаводаҳо ҳақталабӣ мекунанд.

Соати пахши сериалҳои хориҷӣ кӯчаҳо ва ҳавлиҳои назди биноҳои баландошёна, ки макони "тафреҳ"-и занони хонашин аст, якбора беодам мешавад. Баъдан занҳо ба кӯча мебароянд, то бахши навбатии сериалро бо ҳам баррасӣ кунанд ва ба рафтори қаҳрамонон баҳо диҳанд.

Ба қавли коршиносон, яке аз сабабҳои маҳбубияти сериалҳои хориҷӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон, ба камбуди филмҳои сохти "Тоҷикфилм" марбут аст.

Баъзе мардҳо аз ин норозианд, ки сериалҳо таваҷҷуҳи занҳоро аз ҳамсарон дур мекунад ва ба таълиму тарбияи кӯдакон таъсир мегузорад. Баъзе мунаққидони сахтгир ин гуна намоишҳои телевизиониро таҳоҷуми фарҳанги бегона мешуморанд.

Санавбар соатҳо сериал мебинад

Санавбар Ҳалимова, сокини 35-солаи пойтахти Тоҷикистон, яке аз мухлисони ашаддии сериалҳои хориҷӣ аст. Ӯ панҷ соли охир вақти холии худро ба тамошои сериалҳои туркиву ҳиндӣ мегузаронад. Ин бонуи тоҷик мегӯяд, сериалҳоро барои он дӯст медорад, ки воқеӣ ва хеле самимона навобардорӣ мешаванд.

Ба унвони мисол, Ҳалимова гуфт, орзуҳое, ки аз ҷавонӣ дар дил мепарварид ва дар зиндагиаш ба онҳо ноил нашуд, дар иҷрои ҳунармандони ҳиндиву туркӣ дида, худро дар он муҳит эҳсос мекунад ва шод мешавад.

Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Бароям ин нукта хеле муҳим аст ва ба ин далел вақти худро барои тамошои сериалҳо дареғ намедорам. Аз ин сериалҳо барои танзими зиндагиам сабақ мебардорам, якҷо бо қаҳрамонҳо гиря мекунам ва аз хушҳолиашон шодӣ мекунам", - афзуд ин сокини Душанбе.

Санавбар Сулаймонова мегӯяд, ҳар рӯз то 4 соат вақташро ба тамошои сериалҳо сарф мекунад -- нахуст аз шабакаҳои Русия сериали "Универ" ва "Саша Таня"-ро тамошо мекунад, сипас, дар хона таҷҳизоти моҳвораӣ дорад ва аз шабакаи телевизионии GEM TV сериалҳои туркиву бразилягӣ тамошо мекунад.

Мегӯяд, ки филми "Султон Сулаймон"-ро соли дувум аст, ки тамошо мекунад ва агар ба тамошои ин филм фурсат наёфт, фиттаҳои онро харидорӣ менамояд.

"Дуруст аст, ки вақти зиёдро ба тамошои ин филм сарф мекунам, вале аз дидани он ҳаловат мебарам ва ба дунёи рангину зебои зиндагии қаҳрамонони ин филм ғӯта мезанам. Шавҳару наздиконам ин эҳсосоти маро дарк мекунанд ва талош мекунанд, монеъ нашаванд", - гуфт Санавбар Сулаймонова.

Ба қавли Санавбар Ҳалимова, аз ин филмҳо ӯ ҳам таҳияи ғизову ҳам рӯзгордории муосирро меомӯзад, зеро на дар хонавода ва на дар мактаб барояш чунин донишҳоро надода буданд.

Тамошои сериалҳо на ба ҳама хушоянд аст

Вале тамошои сериалҳо на ба ҳама хушоянд аст. Маъмулан, шавҳарони хонумони тоҷик аз он норозӣ ҳастанд, ки завҷаи онҳо вақти бештари худро ба тамошои сериалҳо сарф карда, тарбияву нигоҳубини кӯдакон канор мемонад. Зафар Норматов, сокини 42-солаи Хуҷанд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз шунидани номи сериалҳои туркӣ асабонияташ меафзояд. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ҳамин сериалҳо сабаб шудаанд, ки писари 15-солааш дар мактаб таҳсили хуб надорад.

Ин сокини Хуҷанд гуфт, рӯзона машғули кор аст ва вақте бегоҳ ба хона бармегардад, писарашро дар манзил намеёбад. Ба гуфтаи ӯ, бисёр вақт мешавад, ки хӯроки шом ҳанӯз омода нашудааст ва ҳамсарашро машғули тамошои сериали туркӣ меёбад. "Вай ҳатто бехабар мемонад, ки писари мо баъд аз мактаб дар кӯчаҳо овораи футболбозӣ аст. Дар натиҷа, писарам аз чанд фан баҳои ғайриқаноатбахш гирифт", - афзуд Зафар Норматов.

Равоншинос: "Тамошои сериалҳо ҳеҷ бадӣ надорад"

Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик.
Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик.

Аммо Марям Давлатова, равоншиноси тоҷик бар ин назар аст, ки тамошои сериалҳои хориҷӣ барои сокинони Тоҷикистон ҳеҷ бадӣ надорад. Ӯ гуфт, сокинони Тоҷикистон аз кӯдакӣ ошиқи романҳои ҳиндӣ буданд ва бо тамошои сериалҳо холигии фарҳангӣ дар кишварро пур мекунанд. Ба бовари Давлатова, тамошобини тоҷик бо дидани ин сериалҳо ҳам ибрат мегиранд ва ҳам барои мубориза дар зиндагӣ дарс меомӯзанд.

Ба қавли Марям Давлатова, ин филмҳо аз зиндагии ҳамарӯза қисса мекунанд ва ба мардум паёми пирӯзӣ дар зиндагиро медиҳанд ва ҳар зан барои худ аз тамошои онҳо сабақ мебардорад. Ба бовари равоншиноси тоҷик, сабаби дигари маҳбубияти ин сериалҳо дар Тоҷикистон ба он марбут аст, ки синамогарони тоҷик тӯли солҳои охир ба ҷуз аз филми "Дар орзуи падар", ҳеҷ асари хубе ба навор набардоштаанд. Вақте ин филм ба намоиш баромад, бештаре аз сокинон ошиқи Меҳрубон -- қаҳрамони ин филм буданд".

"Мухолифи сериалҳо нестам, вале..."

Ба гуфтаи баъзе аз ҷомеашиносони тоҷик, бо тамошои сериалҳои хориҷӣ сокинони кишвар зери таъсири фарҳанги бегона қарор мегиранд. Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР" бо такя ба номаи хонандаҳои ҳафтанома мегӯяд, таҳиякунандаҳои чунин филмҳо бар хилофи арзишҳои фарҳангии тоҷикон талош мекунанд дар миёни ҷомеаи тоҷик зӯроварӣ ва намунаҳои бади ахлоқи инсониро роиҷ созанд.

Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР".
Сайёфи Мизроб, сардабири нашрияи "СССР".

Ӯ афзуд, шахсан мухолифи ин сериалҳо нест, вале хонандаҳои нашрияи онҳо пайваста аз паҳн шудани чунин филмҳо номаҳои шикоятӣ менависанд ва аб эътиқоди онҳо, сериалҳои хориҷие мисли "Султон Сулаймон" ва ғайра бар пояи арзишҳои Ҳолливуду Болливуд таҳия шуда, ҷойгузин кардани фарҳанги зӯровариро ҳадаф доранд.

"Набояд фаромӯш кард, ки сериалҳои туркиро умдатан шогирдони литсейҳои туркии мансуб ба Фатҳулло Гюлен омода месозанд. Ин мактабҳо дар Тоҷикистон аллакай манъ шудаанд", - афзуд Сайёфи Мизроб.

Чаро сериалҳои хориҷӣ маҳбуби тоҷикон шуданд?

Толиб Раҳматуллоев, як масъули киностудияи "Тоҷикфилм" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иқрор кард, ки яке аз сабабҳои маҳбубияти сериалҳои хориҷӣ дар миёни сокинони Тоҷикистон, ба камбуди филмҳои сохти "Тоҷикфилм" марбут аст.

Толиб Раҳматуллоев, сардабири киностудияи "Тоҷикфилм".
Толиб Раҳматуллоев, сардабири киностудияи "Тоҷикфилм".

Вай афзуд, дар солҳои даргирӣ дар Тоҷикистон ба соҳаи синамогарӣ тақрибан ҳеҷ таваҷҷӯҳ намешуд ва ба ин сабаб мелодраммаву боевикҳои хориҷӣ бозори синамои Тоҷикистонро пур карданд ва то замоне ки тоҷикон худ ба таҳияи чунин филмҳо машғул нашаванд, сокинон алоқаманди сериалҳои хориҷӣ хоҳанд буд.

Толиб Раҳматуллоев хабар дод “Тоҷикфилм” қасд дорад, дар ду-се соли оянда бозори синаморо бо филмҳои сохти худӣ пур карда, талаботи ҷомеаро қонеъ созад.

XS
SM
MD
LG