Аз оғози фаъолияти Маркази пуштибонии занҳо дар ноҳияи Рашт ҳудуди 3,5 ҳазор бонувони ин минтақаи дурдасти кӯҳистонӣ соҳиби касби нав шудаанд.
Ба Марворид Саидова, сокини 28-солаи ноҳияи Рашт баъд аз хатми мактаб иҷоза надодаанд, ки таҳсили худро дар омӯзишгоҳи тиббӣ идома дода, табиб шавад. Баъд аз издивоҷ низ зиндагии осуда надошт ва дар ниҳоят барои таъмини хонаводааш водор шуд барои худ шуғле пайдо кунад.
Вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки як зиндагии маъмуливу беранги ӯ баъди касби ихтисос ранги нав пайдо кард. Мегӯяд, ки тӯли чанд сол хонашин буд, вале ҳоло шароит маҷбур кард, ки барои худ ҷойи кор пайдо кунад. Се моҳ дар ин марказ таълим гирифт ва ҳоло дар корхонаи либосдӯзии ноҳия машғули дӯзандагӣ ҳаст.
Дар остонаи ҷашни Наврӯз супориш барои дӯхти либоси миллӣ зиёд шудааст ва бархе аз ҳамсабақонаш дар хонаи худ кор мекунанд ва аз ҳисоби ҳамсояҳову шиносҳо низ фармоиши зиёди дӯхтани либос доранд.Аммо на маблағ дошту на имкони таҳсил дар маркази кишвар.
Дар чунин вазъ огаҳӣ ёфт, ки дар “Маркази захиравии занҳои Ғарм” бо мусоидати молии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои бонувони бешуғл давраҳои такмили ихтисос ташкил шудааст. Хонум Саидова озими ин марказ шуд ва баъд аз се моҳ ҳамакнун метавонад мустақилона машғули дӯзандагӣ шавад.
Дар баробари омодагӣ ба ҷашни Наврӯз ва таҳияи либоси миллӣ, дар корхонаи дӯзандагӣ, дигар фармоиҳоро ҳам мегирад. Яке аз ин фармоишҳо – дӯхтани либоси мактабӣ мебошад. Ҳабиб Сатторов, сардори корхонаи дӯзандагии ноҳияи Рашт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин бонувон то соли оянда бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин ҳастанд.
Ба гуфтаи Ҳабиб Сатторов, ки ба духтарон дарси дӯзандагӣ медиҳад, ҳукумати ноҳия ба онҳо дӯхтани 12,5 ҳазор бастаи либоси мактабӣ барои хонандаҳои ноҳияро ба корхонаи онҳо фармоиш додааст: "Мо бояд ин миқдор либоси ягонаи мактабиро то 25 август омода созем”.
Матлуба Раҷабалиева, раҳбари “Маркази дастгирии Ғарм” мегӯяд, ки кори созмони онҳо бо назардошти мушкилот ва талаботи маҳаллӣ ба роҳ монда шуда, шурӯъ аз таълими касбу ихтисос то ироаи кӯмакҳои ҳуқуқиву равонӣ ба бонувонро дар бар мегирад.
Вай гуфт, ки яке аз вазифаҳояшон кӯмаки ҳуқуқӣ ба бонувони бешавҳар ва ниёзманд аст, ки тавонанд ба ҳаққу ҳуқуқи худ дастрасӣ пайдо кунанд. Дар миёни ин бонувон инчунин ҳамсарони муҳоҷирони корӣ ҳам ҳастанд, ки баъди тарки хона кардани шавҳарон бо мушкилоти рӯзгор танҳо мондаанд.
Вай афзуд, ки бонувони ноҳия асосан дар пайи муноқишаҳои оилавӣ ва ситонидани алиментпулӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд, вале ҳолатҳое низ будааст, ки дар пайи шикояти навхонадорон ё хешовандонашон мутахассисон тавонистаанд аз ҷудошавии 50 ҷуфти ҷавон ҷилавгирӣ кунанд.
Ба гуфтаи Матлуба Раҷабалиева, дар гузашта аз маркази онҳо танҳо занҳо кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва равонии ройгон дарёфт мекарданд. Аммо соли гузашта ғайри чашмдошт 11 мард ба ин марказ муроҷиат карда, дархости кӯмак дар ҳалли мушкилоти оилавӣ, ихтисоси замин ва масоили муҳоҷират шуданд.
Марказ як соли пеш дар маркази шаҳраки Ғарм таъсис шуд. Дар миёни масоил ё вазифаҳои нави ин муассиса ҷилавгирӣ аз ақидаҳои ифротии мазҳабӣ ва терроризм мебошад. Минтақаи Ғарм, яке аз манотиқи муҳофизакори Тоҷикистон, солҳои 1990-ум шоҳиди даргириҳои хунини ҷонибдорони оппозитсияи исломӣ ва нирӯҳои ҳукуматӣ шуда, соли 2011 дар ин минтақа амалиёти нирӯҳои ҳукуматӣ зидди гурӯҳҳои террористии ба раҳбарии Мулло Абдулло анҷом шуд.
Вале ба гуфтаи Матлуба Раҷабалиева, раҳбари “Маркази дастгирии Ғарм”, як силоҳи қавии мубориза бо ифротгароӣ – саводнок будани занону духтарон аст, ки бо зеҳни тозаву рӯшани худ ба тарбияи солими фарзандон дар оила саҳм гузоранд. Вай гуфт, яке аз ҳадафҳои муҳими онҳо -- ба таҳсил дар донишгоҳҳо ҳидоят кардани духтарони маҳаллӣ мебошад, то тавонанд, ба ҳайси омӯзгору табиб барои ҳамдиёрони худ хизмат кунанд.