Садриддин: Дар ҳеч ҷои дунё мисли Тоҷикистон роҳат буда наметавонам

Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят таронаи як замон маъруфи Кароматуллои Қурбонро бозхонӣ кардаанд, ки тайи як ҳафтаи охир дар дискфурӯшиҳо аз ҷумлаи пурхаридорон будааст.

Оҳангу таронаи Кароматуллои Қурбон, овозхони зиндаёд, бо номи "Ҷони ман..." дар иҷрои Садриддини Наҷмиддин ва Ғазал Иноят - сарояндагони маъруфи тоҷику афғон дигарбора ин таронаро сари забонҳо овард ва тайи як ҳафтаи охир дар бозори дискфурӯшии Тоҷикистон аз ҷумлаи пурхаридорон будааст. Ин таронаро Кароматуллои Қурбон тақрибан сӣ соли пеш бо Ширинмоҳ Ниҳолова хонда буд ва ҳарчанд баъди марги ин овозхони маъруф аз ёд нарафтааст, аммо хеле кам шунида мешуд. Матни ин тарона аз Лоиқ Шералист.

Ширинмоҳ Ниҳолова, ҳунарманди тоҷик, рӯзи 30 август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин таронаро Садриддин ва Ғазал дар алоҳидагӣ хеле хуб хондаанд, аммо дар шакли дугона овозашон чандон ба якдигар ҷӯр нашудааст. Садриддин худро аз пайравони Кароматуллои Қурбон медонад ва садояш ба овози ӯ шабоҳат дорад, вале садои зан дар ин оҳанг бояд хеле бориктар аз садои Ғазал бошад."

Ширинмоҳ Ниҳолова

Ширинимоҳ ният дорад, барои дубора зинда кардани ин ва боз чандин сурудҳое, ки якҷоя бо Кароматуллои Қурбон иҷро кардааст, ҳамаи онҳоро аз нав сабт намояд. "Ҳоло ки таронаи мазкурро аз миёни садҳо таронаи дигар Садриддин ва Ғазал интихоб кардаву сурудаанд, пас ин оҳанг, воқеан, муваффақ будааст," -- афзуд ӯ.

Клипи таронаи "Ҷони ман..."-ро Садриддину Ғазал дар бинои Китобхонаи Миллӣ ва Кохи Наврӯзи Душанбе сабт карда, ҳамин ҳафта дар Ютуб низ гузоштаанд. Ғазал моҳи июли соли ҷорӣ ба Тоҷикистон омада буд ва таҳияи клипи онҳо бо Садриддин дар нимаи дувуми моҳи август ба поён расидааст. ​Ҳардуи ин овозхон дар шарҳи дуэти худ гуфтаанд, ки онҳо аз қабл орзуи ҳамкориро доштанд ва бо ҳимояти "Қиём Ентертейнмент" тавонистаанд аввалин таронаашонро сабт ва пешниҳоди ҳаводорони худ дар Тоҷикистону Афғонистон намоянд.

Ғазал Иноят худро овозхони “хушшонc”-е медонад, ки тавонистааст бо Садриддини Наҷмиддин якҷоя оҳанг иҷро кунад. Ӯ мегӯяд, дер боз орзу дошт, бо ин сарояндаи тоҷик оҳанги дугона бихонад ва ба гуфтаи ӯ хушбахтона чунин шароит барояш фароҳам омадааст.

“Ман мутамаин ҳастам, ки ҳунармандони зиёде орзуи ҳамкорӣ бо Садриддинро доранд, ки, албатта, дар ин миён ман хушшонс будам. Яке аз дигар далоиле, ки чунин имконият барои ман даст дод ва худи Садриддин ҳам ба ҳамкорӣ розӣ шуд, ҳаммавҷ будани садои мо буд,” -- изҳор доштааст Ғизол Иноят.

Дар баробари ин, ба иқрори худи Садриддин, Ғазал, ки аксаран бо шеваи ҳиндуӣ тарона иҷро мекунад, ӯро кайҳо шефта карда буд ва ӯ итминон дошт, ки дар ҳамовозӣ бо якдигар метавонанд таронаи хубе ба бозор бароранд. “Аз нигоҳи ман, садои мо бо ҳам ҷӯр меоянд, аз ин хотир қарор додем, бо якдигар ҳамкорӣ намоем,” -- гуфт ӯ.

Садриддини Наҷмиддин, ки асосан клипҳои таронаҳояшро дар хориҷ аз кишвар наворбардорӣ мекард, мегӯяд, ин дафъа тасмим гирифтааст, оҳанги “Ҷони ман” ва боз чандин таронаи дигарашро маҳз дар Тоҷикистон филмбардорӣ кунад: "Шахсан ин тасмими ман дар якҷоягӣ бо тими Қиём Ентертейнмент буд, ки оҳангҳоро дар Тоҷикистон сабт намоем. Чун ватан, ватан аст ва дигар дар ҳеч ҷои дунё мисли ин ҷо роҳат будан наметавонем."

Садриддин ва Ғазал на танҳо аз садо, балки аз хислати ҳамдигар низ тавсиф мекунанд, ки ҳамкориро барояшон осон ва роҳат кард. Аз ҷумла, Садриддин аз Ғазал чун бонуи шӯхтабиат ва хоксор ном мебарад, ки барояш ғайричашмдошт будааст. "Аслан гумон надоштам, ки Ғизол ин гуна шахси заминист ва ба ман чунин менамояд, ки кайҳо бо ҳам кор мекунем. Мисли ду дӯст будем. Ӯ дар саҳна ва дар зиндагӣ ҳамон як шахс аст ва хеле хушбахтам, ки таҷрибаи ҳамкорӣ бо ӯро доштам. Ман фикр мекунам, ки ҳамокриҳои мо дар оянда низ идома хоҳад кард," -- илова кард овозхони тоҷик.

Ғазал Иноят ҳам, ки аваллин бор дар Тоҷикистон қарор доштааст, мегӯяд, мардуми кишварро ба мисли Афғонистон самимиву меҳмоннавоз ёфт ва бовар дорад, ки ин оғози ҳамкориҳояш бо Садриддин ва дар маҷмӯъ барномаҳои наваш дар Тоҷикистон аст.