Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар "Мой мир", Ҳоҷӣ Мирзо дар Фейсбук


Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо аксу номи раисиҷумҳури Тоҷикистон саҳифаҳое боз карда, дӯстон ҳам пайдо намудаанд.

Шояд бовар накунед, аммо дар “Фейсбук”, “Мой мир” ва “Одноклассники” саҳифаҳое бо номи Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов ва Эмомалӣ Раҳмон пайдо хоҳед кард. Аз ҷумла, дар "Мой мир" саҳифае ҳаст бо номи Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов, ки дар он аксҳояшро ҷой дода, шарҳи ҳолашро навиштаанду чанд нафарро ҳам ба ҳайси дӯст пазируфтаанд.

Вале ба эҳтимоли ғолиб, ин саҳифаи дурӯғинест, ки фарди дигаре бо номи раисиҷумҳури Тоҷикистон боз кардааст ва бо ин кораш метавонад, дар "бало" бимонад. Айни корро низ дар “Фейсбук” кардаанд ва дар “Одноклассники” ҳам.

Ин дар ҳолест, ки теъдоди мухлисони Фейсбук дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад ва шумораи корбарони он дар саросари ҷаҳон то моҳи феврали соли 2012 ба 845 миллион нафар расидааст. Ин шабакаро дар соли 2004 Марк Зукерберг таъсис дода, маҷаллаи "Тайм" ин шахсро дар соли 2010 Чеҳраи сол эълон кард. Дар ду соли охир Фейсбук дар Тоҷикистон босуръат маъруф шуда, ҳоло наздик ба 30 ҳазор нафар аз он истифода мекунанд ва шумораи корбарон моҳе то 20 дарсад бештар мешавад.

Ҳоҷӣ Мирзо, рӯҳонии шинохта дар Тоҷикистонро низ метавонед дар Фейсбук пайдо кунед ва аз ӯ бихоҳед, ки Шуморо ба сафи дӯстонаш ворид кунад. Ин саҳифа низ шубҳабарангез аст.

Садриддини Наҷмиддин
Садриддини Наҷмиддин
Воқеан, чунин пешдастиҳои бачаҳои айёр, бисёре аз овозхонҳои тоҷикро гирифтори дарди сар кардааст. Дар Фейсбук ва "Мой мир" Садриддини Наҷмиддинро меёбед, ки ба саволи садҳо мухлисонаш ҷавоб мегӯяду рӯзи консертҳояшро эълон мекунад. Вале худи Садриддин мегӯяд, мухлисонаш набояд фирефтаи ин саҳифаҳо шаванд: “Чанд одам аз номи ман ин саҳифаро боз кардаанд, аксҳои маро мегузоранду аз номи ман гап мезананд ва ман аз ҳамин сабаб наметавонам саҳифаи худро боз кунам, зеро ҷойи номи ман дигар банд шудааст. Ин вонамудгарҳо (самозванетсҳо) аз номи ман саҳифа боз кардаанду дӯст ҷамъ мекунанд.”

Ба қавли Садриддин, ин мардуми айёр, бо истифода аз номи ӯ бештар аз 5 ҳазор дӯст ҷамъ овардаанд. Дар Фейсбук низ барои худи ӯ ҷо нагузошта ва ҳам бо номи Садриддини Наҷмиддин ва ҳам бо номи Садриддин дӯстони зиёдеро аз они худ кардаанд. Номи Зиёвуддини Нурзод, овозхони дигари тоҷикро кадоме дар "Одноклассники" дуздидааст ва аз ҳисоби Зиёвиддини Нурзод бо садҳо дӯст худро "сарватманд" кардаанд. Аммо Зиёвуддин дертар фаҳмидааст, ки ӯро ба истилоҳ касе дар "Одноклассники" намояндагӣ мекунад: “Ростӣ, ман хеле вақт мехостам, вале фурсат даст надод. Ба ман гуфтанд, ки аз номи ман нафари дигаре саҳифа боз кардааст, худаш ҷавоб менависад, бо дигарон сӯҳбат мекунад."

Шабнами Сурайё
Шабнами Сурайё
Агар Шабнами Сурайёро дар "Мой мир" ҷӯстуҷӯ кунед, шаш Шабнамро ёфта медиҳад. Бо аксҳои мухталифаш. Аммо он гуна, ки яке аз дӯстони ин овозхон ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо яке аз ин саҳифаҳо аз они Шабнам аст. Дар ин саҳифа Шабнам бештар аз 12 ҳазор дӯсту мухлис пайдо кардааст ва ёддоште гузошта аст, ки бинобар надоштани вақти кофӣ аз ин бештар дӯст пазируфта наметавонад ва дар ҳар фурсати мусоид мухлисони хоҳони дӯстиро низ ба қавле ноумед нахоҳад кард. Дар ин саҳифа баъзеҳо ба Шабнам изҳори муҳаббат кардаанд. Дар шабакаҳои “Вконтакте” ва “Одноклассники” ҳам чанд Шабнаму гурӯҳҳо бо номи Шабнамро меёбед.

Номи Манижаи Давлатро ҳам дар ин шабакаҳо дуздидаанд ва аз овозхонҳои дигарро. Овозхонҳое, ки нагузоштаанд, номи онҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бидузданд, кам ҳастанд, аз ҷумла Нозияи Кароматулло, ки дар "Вконтакте" саҳифаи худро дорад ва ба суолҳои мухлисонаш ҷавоб мегӯяд ва ба онҳо ҳушдор додааст, ки ду саҳифае дар "Вконтакте" бо номи ӯ ҳаст, ки дурӯғинанд. Аз онҳо инчунин хостааст, ки дашном, суханҳои қабеҳ нанависанд.

Мастер Исмоил
Мастер Исмоил
Мастер Исмоил, маъруфтарин репсаро ва маҳбуби ҷавонони тоҷик низ ахиран маҷбур шуд, ки бо нашри видеое дар саҳифаи худ дар "Вконтакте" ба мухлисонаш ҳушдор диҳад, ки аз номи ӯ хабарҳои дурӯғ нашр мекунанд. Исмоил, ки ҳоло дар Русия аст ва се албоми навашро бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ барои нашр омода мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар Одноклассники шахсе бо номи Мастер Исмаел ба халқи тоҷик гуфт, ки 17-уми март дар клуби Револютсия дар шаҳри Маскав консерти ман баргузор мешавад ва ман дидам ки мардуми зиёде ба ин бовар кардаанд. Аз ин сабаб ман бо нашри видео аз мухлисонам хостам, ки ба ин гапҳо бовар накунанд.”

Аз ин рӯ, ба ҳама саҳифаҳои одамони маъруф бовар накунед, зеро ба осонӣ метавонанд аз номи онҳо Шуморо гумроҳ кунанд. Ё эҳтиёт шавед, ки исми Шуморо ҳам надузданду аз номи шумо ҳарфҳои беҳудаву бемаънӣ назананд...
XS
SM
MD
LG