Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садриддин: "Аз турбати Аҳмад Зоҳир зиёрат кардам"


Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик.
Садриддини Наҷмиддин, овозхони тоҷик.

Гуфтугӯ бо Садриддини Наҷмиддин, овозхони маъруфи тоҷик, ки аввалин бор ба Афғонистон сафар кард ва баъди бозгашт пои сӯҳбати «Озодӣ» нишаст.

Садриддини Наҷмиддин соли 1980 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, мактаби миёна ва Донишгоҳи ҳунарҳои зеборо низ ин ҷо хатм кард. Аввалин албомаш «Садои борон» - ро дар 16 – солагӣ ба дасти нашр супурд. Ҳоло раҳбари гурӯҳи «Садр» дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон аст. Зуд маъруф шуд, аммо шуҳрат дигар ӯро раҳо накард ва ҳоло аз раддаи аввали овозхонони Тоҷикистон ҳатто дар Эрону Афғонистон шинохта мешавад.

Суоли аввалини мо аз ҳадафи сафари ӯ ба Афғонистон аст:

Садриддини Наҷмиддин: Дар даври ҷамъбастии барномаи «Ситораи афғон», ки ҳамасола дар ин кишвар баргузор мешавад ва дар миёни мардум маъруф асту хеле барномаи мардумӣ ҳам мебошад, бояд ширкат мекардам ва ифтихори онро ҳам доштам, ки чанд тарона барои ҳозирин ва тамошобинони телевизиони «Тулӯъ», ки маро даъват карда буд, бихонам. Аз ин даъват хушҳол ва аз ин сафар розиам.

Озодӣ: Бале, ин як барномаи маъруф аст. Шумо чӣ дарс гирифтед аз он?

Cадриддини Наҷмиддин: Хеле барномаи ҷолиб аст. Хуб мешуд ҳамин барномаи «Овози тиллоӣ» - и моро аз рӯи сохту тарзи пешбурд мисли «Ситораи афғон» созмон медоданд.

Озодӣ: Ин аввалин сафари Шумо ба Афғонистон буд?

Cадриддини Наҷмиддин: Бале. Аммо аз ҳамон лаҳзаи аввал, ки пой ба саҳна гузоштам, орзу доштам, ки Худованд як маротиба маро ба зиёрати устод Аҳмад Зоҳир расонад, чун насиби дидори ӯ дар зиндагиаш набуд, хеле мехостам мазори ӯро зиёрат кунам. Вақт надоштем, аз ин хотир, соати 2-и шаб ба қабристон рафтем. Худоро шукр, зиёрат кардем ва дуое ҳам дар ҳаққаш хондем.

Озодӣ: Худи Афғонистонро чӣ гуна дарёфтед? Пеш чӣ гуна тасаввур мекардед, ҳоло чӣ гуна?

Садриддини Наҷмиддин зимни гуфтугӯ бо хабарнигори "Озодӣ".
Садриддини Наҷмиддин зимни гуфтугӯ бо хабарнигори "Озодӣ".
Cадриддини Наҷмиддин: Хеле кишвари ҷолиб намуд барои ман. Он чизе, ки мешунидам, онро надидам. Мегӯянд, ки амният нест, дуруст аст. Аммо вақте ман он ҷо рафтам, мардум ончунон меҳрубон буданд, ки амниятро ҳам фаромӯш кардам. Муомилаи онҳо ба ҳунару ҳунарманд тамоман дигар аст. Ман инро мехоҳам махсус таъкид кунам, дарҷ кунам ва ҳам барои худ дарк кунам. Онҳо хеле ҳунардӯстанд. Хеле хушбахтам, ки ин мардуми нозанинро вохӯрдам. Ҳарчанд ошкори ошкор нарафтем, аммо он бародаронеро, ки он ҷо вохӯрдам, фикр мекунам, мисли бародар барои ман монданд.

Озодӣ: Гуфтед, ки тарс доштед, пас чаро сафар кардед?

Cадриддини Наҷмиддин: Ҳама оҷил рух дод. Дар оғоз гуфтанд, ки бо тайёра меравем, аммо билет набуд. Гуфтанд, бо роҳи заминӣ, ман розӣ нашудам. Бо ин вуҷуд, бародарони хеле наздик маслиҳат доданд, ки биравам ва амнияти маро хоҳанд гирифт. Мо бе ягон воҳима, муҳофизу автомату силоҳ аз Қундуз ба Кобул рафтем. Ҳоло ба худ мегӯям, ки хайрият чунин шуд, зеро он ҷойҳоеро, ки ман дидам, шояд дигар тамоми умр намедидам. Бо чашмони худам дидам, ки мардум чӣ зиндагӣ дорад…

Озодӣ: Чӣ зиндагӣ дорад?

Cадриддини Наҷмиддин: Хеле бад аст, ба фикрам. Хеле мехоҳам, ки зиндагии онҳо хубтар шавад. Ин мардуми нозанин ҳақ дорад, ки як зиндагии хуб ва кишвари обод дошта бошад. Агар Афғонистон орому обод бошад, мо ҳам орому обод мешавем. Зеро ҳамсоя, ки ноором бошад, ҳеҷ кас оромиро намебинад. Ман шабу рӯз дуо мекунам, ки он ҷо оромиву амният ояд, тавре ки дар Аврупову Амрико ё Иморати Муттаҳидаи Араб дида будам, дуо мекунам, ки Афғонистон ҳам чунин шавад.

Озодӣ: Масалан, як ҷо, ним ҷо таваққуф мекардед, мардуми оддӣ, сари роҳ Шуморо мешинохтанд?

Cадриддини Наҷмиддин: Бале, ин барои ман хеле ҷолиб буд. Айнаки сиёҳ дар чашм доштам, аммо чун мегирифтам, зуд мешинохтанд ва ҳамдигарро оғӯш мекашидем. Аз ҳама гуворояш ин буд, ки дар мошинҳо таронаҳои маро гӯш мекунанд, овозхонҳои дигари тоҷикро ҳам гӯш мекунанд. Вақте телефонҳои дастиашон садо баланд мекунад, таронаи ман аст, ё ягон овозхони дигари тоҷик. Ин хеле маро таҳти таъсир қарор дод.

Озодӣ: Воқеан, замоне маъруф набудед, ҳаваси дидори Аҳмад Зоҳирро мекардед, аммо ҳоло ба ватани ӯ меравед, ки худ низ маъруф ва маҳбуб ҳастед. Ин ҳолат ягон эҳсоси махсус дорад?

Cадриддини Наҷмиддин: Сари ин ҳам фикр доштам. Ростӣ, худро хеле хушбахт ҳис кардам. Аз ин эҳсос лаҳзае ҳам гиря кардам. Худоро миллионҳо бор шукр мекунам, ки ин интихоб сари банда афтодааст. Гуфти бародарони эронӣ, хушшонс будаам. Сари ин ҳам фикр кардам, ки Аҳмад Зоҳири бузург ҳам медонист, ки дар Тоҷикистон мухлиси зиёд дорад, аммо қисмат набуд онҳоро бубинад. Ҳоло дунё хеле хурд шудааст. Вагарна як дарё миёни мост. Замони ӯ дунё хеле бузург буд. То сафар ба Афғонистон тариқи телефону интернет бо бародарони он тарафи дарё дар тамос будам. Зиёд мехостам, ки онҳоро бо чашмони худ ва замини худашон бубинам. Шукри Худо ба ин рӯз расидам. Вақте мақбараи Аҳмад Зоҳирро зиёрат мекардам, шаб буд, як эҳсосе доштам, ки ӯ дар барам нишаставу бо ҳам сӯҳбат мекунем. Ман эҳсоси худро ба ӯ мегуфтам ва ӯ мегуфт, ки хушбахт ҳастӣ, бояд шукр кунӣ…

Озодӣ: Садриддин, зиёд дар бораи шукру шукрона мегӯед. Ин чӣ маъно дорад, Шумо тарзи зиндагиатонро тағйир медиҳед, то бештар ба Худованд писанд оед, масалан, намоз мехонед, ё боз чӣ роҳи шукргузориро барои худатон мебинед?

Cадриддини Наҷмиддин: Шукронаи Худро ман пеши Худованд қабл аз ҳама бо амали хайр баён мекунам. Аз ҳар даромаде, ки ба даст меорам, ба онҳое, ки медонам зарурат ба дастгирӣ доранд, кӯмак мерасонам. Ҳар маблағи зиёдатие, ки ба дастам меояд, ба ҳамин роҳ харҷ мекунам. Намедонам, бовар мекунед, ё не, ман ҳеҷ гоҳ пул ҷамъ накардаам. Чизе барои рӯзи мабодо надорам. Ҳар чӣ омад, харҷ мешавад. Орзу дорам, ки мисли овозхонҳои ғарбӣ, ки дар бонкҳо миллионҳо доллар маблағ доранд, пули бисёр дошта бошам. Лекин ман ба Шумо кафолат медиҳам, ки ягон овозхони ҳатто маъруфтарини эрониву афғону тоҷик соҳиби маблағи бузурге нест, ки ғарбиҳо доранд. Барои ин сухан, ба қавли русҳо, ман «отвечат» мекунам. Мо наметавонем маблағҳои калонро хайр кунем. Аммо он чӣ Худованд ба ман дод, шояд ман ҳеҷ гоҳ баргардонда натавонам. Ҳар чӣ дини мо мефармояд, кӯшиш мекунам, ба ҷо орам. Дар ҷавонӣ хеле беақлиҳо кардем, аммо ҳоло намоз мегузорам ва умедворам, Худованд моро бахшад.




Озодӣ: Бубинед, бо ҳар овозхони маъруфи эронӣ, ё афғон, ки сӯҳбат мекунем, номи Шуморо мегиранд, мегӯянд, ки аз миёни тоҷикон ӯро меписандем. Фикр мекунед, ин аз таблиғоти зиёд аст, ё дар ҳақиқат Шумо ба ҷое расидаед?

Cадриддини Наҷмиддин: Бовар кунед, ман коре бештар намекунам, ки метавонам. Як сиррамро агар ба Шумо фош кунам ин аст, ки вақте мебинам мусиқӣ барои ман ҳам пул, ҳам шуҳрат, ҳам дӯстдории мардумро медиҳад, ман ҳам мекӯшам барояш бештар харҷ кунам ва ҳар таронаам зебо бошад, ки ба мухлиси ман хуш ояд.

Озодӣ: Озодӣ: Сафарҳое, ки доштед, Шуморо то куҷо тағйир додаанд?

Cадриддини Наҷмиддин: Ин сафарҳо аз рӯи синну сол маро хеле бузургтар карданд. Ҳоло 33 сол дорам, аммо худро 63 – сола ҳис мекунам. Зеро дар ин муддат бо одамони зиёде вохӯрдам, ки хӯву хислати гуногун доштанд. Бад ҳам буданд, хуб ҳам буданд. Лаҳзаҳое буданд ё ҳастанд, ки бояд як нафарро таҳаммул кунӣ ва ҳам лаҳзаҳое, ки намехостӣ аз сӯҳбати касе бархезӣ, аммо фурсат нест. Пастиву баландии зиёд буд ва он ҳама маро то ҷое дар назари худам пир кард.

Озодӣ: Садриддин, ба як овозхони ҷавон, ки мехоҳад мисли Шумо шавад, чӣ маслиҳат медиҳед? Ӯ чӣ гуна бошад, ки ҳам соҳиби шуҳрат ва ҳам овозхони хуб шавад?

Cадриддини Наҷмиддин: Як чиро мегӯям, ки инсон бояд аз чаҳорчӯбаи худ набарояд. Хориҷ аз имконоташ кори дигар, нақши дигарро иҷро накунад. Қонунҳои зиндагиро риоя кунад, дигар ҳеҷ. Дар ҳунар бояд сидқан кор кард, дар ҳар коре, ки набошад, бигзор ҳунар бошад, ё сохтмон ва ҳар кори дигар. Касби худро аз таҳти дил дӯст дорад ва нагузорад, ки хор шавад.

Озодӣ: Шӯҳратро, ки орзуи ҳар овозхон аст, чӣ гуна дарёфтед?

Cадриддини Наҷмиддин: Аз оғоз мехостам, ки шӯҳрат дошта бошам, маро ҳама шиносад, аммо чун ба ин ҳадаф расидам, як замоне шуд, ки аз шуҳрат безор шудам, ҳоло боз ба асли қадима баргаштаам ва шуҳратро он тавре ҳаст, қабул мекунам.

Озодӣ: Чӣ тавр аз шуҳрат безор шудед? Ягон мушкил пеш омад? Касе озор дод?

Cадриддини Наҷмиддин: На, як замоне шуд, ки ба депрессия, ё руҳафтодагӣ гирифтор шудам. Кореву касеву чизе намефорид. Шукри Худо, ки ҳамон шабу рӯз ба Дубай рафтам ва он ҷо бо ду инсоне вохӯрдам, ки зиндагии маро тағйир доданд. Яке, Ҳамиди Шабхез, раиси телевизиони Эрон дар Лос – Анҷелес ва дигарӣ, Коҷӣ Задорӣ буд. Баъдтар ман бо Коҷӣ Задорӣ ҳамкорӣ кардам, ки ба ман ҷанбаҳои нокушодаи мусиқиро боз кард, аз қабили клипсозиву роҳ ёфтан ба каналҳои эронӣ ва дар ҳақиқат ӯ ба ман ҳаққи устодӣ дорад. Ин, ки гуфтед, ки маро овозхонҳои эронӣ мешиносанд, ба шарофати Коҷӣ буд, зеро маҳз дар манзили ӯ ба ҷуз хонум Гугуш, ман бо тамоми овозхонҳои маъруфи эронӣ, аз қабили Муин, Сиёвуши Қумайшӣ, Лайло Фуруҳар, Мансур ва дигарон вохӯрдам.
XS
SM
MD
LG