“Агар ту мухолифи ҳукумат ҳастӣ...”
Брюс Паннир, таҳлилгари масоили Осиёи Марказӣ, бовар дорад, ки “Тоҷикистон ҳоло ба сатҳи саркӯбҳои давраи сталинӣ наздик шудааст”. Ӯ дар мусоҳибааш бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон комёбиҳои нисбиеро, ки ҳанӯз 20-25 сол пеш дошт, аз даст дод.
“Баъди ҷанги дохилӣ Тоҷикистонро чун намунаи ибрат барои бунёди як ҷомеаи бисёрҳизбӣ ситоиш карда, вуҷуди Ҳизби наҳзати исломиро мисол меоварданд. Баъд чӣ шуд? Пас аз соли 2015 мо шоҳиди саркӯбҳои фавқулода гаштем. Аслан гуфтани ҳарфе, ки бо мавқеи ҳукумат мухолиф аст, имконнопазир шудааст. Агар ту мухолифи ҳукумат ҳастӣ, даҳонатро мебанданд, яъне ба зиндон меандозанд ё маҷбур мекунанд, кишварро тарк бикунӣ,” – афзуд ӯ.
Мақомот дар Тоҷикистон чунин танқидҳоро намепазиранд. Онҳо чанд дафъа вуҷуди маҳбусони сиёсиро рад карда, гуфтаанд, ки маҳкумшудаҳо барои поймоли Кодекси ҷиноӣ пушти панҷара рафтаанд. Аз ҷумла, соли 2017, ним сол баъд аз манъи ҲНИТ ва ҳабси даҳҳо узви баландпояи он, Шермуҳаммади Шоҳиён – раиси Додгоҳи олӣ – гуфт, "дар Тоҷикистон ҳуқуқи инсон маҳдуд нашудааст" ва таъкид кард, ки "Қонуни асосии мо хислати башардӯстона дорад ва тамоми талошҳо барои ҳифзи ҳуқуқи инсон равона гардидааст".
“Онҳо бепарво набуданд”
Созмони байнулмилалии Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) маҳдуд кардани ҳуқуқи гурӯҳҳои мухталифи одамон ба озодии баёну андеша, гирдиҳамоӣ ва монеъ шудан ба ширкати онҳо дар ҷараёнҳои сиёсиро саркӯб меномад.
Сийнат Султоналиева, пажӯжишгари масоили Осиёи Марказӣ дар ин созмон, гуфт, мавҷи нави саркӯбҳо дар Тоҷикистон “баъд аз солҳои 2015-2016, бо манъи фаъолияти ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24”, шуруъ шуд.” Ӯ афзуд: “Он вақт дастгоҳи саркӯбгар ба рабудани дигарандешони сиёсӣ аз кишварҳои хориҷӣ сар кард. Намунаи охиринаш – рабудан ва 30 сол зиндонӣ кардани раҳбари “Гурӯҳи 24” Сӯҳроб Зафар ва 20 сол ҳабси узви ҳамин созмон Насимҷон Шарифов мебошад”.
Султоналиева дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ рӯзи 29-уми октябр навишт, мавҷи дигари саркӯбҳо дар моҳи ноябри соли 2021 ва моҳи майи соли 2022 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дида шуд. Вақте, ба гуфтаи ӯ, “ҳабси бесобиқаи хабарнигорон, ҳуқуқшиносон, фаъолон ва садҳо сокини одии Хоруғу Рӯшон сурат гирифт”.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Хоруғу Рӯшонро аз ёд набаред." Дархост аз шарикони ТоҷикистонБа қавли ӯ, басташавии оммавӣ ва маҷбурии беш аз 700 созмони иҷтимоӣ ҳам як намунаи дигари саркӯбҳо аст. “Тобистони соли 2024 ҳабси як силсила мақомдорони собиқу раҳбарони пешини ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқшиносону журналистон бо баҳонаи исботношудаи “омодагӣ ба табаддулот” ҷараён гирифт. Ҳамаи ин гурӯҳҳо фақат мехостанд, ки норизоияти худро бо самтгириҳои ҳукумат баён кунанд,” – афзуд Сийнат Султоналиева.
Пажӯҳишгари Human Rights Watch мегӯяд, “дақиқ ҳисоб кардани онҳое, ки дар Тоҷикистон мавриди саркӯбҳои сиёсӣ қарор гирифтаанд, мушкил аст, вале ба назари ман, ин шумор метавонад садҳо нафар ё ҳатто ҳазор нафарро ташкил диҳад. Инҳо афроде ҳастанд, ки бепарво набуданд ва талош доштанд, дар кишварашон як беҳбудӣ оваранд”.
Эҳсоси беҷазоӣ?
Стив Свердлов, пажӯҳишгари ҳуқуқи башар аз Донишгоҳи Калифорния, мегӯяд, далели асосии идома ёфтани ҳабсу муҳокимаҳои ношаффофи мунтақидони ҳукумат дар эҳсоси беҷазоӣ аст.
“Бо як ҷумла гӯем, беҷазоӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки сиёсати бераҳмонаву саркӯбгаронаашро нисбат ба мунтақидони ҳукумат идома бидиҳад. Азбаски ин амалҳояш ҳеч пайомад надоранд, масалан, ҷорӣ кардани таҳрим ба мисли надодани визаи сафар – он гуна ки ҳомиёни ҳуқуқ давоми чанд сол аст талаб доранд, ин сиёсат давом мекунад,” – шарҳ дод ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди "таҳрим"-и идора ва мансабдорони алоҳидаи ТоҷикистонСвердлов ҳамчунин бовар дорад, “нақши геополитика, зоҳиран, муҳим аст. Ҳамчунин сарҳади тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон ва тавони Раҳмон барои фирор аз мушкилоти геополитикӣ ва ҳам ин ки дар хориҷа, дар пойтахтҳои Амрико ё Аврупо хеле кам дар бораи Тоҷикистон фикр мекунанд. Эҳтимол ҳамаи ин сабаби чунин вазъ шудааст”.
Брюс Паннир мегӯяд, нақши шарикони сиёсию иқтисодӣ ба мисли Русия ва Чин барои боз ҳам сахттар шудани мошини саркӯбгари ҳукумати Тоҷикистон сабаб мешавад ва ҳам омодагиҳои эҳтимолӣ барои интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон. Ҳарчанд мақомот дар Душанбе ҳеч гоҳ вуҷуди нақшаи интиқоли қудратро аз президент Эмомалӣ Раҳмон ба писараш – раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалиро эътироф накардаанд.
Дар чунин шароит, ба бовари Стив Свердлов, як зинаи муҳими додхоҳӣ барои маҳкумшудаҳо муроҷиат ба Додгоҳи байнулмилалӣ аст. Тоҷикистон Созишномаи Румро ҳанӯз соли 2002 тасвиб кардааст.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад