Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шикор"-и дигарандешон. Тоҷикистон дар канори Русия ва Миср


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

“Хонаи Озодӣ” ё Freedom House дар як гузориш кишварҳоеро ном бурдааст, ки мақомоти онҳо мухолифони худро дар хориҷа, дар кишвари сеюм, ҳам “шикор” мекунанд.

Ин созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ аз соли 2014 то соли 2023 дар умум 1034 таъқиби фаромиллиро сабт кардааст, ки аз ҷониби ҳукуматҳои 44 кишвар дар қаламрави сад давлат содир шудааст. Аз рӯи шумораи умумии саркӯбҳо дар панҷгонаи аввал ҳукуматҳои Чин, Туркия, Тоҷикистон, Русия ва Миср қарор гирифтанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ бар инанд, ки кишварҳои худкомаи Шӯравии собиқ як бойгонии умумии шахсони мавриди пайгардро ташкил кардаанд.

"Вақте давлатҳои худкома барои тарсонидан ва ё таъқиби мухолифонашон дар берун аз қаламравҳояшон даст ба кор мешаванд, ин таъқиби фаромиллӣ аст," – гуфт ҳомии ҳуқуқ Стив Свердлов.

Вай афзуд, таъқибу саркӯбҳои фаромиллӣ таҳдиди мустақим ба амнияти дохилӣ ва байнулмилалӣ аст ва ҷомеаҳои демократӣ бояд барои ҳалли фаврии ин мушкил якҷоя кор кунанд.

Созмони Freedom House менависад: "Мо ҷаҳонеро қабул карда наметавонем, ки дар он ҷо барои рӯзноманигорон, фаъолон ва дигар одамоне, ки режимҳои саркӯбгарро танқид мекунанд, паноҳгоҳи амн мавҷуд набошад".

Қобили зикр аст, ки пештар Додситонии кул маълумоти таҳқиқотеро тасдиқ кард ва гуфт, ки дар соли 2023 беш аз дусад шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости онҳо истирдод шудаанд.

Нашрияи Mediazona низ бо анҷоми як таҳқиқот мегӯяд, “махзани ҷустуҷӯ ё рӯйхати шахсони таҳти пайгард”-и Вазорати корҳои дохилии Русия даҳҳо сиёсатмадор ва мансабдорони кишварҳои гуногунро фаро гирифтааст. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон.

"Медиазона" тамоми кортҳои мавриди ҷустуҷӯро омӯхта, таркиби миллии афроди мавриди ҷустуҷӯро муайян кард. Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон шомиланд.

Аксари кулли сокинони Осиёи Марказӣ, ки Русия дар феҳристи ҷустуҷӯ ҷой додааст, дар ватанашон низ таҳти пайгард ҳастанд.

Се фаъол – Билол Қурбоналиев, Абдулло Шамсиддин ва Низомиддин Насриддиновро кишварҳои аврупоӣ ва Беларус дар соли 2023 ба Тоҷикистон фиристоданд. Дастикам ду нафари онҳо ба зиндон маҳкум шуда, яке дар Боздоштгоҳ аст.

Теъдоди шахсоне, ки дар соли 2022 аз хориҷа ба Тоҷикистон ронда шуданд, камтар аз сад нафар будааст. Дар байни онҳо бештар фаъолони помирӣ қарор доштанд. Чоршанбе Чоршанбиев, Амриддин Аловатшоев, Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо аз ҷумлаи онҳоянд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

"Шикор"-и дигарандешон. Тоҷикистон дар канори Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG