Масеҳият ва масеҳиён дар Тоҷикистон

Масеҳият ва чанд шохаи он ба мисли адвинтистҳои рӯзи ҳафтум, баптистҳо, протестантҳо, католикҳо, православҳо, инҷилгароҳо ва Шоҳидони Яҳво дар Тоҷикистон расман ба унвони ақаллиятҳои мазҳабӣ фаъолият доранд. Дар хиёбонҳои шаҳру вилоёти Тоҷикистон бо намояндагони ин фирқаҳои масеҳӣ рӯбарӯ мешавед, ки адабиёти мазҳабии худро низ таблиғ мекунанд.

Ба қавли рӯҳониёни калисоҳои масеҳӣ, бештари пайравони онҳо ба ҳангоми ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум аз қаламрави кишвар фирор кардаанд. Бо ин ҳама, дар Тоҷикистон масеҳият дар қиболи дини мубини Ислом як дини қавӣ маҳсуб мешавад. Ҳарчанд сарраёсати умури дин дар вазорати фарҳанг ҳозир нашуд, то теъдоди дақиқи масеҳиёни Тоҷикистонро равшан кунад, аммо давлати Амрико дар гузориши солонаи худ роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ теъдоди пайравони масеҳиятро дар кишвар беш аз 200 000 нафар арзёбӣ кардааст.

Гуфта мешавад, аксари пайравони масеҳият русҳо ва дигар гурӯҳҳои

муҳоҷиршудаи даврони Шӯравӣ будаанд. Гурӯҳи бузурги масеҳиёнро Калисои православӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар кишвар 5 созмони баптистҳо, 2 калисои римӣ - католикӣ, 1 ибодатгоҳи адвинтистҳои рӯзи ҳафтум, 2 созмони протестантҳои куриёӣ бо шумули калисои миссионерии Сон-Мин, 1 созмони Шоҳидони Яҳво сабтином шудаанд. Дар бораи лютеранҳо, як мазҳаби дигари масеҳият, маълумоти дақиқе рӯйи даст нест, вале тахмин зада мешавад, ки пайравони он ба роҳи пинҳонӣ ба таблиғоти ин мазҳаб машғуланд. Дар маҷмӯъ, аъзои ин созмонҳои сабтиномшудаи масеҳӣ тақрибан 1 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медодаанд ва бештарашон дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои бузурги кишвар, аз ҷумлаи Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов ба сар мебурдаанд.

Сарраёсати умури дин дар вазорати фарҳанг мегӯяд, тӯли 15 соли ахир ҳудуди 10 000 атбоъи тоҷик ба адёни мухталиф, аз ҷумла масеҳият низ гаравидаанд. Аммо коршиносони мустақил ин рақамро беш аз 30 ҳазор нафар тахмин мезананд.


АЗ ИН СИЛСИЛА:

Адён дар Тоҷикистон: Ислом, насроният, яҳудия, зардуштия ...

Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон

Салафия: Фитна ва ё эҳёи суннат?



Игор Петрович, рӯҳонии ибодатгоҳи адвинтистҳои рӯзи ҳафтум дар Душанбе, мегӯяд, адвинтистҳо ба Инҷил ва Исои Масеҳ эътиқодманданд. Вале онҳо бо протестантҳои масеҳӣ, ки соли 1840 зуҳур кардаанд, ихтилофи назар доранд. Оқои Петрович афзуд, вожаи «адвентиус» лотинӣ аст, ки ба тоҷикӣ маънии интизорӣ ё интизор буданро дорад. Ба қавли ин рӯҳонии адвентист, ҳаммазҳабони ӯ бозгашти дубораи Исои Масеҳро интизоранд ва онҳо дар гӯшаҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки замини Худовандро барои суқути дигарбораи Исои Масеҳ омода намоянд. Ӯ мегӯяд:

«Пайравони адвинтистҳои рӯзи ҳафтум аксаран покӣ ва ҳаёти солимро тарғиб мекунанд. Ягон пайрави ибодатгоҳи мо алкоҳол наменӯшад, сигор намекашад ва ҳатто гӯшти хук намехӯрад. Адвинтистҳои рӯзи ҳафтум фақат дар рӯзи охирини ҳафта, яъне шанбе, ба ибодат машғул мешаванд. Ҳоло беш аз 700 сокини Тоҷикистон пайрав ва ҷонибдори мо ҳастанд».

Рӯҳонӣ Игор Петрович меафзояд, аслан пайравони мазҳаби масеҳӣ дар авохири солҳои 1800, замони таҳоҷуми русҳо ба минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон пайдо шудаанд. Вай гуфт, адвинтистҳо аз соли 1920 дар Тоҷикистон вуҷуд доранд ва пайравони онҳо бештар дар шаҳрҳои Регару Турсунзода, Ваҳдат ва маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ба сар мебаранд. Сохтмони ягона ибодатгоҳи бузурги адвинтистҳои рӯзи ҳафтум дар Тоҷикистон дар соли 1990 хотима ёфтааст, ки ҳанӯз барқарор мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди як масъули калисои масеҳиёни баптистӣ, иҷрои маросими дуову ибодати онҳо аз адвентистҳо ва православҳо фарқ мекардааст. Ин масъули калисои баптистҳои Душанбе мегӯяд, солҳои ахир мазҳабҳои масеҳие ҳам рӯйи кор омадаанд, ки бо асли масеҳият рабте надоранд. Ин рӯҳонии баптист аз фаъолияти Шоҳидони Яҳво изҳори нигаронӣ намуд ва гуфт, ки ин созмон аксаран дар кӯчаҳои шаҳр барои ҷалби пайравони мазоҳиби дигар ба узвияти худ фаъолияти мубаллиғӣ мебарад:

«Ҳоло фирқаҳои мухталифе пайдо шудаанд, ки мутаассифона, худро

масеҳӣ мегӯянд. Онҳо одоти масеҳиёнро иҷро намекунанд, одатҳое, ки ба ҷой оварданашро мо амри зарурӣ медонем. На танҳо усули ибодат, балки ақоиди динии мо бо ин фирқаҳои ба қавли онҳо масеҳӣ бо ҳам дуруст намегирад. Яке аз чунин созмонҳо Шоҳидони Яҳво аст, ки бисёр ба фаъолияти мубаллиғӣ машғул мебошад. Ин боис шудааст, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон нисбати масеҳиён як назари манфӣ пайдо шавад. Вале бояд бигӯям, ки масеҳиёни воқеъӣ ҳич касро таблиғ, ташвиқ ё маҷбур намекунанд, ки ба масеҳият гаравад. Агар инсон хоҳиш дошта бошад, ба калисо меравад, агар не, ба масҷид ё бутхона».

Ин гуфтаҳои рӯҳонии баптист дар ҳолест, ки ахиран созмони масеҳии Шоҳидони Яҳво ба далели фаъолияти ғайриқонунӣ доштанаш аз суи мақомоти Тоҷикистон қатъ карда шуд. Шӯҳрат Неъматов, раҳбари Иттиҳоди инҷилгароён дар Душанбе, мегӯяд, пайравони мазҳаби протестантӣ низ заминаи таърихӣ доранд ва фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон боис ба нигаронии аҳолӣ нагардидааст.

Андрей Григоревич, раҳбари як калисои масеҳӣ, низ мегӯяд, он мазҳабҳое, ки дар асоси фармудаҳои китоби муқаддаси Инҷил фаъолият мебаранд, ҳаргиз ба кори таблиғотӣ даст намезананд:

«Гуфта метавонам, ки бештари пайравони калисоҳои масеҳӣ, ки худро инҷилгаро муаррифӣ мекунанд, аслан протестант ҳастанд. Зеро дини масеҳӣ ҳамагӣ се ҷараёни асосӣ дорад: православӣ, католикӣ ва протестантӣ. Ҳамчунин метавонам бигӯям, ки миёни ин ҷараёнҳои масеҳият ихтилофи назарҳо вуҷуд дорад, агарчи дар маҷмӯъ кори мазҳабии онҳо дар заминаи фармудаҳои Инҷил сурат мегирад. Чунин ихтилофи назарҳо ҳатто миёни ҷараёнҳои дини Ислом низ мушоҳида мешавад».

Худойбердии Эгамбердӣ, як масъули шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мазҳаби масеҳиятро дар баробари дини Ислом як дини осмонӣ медонад. Вай аз фаъолияти таблиғотии бархе аз гурӯҳҳои масеҳӣ интиқод кард ва даъват ба амал овард, ки мақомот танҳо барои фаъолияти мазҳаби православӣ, католикӣ ва протестантҳо, ки асоси таърихӣ доштаанд, иҷозаи фаъолият бидиҳад. Оқои Худойбердӣ афзуд, бо истифода аз камбизоатии мардум баъзе созмонҳои масеҳӣ, аз ҷумла калисои Сон-Мин мардуми ниёзмандро ба мазҳаби худ ҷалб месозанд. Ӯ гуфт:

«Дини масеҳӣ низ дини самоъӣ аст. Ин дин қабл аз пайдоиши Ислом дар Арабистон ҳам вуҷуд дошт. Вақте дини Ислом омад, динҳои қаблӣ мансух шуданд, аз ҷумла масеҳият низ. Ақоиде, ки дар китобҳои осмонӣ – Тавроту Забуру Инҷил омадааст, дар Қуръон низ ба шакли комилтару беҳтар ҷой дорад. Қуръон китоби охирини нозилшуда аз суи Худованд ва дини Ислом дини охирин барои аҳли башар дониста мешавад ва он ба ҳамаи мушкили мо посухгӯ аст. Мутаассифона, барои пешгирӣ намудани гароиши мардуми мусулмон ба масеҳият, уламои исломии Тоҷикистон кӯшиш ва ё барномаи ҷиддиеро рӯйи даст надоранд».

Қиёмиддин Сатторӣ, пажӯҳишгари фаъолияти адён дар Тоҷикистон, фирқаҳои мазҳаби масеҳиятро беш аз 50 адад арзёбӣ мекунад. Вай мегӯяд, қавонини ҷории Тоҷикистон иҷоза медиҳад, ки чунин созмонҳои масеҳӣ фаъолияти густурда дошта бошанд, аммо ӯ фаъолияти миссионерии калисои мубаллиғии Сон-Минро хатарзо медонад:

«Сон-Мин фирқаи протестантии дини масеҳӣ аст, ки асосан пайравонаш кориягиҳои ҷанубӣ ҳастанд. Имрӯз мебинем, ки онҳо дар Душанбе низ як ибодатхонаи бузург доранд ва фаъолияти густурда мебаранд. Дар куҷое ҳам, ки мардум камбизоат ва кишвари ҷангзада бошад, ҳатман ин миссионерҳо он ҷо ҳозир мешаванд».

Дар маҷмӯъ, ҳудуди 10 мазҳаби масеҳият дар Тоҷикистон фаъолият доранд, ки ҳамагӣ пайравони онҳо тақрибан як дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Масеҳиёни Тоҷикистон ҳоло танҳо аз пешниҳоди тарҳи нави қонуни дин ва озодиҳои мазҳабӣ дар ҳаросанд ва онро нақзи ҳуқуқи пайравони худ медонанд.