Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салафия: Фитна ва ё эҳёи суннат?


Муллозамон, ҷавони тақрибан 34 – солаи сарбараҳна, бо шурӯи адои намоз дастҳои худро ба тарафи шона ва сипас ҳарду дастро рӯи сина гузошта, зери лаб сура мехонд. Вай ҳангоми чаҳорзону нишастан дастҳои худро рӯи зону гузошта, гоҳо ангушти ишораашро низ боло мекард. Баъд аз адои намоз мисли дигар намозгузорон фотеҳа ва дуо накарда, аз сафи намозгузорон берун гардид. Вақте пурсидам, ки чаро пештар аз дигарон аз масҷид берун шуд, дар посух гуфт, ки вай пайрави салафия, як шохаи нави мазҳаби тасаннун, аст.

Тасаннун аслан соҳиби чаҳор шоха, аз ҷумлаи ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ ва ҳанбалӣ мебошад. Аҳли суннат ва ҷамоа ба Қуръон ва аҳодиси пайғамбар эътиқод дошта, ҳамаи чор шохаи мазҳаби тасаннунро низ дуруст мешуморанд. Аксарияти кулли аҳли суннат дар Тоҷикистон ҳамеша пайравони мазҳаби Абӯ Ҳанифа будаанд.

Пас, аз фурӯпошии Шӯравӣ, дар Тоҷикистон роҳ барои фаъолияти мазҳабу шохаҳои мухталифи дигар низ бозтар гардид. Ба вижа, зуҳури равияҳои нави мазҳаби тасаннун боиси эҷоди баҳсу ихтилофот, бахусус дар маҳфилҳои мазҳабии Тоҷикистон ва аз ҷумла, дар масоҷиди ин кишвар шудааст. Навад дарсади аҳолии мусалмони Тоҷикистон аз мазҳаби тасаннун пайравӣ мекунанд, аммо дар даҳ соли ахир, пас аз фурӯпошии Шӯравӣ роҳ барои фаъолияти мазҳабу шохаҳои мухталиф боз гардид. Ба вижа, равияҳои мухталифе дар мазҳаби тасаннун арзи вуҷуд карданд, ки дар масҷиду нишасту бархостҳо ҳангоми адои шариат дучори баҳсу ихтилоф мешаванд. Таҳлилгарони умури дин, ҳарчанд пайдо шудани ҷараён ё шохаҳои наве дар мазҳаби тасаннунро ишколи фаръӣ арзёбӣ мекунанд, ба ҳар ҳол, дар мавриди пайомадҳои он хушбин ҳам нестанд.

Тӯли чанд соли ахир дар масоҷиди Тоҷикистон афроде ҳам пайдо шудаанд, ки оминро бо садои баланду даст рӯи сина намоз мегузоранд. Онҳо худро «эҳёгарони аҳли суннат» унвон кардаанд ва ҷараёни худро салафия. Ба қавли таҳлилгарон, пайравони шохаи салафия ҷавонони навпайдое ҳастанд, ки дар мадориси давлатҳое назири Арабистони Саудӣ ва Покистон таҳсил намудаанд, давлатҳое, ки мазҳаби салафия ба қадри лозимӣ нуфуз пайдо кардааст.

Адён дар Тоҷикистон: Ислом, насроният, яҳудия, зардуштия ...



Аҳли шиъа ва аҳли суннат дар Тоҷикистон



Аммо салафиҳои Тоҷикистон он қадар теъдоди зиёде ҳам надоранд ва ҳамагӣ се сол бад-ин сӯ фаъолият мекунанд. Онҳо дар Душанбеву Хуҷанд ва навоҳии тобеи пойтахти Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва бино бар ихтилофу ғавғои худ салафиҳо аз будани худ дар кишвар дарак медиҳанд.

Зубайдуллоҳи Розиқ, коршиноси масоили дин, мегӯяд, ки пайравони салафия

агарчӣ таърихи кӯҳан доранд, дар Тоҷикистон тоза пайдо шудаанд. Вай мегӯяд, ин шоха бо шохаҳои дигари мазҳаби тасаннун бархӯрди ҷиддӣ надоранд, яъне пайравони ин шохаи навпайдо бо пайравони шохаи ҳанафӣ бештар сари як суннат, усулҳои мустаҳаб ва одоби намозгузорӣ баҳс мекунанд, ки ба қавли оқои Розиқ ба дини Ислом ҳич таъсири манфие намегузорад:

«Инҳо фақат дар Тоҷикистони мо равияҳои нав ҳастанд. Бо истифода аз ҷанги дохилӣ ҷавонҳои мо ба кишварҳои хориҷ, аз ҷумла Саудӣ ва Миср рафтанд ва таълими исломӣ гирифтанд. Табиист, ки мазҳабҳои гуногун ба онҳо бетаъсир намондаанд. Аммо дар асл мазҳабҳои аҳли тасаннун он қадар зиддиятҳое надоранд, ки зиддиятҳои аслӣ бошанд. Ин зиддиятҳо зиддиятҳои фаръиянд. Ин аслан ба асли Ислом ҳич зарар надорад».

Аммо дар навбати дигар, оқои Розиқ ба пайдо шудани гурӯҳҳои нави мазҳаби тасаннун дар Тоҷикистон хушбин нест ва итминон дорад, ки дар сурати давомдор будани ин баҳсу кашмакашҳои мазҳабӣ, дар миёни аҳли суннат рахнае хоҳад гузошт:

«Ҳич кас холисона барои Ислом хидмат намекунад. Бубинед, Эрон дар Тоҷикистон таъсир дорад, аммо онҳо пайрави шиъа ҳастанд. Салафиҳои мо аз салафиҳои Саудӣ пайравӣ мекунанд. Ташайюъ ва салафиҳо он чунон бо ҳам душмананд, ки якдигарро ҳатто ба куфр маҳкум мекунанд. Қувваҳои берунае, ки мехоҳанд вазъи ҷомеъаро ноором созанд, метавонанд аз ин мухолифатҳо истифода кунанд».

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон низ ахиран бо нашри як китоб воқеъияти таърихии салафиҳоро баён кардааст. Дар китоб омадааст, ки ҳамагӣ ним аср пештар дар идомаи кӯшишҳои ибни Абдуваҳҳоб гурӯҳе бо номи «Муваҳҳидин» ва баъдтар бо номи «Муҳаммадийин» ва ё аҳли ҳадис арзи ҳастӣ карданд ва имрӯз худро «салафӣ» ё «асарӣ» мегӯянд.

Ҳарчанд хостем, бо масъулону пайравони ҷараёни салафия низ ин мавзӯъро матраҳ кунем, аммо эшон ҳозир нашуданд, ки сӯҳбат бикунанд.

Вале дискнавореро пайдо кардем, ки дар он домулло Муҳаммадӣ, раҳбари салафиёни Тоҷикистон, бо муллоҳои мазҳаби ҳанафӣ баҳс мекард ва иддао мекард, ки амали ҷавонони навпайдо ба ҳақиқати Ислом наздиктар аст. Оқои Муҳаммадӣ изҳор кардааст, ки салафиҳо мисли Ҳизбуттаҳрир аҳдофи сиёсӣ надоранд ва фақат ислоҳи усулҳои намозгузориро тақозо доранд. Домулло Муҳаммадӣ дар баҳси худ мегӯяд, ки салафиҳо иҷрокунандаи қавли пайғамбар ҳастанд, яъне аз рӯйи ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад кор мебаранд ва тасбиҳоту дуруду дуои баъд аз намози панҷгонаро қабул надоранд ва инро бидъат меноманд:

Домулло Муҳаммадӣ

«Муллоҳои мо аз пеши худ ҳарчи мегӯянд. Гоҳо ба ҷосусӣ моро муттаҳам мекунанд. Аммо ягон бор ба калисо нарафтаанд ва фаъолияти онҳоро назорат накардаанд. Бутпарастҳо омадаанд, ҳич кас ҳич чиз намегӯяд. Шиъаҳо омадаанд, ҳич кас ҳич чиз намегӯяд. Ёфтаанд фақат салафиҳоро маҳкум мекунанд. Оминро баланд гуфтан фитна аст, ё ҳазрати Абӯбакрро ҳақорат кардан? Оминро баланд гуфтан суннат ва ҳазрати Абӯбакрро ҳақорат кардан нишони фосиқии имони як инсон аст. Аммо Шумо рӯҳафтода нашавед, зеро мо чи қадаре рӯҳафтода бошем, ҳамон андоза зардуштиҳо, насрониҳо ва бутпарастҳо пеш мераванд».

Аммо Мулло Абдураҳим, як рӯҳонии маъруфи Тоҷикистон, ки чашм ба чашм бо домулло Муҳаммадӣ баҳс мекард, мегӯяд, ки салафиҳо аксаран дар масоҷид бо пайравони мазҳаби ҳанафӣ дастогиребон мешаванд ва намози онҳоро ғайрисуннатӣ арзёбӣ мекунанд. Вай таъкид мекунад, ки ин амали салафиҳо фитнае беш нест ва миёни аҳли суннат тафриқаандозӣ асту халос. Мулло Абдураҳим ҳамзамон ба нуктаи дигари ихтилофи салафиҳо бо ҳанафиҳо ишора мекунад, ки ин ҳам баёни хутба қабл аз шурӯъи намози ҷумъа ё одина аст. Ӯ мегӯяд, ки салафиҳо хутбаро дар намози ҷумъа қабул надоранд ва Имоми Аъзамро низ инкор мекунанд:

«Мутаассифона, салафиҳо даъворо дар масоҷид мебардоранд, дар масоҷиди ҳанафиҳо ва мегӯянд, ки эҳёи суннат мекунанд. Салафиҳо баёни хутбаро қабул надоранд ва мутаассифона, Имоми Аъзамро инкор менамоянд».

Дар Тоҷикистон танҳо Салафия ҷараёни нав набудааст. Солҳои қаблӣ, яъне дар оғози солҳои навадум ва баъд аз он, ҷараёни ваҳҳобия низ ба вуҷуд омада буд ва имрӯз ҳам дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон гоҳ-гоҳе пайравонаш садо баланд мекунанд. Бештари пайравони ин ҷараён боз ҳам ҷавонҳое ҳастанд, ки дар Эрону Арабистон таҳсил дидаанд. Ваҳҳобия дар заминаи мазҳаби ҳанбалӣ дар авохири асри ҳаждаҳ дар Арабистон пайдо шудааст. Бунёнгузори ин ҷараён ибни Абдуваҳҳоб аст, ки танҳо ибодат ва парастиши Худоро талқин ва дигар одатҳои аҳли суннатро инкор мекунад. Ақоиди пайравони ваҳҳобияро аксаран гурӯҳҳои ифротгаро низ баён кардаанд ва ба ин тартиб, ваҳҳобия он қадар мақому манзалате дар миёни аҳли тасаннун надорад.

Дар ҳамин ҳол, аз сархатиби масҷиди ҷомеъи Имом Тирмизии Душанбе Ҳамдиллоҳи Раҳимзода мепурсам, ки оё дарвоқеъ ихтилофу баҳсҳо миёни аҳли суннат вуҷуд дорад? Ва дар масҷиди марказӣ оё афроде ҳам ҳастанд, ки ба гунаҳои мухталиф намоз мегузоранд? Оқои Раҳимзода ин андешаҳоро рад намекунад, аммо афроди салафӣ ва пайравони дигар мазоҳибро дар баробари пайравони мазҳаби ҳанафӣ хеле кӯчак мехонад ва бидуни зарар:

«Солҳои ахир баъзе бародароне ҳам пайдо шудаанд, ки дар баъзе масоили ҷузъӣ миёни ҳам ихтилоф доранд. Дар масҷиди мо ҳам як гурӯҳи бародарон оминро баланд мегӯянд, ё дастҳоро болои сина мегиранд, ки ин мухолифи шартҳои Имоми Аъзам аст. Тӯли солҳои зиёд, ки мардуми Тоҷикистон ба яккамазҳабӣ одат кардаанд, ин падида дар байни мардум як нороҳатиро ба бор меорад. Вақте оминро баланд мегӯянд, ё дастро болои сина мегузоранд, албатта, нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд, ин ки худ гуноҳ аст. Аммо ба ҷуз пайравони салафия ягон шохаи дигар дар масҷиди мо нестанд».

Пайдо шудани ҷараёнҳои нав, амсоли ваҳҳобия ва салафия, ки гӯиё ихтилофу баҳсҳои миёни аҳли суннатро дар Тоҷикистон тезутундтар мекунанд, натанҳо уламои исломӣ, балки намозгузоронро низ дар ташвиш гузоштааст. Мусалламан бисёриҳо аз амали салафиҳо ва дигар гурӯҳҳои навпайдои мазҳаби тасаннун дар Тоҷикистон ангушти ҳайрат мегазанд. Бо ин вуҷуд, ҳамаи ин ҳайратзадаҳо ихтилофу баҳсҳои гурӯҳҳои навпайдоро амали кӯчак мепиндоранд.

Бемуболиға, ҳоло дар як масҷид одамон ба се-чор навъ намоз адо мекунанд. Якеи онҳо пайрави мазҳаби ҳанафӣ, дигаре ваҳҳобияву моликия ва дигаре салафӣ. Ва аммо таҳлилгарон мегуянд, дар Тоҷикистон ки як кишвари деморкатӣ ва дунявй мебошад, шохаҳои мухталифи суннат ҳадафи сиёсй ва дар амалҳои худ ангезаи сиёсӣ надоранд ба ҷуз ҲизбуТаҳрир.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз 2 сол пеш мазҳаби салафияро аз ҷумлаи омилҳои хатарзо барои амнияти миллии кишвар унвон карда буданд. Вале тавре ба назар мерасад, алайҳи пайравони ин равия дар Тоҷикистон кадом маъракаи густардаи таъқибу боздошт, чуноне ки бар зидди аъзои Ҳизби Таҳрир ва ё ҳаракати исломии Узбакистон ба роҳ андохтаанд, дида намешавад.

XS
SM
MD
LG