Бозори фурӯши нақлиёт дар шаҳри Хуҷанд пур аз мошину харидор аст, аммо савдо дар авҷ нест. Тоҷирону харидорон соатҳо савдо мекунанд, аммо дар таъини нарх ба мувофиқае намерасанд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ин вазъ баъди қарори раисиҷумҳур дар бораи авфи мошинҳои кӯҳна беҳтар нашудааст.
Мӯъминҷон Саидов, тоҷири мошин сабаби арзон нашудани мошинро ба қурби рубли русӣ рабт медиҳад.
"Агар ҳазор рубл аз 120 сомонӣ боло шавад, савдои мошин ҳам хуб мешавад. Муҳоҷирон омада пулашонро иваз мекунанд ва дар фикри харидани мошин мешаванд. Ҳозир ҳазор рубл аз 104 то 110 сомонӣ аст, онҳо пулашонро нигоҳ медоранд, ки баъди боло шудан иваз карда баъд мошин харанд. Ба фикри ман фарқияташ ҳамин аст. Назар ба солҳои пеш савдо камтар аст,"-афзуд ин ҳамсуҳбати мо.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷирони дигар мегӯянд, боло ё паст шудани нарх “тақозои бозор” аст ва сабабҳои гуногун дошта метавонад. Харҷи яксолаи нигоҳ доштани мошинҳо дар гузаргоҳи гумрукӣ ва гарон шудани қисмҳои эҳтиётӣ боиси афзудани нарх шудааст. Харидорон мегӯянд, чунин нархнома ба ҳама талабгорон мувофиқ нест.
Аҳрулло Раҳимов, сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, “барои шахсони доро мошин арзону барои камбағалҳо нархҳо қиммат аст”.
Қаҳҳор Аҳроров, сокини Кӯҳистони Масчоҳ мегӯяд, аз 50 ҳазор сомонӣ арзон мошин ёфтан номумкин аст.
Дар Тоҷикистон ҳеҷ навъе аз мошини сабукрав истеҳсол намешавад. Мошинҳо ба кишвар асосан аз дасти дуюм ва аз кишварҳои Аврупо, Чин, Куриё, Русия ва Амрико ворид мешавад. Қишри миёнҳол дар Тоҷикистон бештар имкони хариди мошинҳои куҳнае мисли "Опел"-ро доранд. Тоҷирон мегӯянд, мардум тавони харидани мошинҳои навро надоранд ва барои ҳамин талабот ба мошинҳои куҳна зиёд шудааст.
Мӯъминҷон Саидов, тоҷири мошин мегӯяд, акнун ба бозор асосан мошинҳои истеҳсолашон аз 2013 боло ворид мешавад ва нархаш ҳам арзон нест. "Одамон медонанд, ки дигар мошинҳои куҳна мисли "Опел" ворид намешаванд, аз ҳамин сабаб байни худашон хариду фурӯш мекунанд. Барои ҳамин 5 то 10 ҳазор сомонӣ нархи ин мошинҳо боло рафтаанд. Чунки дигар аз ин намуд мошин ба кишвар оварда намешавад."
Ҳукумати Тоҷикистон аввали моҳи сентябри имсол ризоят дод, ки тоҷирон 2522 мошини истеҳсолашон то соли 2013-ро, ки дар истгоҳҳои гумрукии кишвар банд монда буданд, бигиранд. Пештар мақомот онҳоро "куҳна" номида, аз тоҷирон хоста буданд, ё бояд ба кишвари дигар баранд ё ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил диҳанду сипас фурӯшанд.
Қарори манъи вуруди мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 вокунишҳои ҳархеларо ба миён овард. Баъзеҳо онро муҳим хонданд, вале бархи дигар зиёновар. Масъулони Хадамоти Гумрук мегӯянд солона даҳҳо ҳазор чунин мошин вориди Тоҷикистон мешуд. Бархе аз таҷрибаи кишварҳое мисол овардаанд, ки маҳдудияте дар истифодаи мошинҳо ва соли барориши он надоранд ва кори ронандаҳову мардум ҳам осон аст.