Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"2500 мошин дар анбор истодааст." Номаи Хадамот ва дархости тоҷирон


Масъулони Хадамоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, дуним ҳазор мошини куҳна ё соли истеҳсолашон то 2013 дар сарҳад дармондааст ва бояд дар кишварҳои дигар фурӯхта ва ё ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил дода шаванд.

Ҳукумат даромадани ин навъи мошинҳоро аз моҳи октябри соли 2023 манъ кард. Соҳибони мошинҳо аз мақомот як фурсати дигар мехоҳанд, то муфлис нашаванд.

Хуршед Шерализода, муовини раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, рӯзи 18-уми март дар ҷавоб ба номаи Радиои Озодӣ навишт, дуним ҳазор мошини дармонда “дар анборҳои муваққатӣ ҳастанд.”

Хадамоти гумрук ба соҳибони ин мошинҳо ду роҳ пешниҳод кардааст: ё нақлиётро ба кишварҳои дигар баранду фурӯшанд ва ё ба қисмҳои эҳтиётӣ тақсим кунанд. Ҳарду роҳ, ба гуфтаи соҳибкорон, бар зарари онҳост.

Мақомоти Тоҷикистон ҳадафро аз манъи нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 “ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳо ба ҳаво” гуфтанд. Ҳукумат барои соҳибкорон ду моҳ муҳлат дода буд, ки чунин мошинҳоро наоранд. Муҳлате, ки ба гуфтаи соҳибкорон кофӣ набуд.

Ҳусниддин Қобилов, тоҷири мошинҳо, мегӯяд, “як бори дигар муҳлат диҳанд, молу мулкамонро дароварда гирифта, ба кори худ давом диҳем.”

Мошинҳои дармондаро тақрибан метавон дар ҳама гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон дид. Аз ҷумла, дар гузаргоҳи “Дӯстӣ” дар сарҳади Тоҷикистону Узбекистон ва нуқтаи ҷамъшавии нақлиёт дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд.

Соҳибони онҳо мегӯянд, бо умеди тиҷорат ин мошинҳоро аз хориҷа ба Тоҷикистон оварданд, аммо ба ҷойи фойида ҳар рӯз зарар мебинанд. Барои ҳар рӯзи нигоҳдории мошинҳо дар ин ҷо аз 10 то 30 сомонӣ мепардозанд.

Диловар, тоҷири дигари мошинҳо, мегӯяд, аз Кореяи Ҷанубӣ се мошин овард, аммо фурсат наёфт, ки онҳоро то 2-юми октябри соли гузашта вориди Тоҷикистон кунад. “Ин мошинҳоро моҳи август фиристоданд ва то ба Тоҷикистон расиданд, ки муҳлат гузашт. Ҳарсеашон мошини тавлиди соли 2012 ҳастанд. Ҳозир намедонем, чӣ кор кунем. Ҳар рӯз ба зарари мо аст.”

Хуршед Шерализода, муовини раиси Хадамоти гумрук дар посух ба суоли Радиои Озодӣ навиштааст, иҷозаи вуруд барои мошинҳои тавлидашон то соли 2013 дар салоҳияти ҳукумат аст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Мақомот сарнавишти мошинҳои куҳнаро шарҳ доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:08 0:00

Мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 дар муқоиса ба мошинҳои нав арзон ва барои қишри миёна дастрасанд. Бештари мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013, аз 35 то 100 ҳазор сомонӣ (3000 - 9000 доллар) нарх доранд. Нақлиёте, ки баъд аз соли 2014 истеҳсол шудаанд, аз 150 ҳазор сомонӣ (13 ҳазор доллар) боло арзиш доранд.

Бо назардошти дастрас будани нақлиёти тавлидашон то соли 2013, тоҷирон талош мекарданд, ин гуна мошинҳоро аз Кореяи Ҷанубӣ ва Аврупо ба Тоҷикистон оранд. Дар се соли охир ба Тоҷикистон ҳудуди 110 ҳазор мошини тавлидашон то соли 2013 оварда шудааст. Ҳоло тоҷирон намедонанд бо дуним ҳазори боқимонда чӣ кор кунанд.

XS
SM
MD
LG