Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Воридоти мошин зиёд шуд, нарх ҳам боло рафт. ВИДЕО.


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар шаш моҳи соли равон воридоти мошин ба кишвар зиёд шуд. Афзоиши воридоти нақлиёти сабукрав пас аз бардошта шудани маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 имконпазир гардид. Аммо сокинон гуфтанд, бо вуҷуди зиёд шудани нақлиёт нархи он на поён, балки баръакс боло рафтааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, имсол тоҷирон ба кишвар нақлиёти бештар ворид карданд.

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук зимни як нишасти хабарӣ гуфт, дар нимсолаи аввал ба ҷумҳурӣ зиёда аз 21 ҳазор нақлиёти сабукрав ворид шудааст, ки назар ба ҳамин давраи 4 ҳазор бештар аст. Ба гуфтаи Каримзода, аз ҳисоби воридоти мошин ба буҷаи кишвар 82,2 миллион сомонӣ ё 8,2 миллион доллар маблағ ворид шуд.

Афзоиши воридоти мошин ба кишварро метавон дар бозори фурӯши нақлиёт ҳам мушоҳида кард. Бозори мошин дар канори Душанбе рӯзҳои истироҳат серодам аст. Аз тамоми минтақаҳои кишвар, бахусус аз вилояти Суғд ба инҷо мошин меоранд. Фурӯшандаҳо ва харидорон мегӯянд, бозор назар ба ду соли гузашта гармтар аст. Аммо на ҳама аз нархҳо розиянд. Аз ҷумла, Иззатулло Хоҷаев, ки сабукрави "Ҳюндай" харидааст.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, соли гузашта як рафиқаш ҳамин гуна мошини "Ҳюндай"-ро 75 ҳазор сомонӣ гирифт. "Имсол ман ҳаминхел мошинро 85 ҳазор сомонӣ харидам. Назар ба соли гузашта 10 ҳазор сомонӣ фарқ мекунад".

Бештари мошинҳо дар Тоҷикистон истеҳсоли кишварҳои Аврупо, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон ҳастанд. Ба ҷуз аз гаронарзишҳо, аксари мошинҳое, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, дасти дуюманд. Як қисми мошинҳоро баъди ворид кардан дар вилояти Суғд таъмир карда, баъдан вориди бозор мекунанд.

Содир, як тоҷири мошин аз вилояти Суғд ба ҳамин кор машғул аст. Мегӯяд, аз марз мошинҳоро мехаранд ва баъди таъмир ва рангу бор ба бозор мебароранд. Ин тоҷир сабаби гарон будани мошинҳоро ба чанд омил рабт медиҳад.

"Расмиёти гумрукӣ қимат шуд, ранг, нархи хизмати устоҳо ҳам боло рафт. Баъзе мошинҳо то 17-18 ҳазор сомонӣ хароҷот мешавад, то бозори Душанбе меорем ва аз се ҳафта то як моҳ меистад. Ҳамаи ин хароҷот аст ва болои нархи мошин изофа мешавад. Дигараш инки ба мошин талабот ҳаст",-мегӯяд ин тоҷир.

Як сабаби гаронӣ, душвортар шудани овардани мошинҳо будааст. Тоҷирон гуфтанд, то давраи пандемия сабукравҳоро бо қатора меоварданд ва харҷаш камтар буд. Ҳоло аксари мошинҳоро дар роҳҳои дароз ронда ё дар боркашҳо меоранд.

Тоҷири мошин Содир мегӯяд, вақте нақлиётро бо қатора меоранд, хароҷоташ камтар мешавад.

Мақомот борҳо аз афзоиши воридоти мошин ба кишвар ситоиш карда, онро нишони беҳбуди зиндагии мардум номидаанд. Аммо бархе сокинон мегӯянд, вақте дар дохили кишвар ҷойи кор надоранд, маҷбуранд, ки бо қарз мошин харида, таксиронӣ кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG