"Нархи билети ҳавопаймо бояд барои мардум дастрас бошад"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Пас аз чанд сол қарздорӣ ва "танаффус", ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" эълон кард, ки ҳавопаймоҳояшро дубора ба ҳаракат медарорад, аммо дар ҳоли ҳозир танҳо дар масири Душанбе-Хоруғ. Маълум нест, то куҷо комёб хоҳад шуд.

Мақомот якуним сол пеш низ азсаргирии парвози ҳавопаймоҳоро байни Душанбе ва Хоруғ эълом карда, баъд аз як парвози озмоишӣ ин тарҳро ба гӯшаи фаромӯшӣ бурда буданд.

Парвиз Шодмонзода, мудири кулли ширкати "Тоҷик Эйр", рӯзи 27-уми сентябр гуфт, парвози ҳавопаймо аз Душанбе ба Хоруғ вобаста ба вазъи ҳаво аз 30-юми сентябр оғоз хоҳад шуд. Ҳафтае се бор – рӯзҳои душанбе, чоршанбе ва шанбе. Ҳавопаймое, ки қарор аст мусофиронро аз пойтахт ба маркази вилояти Бадахшон барад, "АН-28" аст ва барои 17 нафар ҷой дорад.

Тӯли парвоз аз Душанбе то Хоруғ як соату даҳ дақиқа ва арзиши билет 900 сомонӣ будааст. Бархе арзиши билетро гарон медонанд. Иддае онро аз роҳи заминии дароз ва душворгузару таъмирталаб, ки роҳкирояш то 400 сомонист, беҳтар мешуморанд.

Сайф Сафар, сокини Душанбе, яке аз онҳоест, ки барои рафтан ба вилояти Бадахшон билет харидааст. Ӯ мегӯяд, "ин иқдом бисёр бомаврид аст, бахусус, дар замоне ки шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ дар ҳоли бозсозӣ аст ва мусофирон бо мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Баъзе аз корафтодагон ва беморон ҳамеша ниёз ба ҳамин парвоз доранд."

Аюб Эгамов

"Нархи билети ҳавопаймо бояд барои мардум дастрас бошад. 900 сомонӣ гарон аст. Ҳамин масофа дар дохили Аврупо бо ширкатҳои хусусӣ тахминан 20-25 евро, яъне 250-300 сомонист. Баланд будани нархи билети ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" шояд сабабҳои иқтисодӣ дорад. Мумкин аст, ҳавопаймоҳо дар лизинг бошанд ё арзиши сӯзишворӣ гарон аст," -- шарҳ дод Аюб Эгамов, коршиноси масоили иқтисодӣ.

Роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон якуним сол пеш азсаргирии парвози ҳавопаймоҳоро байни Душанбе ва Хоруғ эълом карда буданд. Онҳо гуфта буданд, ки бо ҳимояти президент Эмомалӣ Раҳмон ҳавопаймои “L410 NG” ба Хоруғ як парвози озмоишӣ анҷом дод ва иртиботи ҳавоӣ бо ВМКБ барқарор мешавад.

Он замон ширкати “LET Aircraft Industries”, ки дар Чехия воқеъ аст, муштарак бо ширкати “Сомон Эйр” дар фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе ҳавопаймои “L410 NG”-ро муаррифӣ карданд. Аммо манобеи наздик ба ширкати "Сомон Эйр" гуфтанд, парвози озмоишии Душанбе-Хоруғ камдаромад буд ва ҳамин далел ин тарҳ ноком монд.

Аз он пеш, соли 2019, ширкати хусусии “Pactec International” аз шурӯи парвоз ба Хоруғ хабар дода, аммо бо мушкили ҳазинаи сӯхт ва харҷҳои дигар дучор шуд.

Ҳавопаймоҳои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" аз соли 2019 ба ин тараф парвоз намекунанд. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки "Тоҷик Эйр" аз идораи андоз (молиёт), бонкҳо, фурудгоҳҳо ва хадамоти техникӣ зиёда аз 40 миллион доллар қарздор аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Осмони баста. Буҳрони "Тоҷик Эйр" натиҷаи кори кӣ ва ба манфиати кист?