Ширкати бразилии “Эмбрайер” ҳавопаймои навъи Embraer E190-E-2-ро дар Тоҷикистон муаррифӣ кард. Ин тайёраи начандон бузург барои парвозҳои начандон тӯлонӣ пешбинӣ шуда, харҷи камтар доштааст.
- Қаблан ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон гуфта буд, ки ният дорад чанд ҳавопаймои “Эмбрайер” харида, аз ҷумла дар масири Душанбе-Хоруғ истифода кунад. Ҳавопаймои бразилии Embraer аз 97 то 114 ҷойи нишаст дорад ва дар масофаҳои кӯтоҳ ва миёна парвозҳо анҷом медиҳад.
Сергей Профименко, намояндаи минтақавии ширкати “Эмбрайер” рӯзи 14-уми сентябр гуфт, “ҳавопаймое, ки имрӯз муаррифӣ кардем, то 3 соат ва дар баландии то 12 500 метр парвоз мекунад.”
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Муаррифии тайёраи Embraer E190-E-2 бо анҷоми як парвози озмоишии 45-дақиқаӣ дар минтақаҳои куҳистонии шарқи Тоҷикистон, аз Душанбе то қуллаи Исмоилӣ Сомонӣ дар вилояти Бадахшон, сурат гирифт. Бадахшон дар фосилаи беш 500 километр аз пойтахти Тоҷикистон ҷойгир буда, сокинон барои сафар ба ин минтақа ҳудудан як шабонарӯзро сарф карда, дар роҳ чанд қитъаи пурхатари роҳро убур мекунанд. Ҳавопаймо ин фосиларо дар як соат тай мекунад.
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, ки "ин ҳавопаймо то 100 ҷойи нишаст дорад ва пайдо кардани мусофир осонтар аст."
Масофаи роҳ ба минтақаҳои қуҳистонии Тоҷикистон чандон тӯлонӣ нест, вале бо манзури ҷуғрофияи мушкили куҳистонӣ дар фаслҳои махсусан сард ҳаракат дар ин ҷодаҳоро мушкил мекунад. Ба ин далел дар гузашта тайёраҳои хурд ҳатто миёни Душанбе ва маркази ноҳияҳо парвоз мекарданд.
Як сокини шаҳри Душанбе гуфт, “агар бо роҳи ҳавоӣ ба ноҳияҳои куҳистонӣ хатсайрҳо боз шавад, мушкили мардум осонтар мешавад. Дар вақти таъҷилӣ мардум ба ҷои даркорӣ худро зуд мерасонад.”
Адами тайёраҳои хурди камхарҷ ҳоло самти парвозҳои дохилии ширкатҳои ватании ҳавопаймоиро маҳдуд кардааст. Тайёраҳои бузурги ширкатҳои "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" маъмулан ба Хуҷанд ва шаҳрҳои дигар парвозҳо анҷом медиҳанд. Зеро тайёраҳои бузурги ин ширкатҳо барои парвозҳои кӯтоҳ харҷи худро пӯшонда наметавонанд.
Ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон моҳи марти имсол эълон кард, ки ният дорад, чанд ҳавопаймои навъи “Эмбрайер” (Embraer E190-E2)-ро харидорӣ кунад. Баҳодур Раҳимов, раиси техникии ширкати “Сомон Эйр”, дар як намоишгоҳи ҳавопаймоҳо дар Маскав гуфта буд, ин ҳавопаймоҳоро барои анҷоми парвоз дар масирҳои дохили кишвар ва шаҳрҳои Узбекистон истифода хоҳанд кард.
Парки ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ҳоло асосан аз ҳавопаймоҳои Boeing иборатанд. Ин ширкат 6 ҳавопаймои тамғаи Boeing 737-300, Boeing 737-800 ва Boeing 737-900-ро дар ихтиёр дорад. Ҳавопаймоҳои ширкат соли 2017 ним миллион мусофир кашондаанд.