Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анна Смолина: "Дили мо барои ҳамеша дар Помир монд"


Анна Смолина ҳамроҳ бо шавҳараш Валерий Болт
Анна Смолина ҳамроҳ бо шавҳараш Валерий Болт

Гардишгари рус Анна Смолина ҳамроҳ бо шавҳари худ Валерий Болт ва сагашон дар соли 2018 масири Помирро аз шаҳри Ӯши Қирғизистон то Мурғоб, сипас тавассути ноҳияи Ишкошим то Хоруғ пиёда тай карданд.

Шароити душвори роҳ онҳоро маҷбур кард, ки дар ин масири сайёҳӣ харро низ ҳамсафари худ кунанд. Тассуроти худ аз сафар ба Тоҷикистон ва зиндагии нӯҳмоҳааш дар ин кишварро Анна дар китобе бо номи “Чаро дар хона бимони? Китоби Дуюм. Пиёда. Масири Помир", шарик кард, ки дар замони хеле кутоҳе дар ЛитРес шомили рӯйхати пурфурӯштаринҳо шуд. Радиои Озодӣ бо Анна дар мавриди сафараш ба Тоҷикистон, таассурот дар бораи мардуми кишвар ва фалсафаи зиндагии ӯ суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Чи чизе шуморо барои сафар ба масири Помир савқ дод?

Анна Смолина: Мо саёҳатро дӯст медорем, зиндагии хуб мекунем, дар бисёре аз кишварҳо будаем, ин бор хостем як чизи усулан нав бошад. Мехостем ба як дунёи дигаре биравем, ки тавоноии худро дар шароити душвор имтиҳон кунем. Аз рӯйи аксҳои интернет Помир маҳз ҳамин гуна дар назар менамуд, ки мо дар ин бора зиёд фикр накардем ва тасмим гирифтем.​

Радиои Озодӣ: Чаро шумо тасмим гирифтед, ки пиёда биравед, на бо мошин?

Анна Смолина: Ману шавҳарам бо барномаи сафар ошно шудем, ҳар ду гардиш бо дучархаро хуш доштем ва хатсайреро интихоб кардем, ки чанд ҳазор километр буд ва сафар чанд моҳ давом мекард. Гардишҳои кӯтоҳ барои мо ҷолиб набуд, барои мо чунин менамуд, ки ду ҳафта кофӣ нест, то воқеан ҷода ва мардумеро, ки дар давоми роҳ мебинем, эҳсос кунем. Соли 2018 вақти рафтан ба Помир мо тасмим гирифтем барои худ таҷрибаи нав бигузаронем – пиёда гаштани масир. Ҳар сангпораро бубинему бо ҳар касе аз пеш меояд салом кунем. Барои чунин ошноие шитобе дар кор нест. Ман фикр мекунам дар мошин одам парвоз мекунад ва фурсат намеёбад, ки воқеияти ҳолро дар худ бигирад.​

Радиои Озодӣ: Дар бораи ин нақл кунед, ки харбача (хутик)-ро аз куҷо ҳамроҳ гирифтед, ки дар сафар шумо бо доштани он аз дигар ҷаҳонгардон фарқ мекардед?

Анна Смолина: Вақте мо нав ба роҳ баромадем (аз тарафи Ӯш) чанд рӯз гузашта буд, ки ман поямро лат додам. Аз гаронии бори пуштам пойҳоям осеб диданд ва бо чунин ҷароҳат давом додани роҳ номумкин буд. Мо фикр кардем, ки як хар бихарем ва то Тоҷикистон (шаҳраки Мурғоб) бирасем. Дар аввал ба дунболи одаме мегаштем, ки розӣ шавад ба мо ин ҳайвони савориро бифурӯшад. Ба ҳамин тартиб мочахар (хари мода)-и мо Сяба пайдо шуд, вале чӯпоне, ки онро фурӯхт, моро фиреб дода буд. Мочахар бисёр пир ва касалӣ буд. Бо гузашти чанд рӯз мо маҷбур шудем ба Мурғоб баргардем ва барои ҳали ин мавзуъ ба идораи пулис муроҷиат кунем. Дар идома дар масири роҳ ба сӯйи Аличур, мо хари дигари ҷавону пурқувватеро харидем. Ин хар ҳамсафари мо шуд ва борҳои моро мекашонд.​

Радиои Озодӣ: Интизор ва таассуроти аввалияи шумо аз минтақаи Қирғизистону Тоҷикистон чӣ буд?​

Анна Смолина: Пеш аз сафар ба Осиёи Марказӣ нигарон будем, хусусан аз минтақаи ВМКБ, ки ҳаммарз бо Афғонистон аст. Мо, қаблан ошноии воқеӣ бо қирғизҳову тоҷикҳо надоштем, танҳо шунида будем, ки инҳо мардуми меҳмоннавозе ҳастанд. Вале ин ки оё амнияти мо таъмин мешавад ва дар ин ҷойҳо бо мардуми словиянтаборҳо чӣ муносибате мекунанд – намедонистем. Вале ҳамин, ки сафар кардем, ин ҳама нигарониҳо хеле зуд гузаштанд. Аз рӯзҳои нахустин, ҳам дар Қирғизистон ва ҳам дар Тоҷикистон, мардум барои мо ғамхории бисёре карданд ва ин албатта тасаввуроти моро дар бораи Осиёи Марказӣ комилан тағйир дод. Ҳама ҷо эҳсоси ғамхориву ёрдам буд. Албатта, одамон гуногунанд, бидуни ин ҳеч кишваре нест, вале ҳатто таҷрибаҳои талх ҳам тасаввуроти кулии моро халалдор накард.

Дили мо барои ҳамеша дар Помир боқӣ монд. Имсол мо талош кардем дубора баргардем, бо дучарха аз Бухоро равон шудем, вале вақте то Душанбе камтар аз 300 км дигар монда буд, фаҳмидем, ки марзҳоро бастаанд. Коронавирус то Осиёи Марказӣ ҳам расид. Агар соли оянда вазъ тағйир ёбад, мехоҳем, ки дигарбора баргардем ва ин бор барои зиндагӣ кардан. Мехоҳем баробари помириён ин имтиҳонотро бигзарем.

Дар бораи зимистонгузаронӣ дар Аличур фикр мекунем, ки дар атроф чизе набошад, бидуни интернет ва ҳатто бигузор нимгуруснагӣ бошад. Танҳо мехоҳем инро ҳам аз сар бигузаронем. Инро фаҳмондан душвор аст. Вале барои ҷойи кор мо масъулиятҳое дорем, ки наметавонем мустақилона барои чанд моҳ биравем, аз ин рӯ ба сифати макони ҷойгузин рӯйи Хоруғ фикр дорем. Албатт Хоруғу Аличур як нестанд, вале мо ҳатман ягон чизи дигареро ҳам фикр мекунем.​

Радиои Озодӣ: Роҳро чӣ гуна паймудед, оё он душвориҳое, ки рӯ ба рӯ шудед, интизор доштед?​

Анна Смолина: Дар ҳақиқат осон набуд, вале мо, дар воқеъ мунтазир будем, ки бадтар ҳам мешавад. Душвориҳое, ки мо дучор шудем, хусусан аз Аличур то Ишкошим буд. Дар аввал об барои нӯшидан набуд, дувум тӯшаи роҳи мо ҳамеша тамом мешуд, ки ҷойе набуд бихарем. Моро ҳамеша помириҳо мадад мекарданд, ҳатто марзбонон. Гардишгарони дигаре, ки бо мошин дар сафар буданд, низ ёрӣ мекарданд. Тасаввуроте ҳосил шуд, ки Помир ҳамаро муттаҳид мекунад.

Саранҷом як шаб гургҳо ба мо ҳамла карданд. Ба ману шавҳарам чизе нашуд, вале хари моро дандон заданд ва ба мадади мо боз мардуми маҳаллӣ расиданд. Харро мо табобат кардем ва роҳро идома додем.​

Радиои Озодӣ: Чанд вақт шумо дар Тоҷикистон зиндагӣ кардед ва чӣ ёду хотироте аз мардум боқӣ монд? Аз ҳам беш ва аз ҳама кам чӣ чизе писанд омад?

Анна Смолина: Дар Тоҷикистон мо нӯҳ моҳ будем, ки се моҳаш дар Помир ва шаш моҳ дар Душанбе буд. Тасаввурот бисёр сардаргумкунандаанд. Агар дар бораи мардум гап занем, дасту пову биниву ҳамаашон мисли мост, вале раванди фикр ва шеваи зиндагӣ дигар аст. Самимияту содагӣ бисёр аст, ҳамеша омодаанд ёрӣ кунанд. Хеле кам нафареро во мехӯред, ки ниятҳои бад дошта бошад. Тасаввуроте буд, ки ҳамаи кишвар як хонавода аст, ҳарчанд борҳо дар бораи ҳаводиси солҳои навадум шунидему мегуфтанд.

Агар дар бораи минтақа ҳарф занем, минтақаҳои баландкӯҳ ҳамеша ҳайрон мекунанд. Мо деҳаҳоеро дидем, ки он ҷо тақрибан чизе нест. Гап на танҳо сари дӯкон аст, балки сари барқу лӯлаҳои об низ ҳаст, ки бе онҳо ба назар мерасад, ки зиндагӣ номумкин аст. Шунидем, ки дар Мурғоб нерӯгоҳ бунёд кардаанд, вале баҳори соли 2018 ин ҳама набуд, вале бо ин вуҷуд мардум ҳадаф надоштанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Ин зеҳни нафароне мисли мо сайёҳҳони гумроҳро тағйир медиҳад ва нақши худро дар вуҷуди мо бар ҷой мегузорад. Мо аз воқеиятҳои дигарем, бо усулҳои дигар зиндагӣ мекунем. Дар ҷойҳое, ки ба назар мерасад тамоми дунё дар сардаргумист, арзишҳо мубтанӣ бар чизҳоянд, на бар одамон. Сипас вақте ба Помир меойед зиндагии санҷидашудаеро мебинед ва дарк мекунед, ки ин ҷо чизҳои арзишманде боқӣ мондаанд, хусусан–меҳр ба одам, инсонҳо. Ин муҳимтарин тасаввуроти мост.​

Радиои Озодӣ: Чаро шумо тасмим гирифтед, ки китоб бинависед ва ба василаи он чӣ чизеро мехоҳед ба хонандагон бирасонед?

Анна Смолина: Дар бораи Помир адабиёти зиёди ҳунарӣ вуҷуд надорад, дар маҷмуъ чанд то ҳаст. Китоби мо дар бораи бузургроҳи Помир ҳамагӣ чанд ҳафта пеш нашр шуд ва аллакай шомили рӯйхати пурфурӯштаринҳо шуд, ки нанавиштани он ҷиноят буд. Дар Русия хеле кам касоне ҳастанд, ки дар бораи ин минтақа шунида бошанд. Зимнан, ин кишвари пешини муттаҳидаи мост ва ҳатто агар дар шароити бисёр сахте қарор дорад, аммо асолате, ки Тоҷикистон тавонистааст онро ҳифз кунад, одами муосирро маҷбур мекунад, ки ба ҳама чиз бо чашмони дигаре бингарад.

Ҳатто ҳама чизро агар мо аз тариқи дидгоҳҳои худ ва таҷрибаи азсаргузаронидаи шахсии хонаводаи худ нишон медиҳем, ин арзишҳоро канор намезанад ва умедворем барои бисёриҳо бозёфти инчунинӣ мешавад. Саёҳат набояд ҳамеша соҳилӣ ва бо меъёри “бо ҳама шароиташ” бошад, балки бояд барои рушди маънавӣ ҳам фоидаовар бошад.​

Радиои Озодӣ: Шумо оё мушкили таъмини амнияти худро дар давоми сафар доштед?​

Анна Смолина: Мушкилоти мустақим, агар ҳамлаи гургҳоро ҳисоб накунем, набуд. Вале хатарҳои эҳтимолӣ, шояд хатари рафтан дар имтидоди марзи Афғонистон буд. Афғонҳо бо мо хеле бисёр рӯ ба рӯ шуданд, чизҳое мегуфтанду садо мезаданд. Онҳо чӣ ният доштанд, мо намедонистем, мардуми маҳаллӣ дар бораи онҳо ҳар гуна назар доштанд. Касоне моро метарсониданд, ки эҳтиёт бошем, баъзеҳо баръакс мегуфтанд, ки дар он сӯйи дарё хешовандони онҳо, мисли онҳо помириҳо зиндагӣ мекунанд, то замоне ки дарёи Панҷ марзи ин ду давлат шуд.

Як вақте дар паҳлӯи мо як мошини биёбонгард истод, марде дид, ки афғонҳо ба сӯйи мо дастафшонӣ мекунанд ва мо ҳам ба онҳо даст меафшонем, хитоб кард, ки агар бо афғонҳо робита кунед, шуморо барои бозпурсӣ даъват мекунанд ва дар ҳамкорӣ бо террористҳо гумонбар. Ин бисёр нохушоянд буд, вале бисёр омӯзанда буд, ки дар фурсатҳои дигар мо худдорӣ кунем.

Мо хеле ба душворӣ хабари қатли гардишгарон дар ҷануби Тоҷикистонро таҳаммул кардем. Он замон мо дар Хоруғ гармиҳоро мегузаронидем. Вақте дар бораи ин ҳодисаи фоҷиавӣ шунидем, тасмим гирифтем, ки идомаро пиёда наравем, ба назар мерасид, ки ҳамон “ҳисси ғамхорӣ” аз миён рафт, намехостем давоми роҳро биравем ва ин тасаввур буд, ки аз ҳар мошине, ки наздик мешавад хатар таҳдид мекунад.

Баъди Хоруғ мо бо таксӣ ба Норак омадем ва баъдан то Искандаркӯл рафтем ва бо омадани сентябр тасмим гирифтем, ки замоне фаро расид, ки каме бимонем. Дар Душанбе хонаеро иҷора гирифтем, Соли Нави 2019-ро пешвоз гирифтем ва моҳи феврал ба Туркия рафтем, ки дубора пиёда сафарро давом додем, вале дар хатсайри нав.​

Радиои Озодӣ: Фалсафаи зиндагии шумо мубтанӣ бар чист? Оё шумо сафарҳои худро давом медиҳед ва аз ин чӣ эҳсосе мегиред?​

Анна Смолина: Хоҳиш мекунам, мо ҳеч фалсафае надорем, ба ҷуз ин ки зиндагӣ бояд ҳамроҳ бо шодиҳо бошад, вагарна ин гуна зиндагӣ чӣ лозим аст? Ман солҳои зиёде дар дафтар кор кардам, корам хеле хушоянду халлоқона буд. Раҳбар будам, вале зиндагӣ аз канорам рад шуд ва ман худро одами хушбахте ҳис накардам. Балки баръакс, дар назарам аспи саворие намуд. Як рӯзе тасмим гирифтам, ки ин ҳамаро ислоҳ кунам. Баъдан бо шавҳарам ошно шудем, ки мисли худам як ошиқи сарсахти саёҳат буд ва мо якҷоя шудем. Моро роҳҳо садо мезананд, чизе мисли кӯчиҳои мудерну муосир.

Ҳоло, албатта дар вақти ҳамагирӣ, дар хона нишастанро бисёр маҷбур пушти сар мегузорем. Зимистони гузаштаро дар Узбекистон гузаронидем. Ба он ҷо бо дучарха рафтем ва зимистон дар Бухоро мондем. Мунтазир будем, ки гармиҳо фаро бирасаду дубора ба Помир биравем, вале ба ҷойи ин маҷбур шудем ба хона баргардем. Чизе ки ба фоидаи мо ҳам шуд, ман билахира тавонистам китобамро дар бораи Помир бинависам. Шояд баҳор китоби сеюмро дар бораи Туркия, Қазоқистон ва Узбекистон бинависам.

Китобҳои ман дар шакли занҷираӣ ҳастанд, бо номи “Чаро дар хона бимонем?” ва дар идома онҳо тақсим мешаванд. Китоби якум ба гардиши шашмоҳа дар Русия ва дувум ба Помир бахшида шудааст. Ҳоло нияти навиштани сеюмро дорам. Ин шеваи зиндагии ғайримуқаррарӣ аст, ба ин васила мехоҳам таҷрибаҳоямро шарик бисозам. Аз рӯйи китоби аввал бояд дар баҳори оянда банаворгирии филми бадеии “Рафта”- ("Поехавшая"), оғоз шавад, ки пулашро Бунёди Кино медиҳад. Соли 2022 филм бояд дар Русия ва кишварҳои ИДМ намоиш дода шавад. Кӣ медонад, шояд филми дувум ҳам дар бораи Помир ба вуҷуд биояд, мо инро бисёр мехоҳем.

XS
SM
MD
LG