Як зани тоҷик, ки чаҳордаҳ сол пеш ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ гирифтор шудааст, мегӯяд, ҳоло худро "инсони комилан солим" медонад.
Ин зани 45-сола, ки шартан аз ӯ Розия ном мебарем, гуфт, соли 2006 тасодуфан хабар ёфт, ки беморӣ ба вай сироят кардааст. Он замон ҳеч дард надошт ва танҳо барои хунсупорӣ ба ташхисгоҳ рафта буд.
"Дар он ҷо маълум шуд, ки ВИЧ ба ман сироят кардааст. Шавҳарам дар муҳоҷират буд, занг задам. Гуфт, ки беморӣ аз ӯ ба ман гузаштааст", -- ба ёд овард ӯ.
Зан нақл кард, ки шавҳараш нашъаманд буд ва намедонад, ӯро тасодуфан ё барқасд бемор кардааст. Ҳоло сари ин мавзуъ баҳс намекунад, чун андеша дорад, ки "кор аз кор гузаштааст ва бояд дар фикри оянда буд".
Розия гуфт, пештар бовар дошт, вақте ВИЧ ба инсон сироят мекунад, зиндагӣ тамом мешавад, вале мегӯяд, чаҳордаҳ сол боз бо ин вирус зиндагӣ дорад.
Ӯ гуфт, соли 2006 духтараш дусола буд. Ташхис нишон додааст, ки беморӣ ба духтараш низ сироят кардааст. Аз ин рӯ, Розия хулоса мекунад, пеш аз ҳамл, эҳтимол солҳои 2002 ё 2003, ба ин беморӣ гирифтор шудааст.
"Фаҳмидам, ки бо ин касал ҳам зиндагӣ карда мешавад Табобат кунӣ, умрат дарозтар мешавад. 14 сол аст, ки бо ҳамин зиндагӣ дорам. Бо ВИЧ ҳам бо умед зиндагӣ карда мешудааст. Духтарам низ хуб аст. Ҳоло 16-сола шудааст", -- гуфт ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин зан мегӯяд, пас аз пайдо шудани коронавирус таваҷҷуҳ ба гирифторони ВИЧ камтар шудааст. Вай гуфт, аз як тараф ин бар зиёни одамони гирифтори ин вирус аст, аммо аз тарафи дигар табъизро камтар мекунад.
“Духтарам тарс дошт, ки агар талабаҳоямон дар мактаб фаҳманд, маро таҳқир мекунанд ва шояд аз синф пеш кунанд. Ба гуфтаи худаш, ҳамин коронавирус баромад ва гапи ВИЧ/СПИД кӯҳна шуд. То ин вақт духтарам мегуфт, вақте дар бораи ВИЧ/СПИД дар мактаб суҳбат мекарданд, хиҷолат мекашид. Чун мардуми мо бисёр бо таҳқир дар ин бора гап мезананд", -- афзуд ӯ.
Ин хонавода гирифтории худро ба ВИЧ аз дигарон пинҳон медоранд, чун мегӯянд, дар ҷомеаи суннатӣ гирифторони ин вирус табъиз мешаванд.
Дар 30 соли ахир дар Тоҷикистон мисли Розия беш аз 12 ҳазору 800 нафарро ҳамчун гирифтори ВИЧ сабт кардаанд. Зиёда аз се ҳазор нафар фавтида, бештар аз 9 ҳазор нафари дигар бо ин вирус зиндагӣ доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Мубориза бо СПИД дар пасманзари COVID-19. Як мубталои ВИЧ дар Тоҷикистон аз коронавирус ҷон бохтаастПадар даъво дорад, писарашро табибон ба ВИЧ мубтало кардаандОзору бадрафторӣ бо занону кӯдакони гирифтори ВИЧ дар ТоҷикистонДаҳҳо кӯдак дар Тоҷикистон аз "роҳи номаълум" ба ВИЧ мубтало шудаандДар Суғд панҷ зани мубтало ба ВИЧ-ро ба зиндон андохтандТо 12 соли зиндон – ҷазои табибони тоҷик барои хунукназарӣ. ВИДЕОҶуфти гирифтори ВИЧ дар орзуи фарзанд. ВИДЕО