Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷуфти гирифтори ВИЧ дар орзуи фарзанд. ВИДЕО


Ду сокини вилояти Суғд, ки чандин сол пеш ба вируси норасоии масунияти бадан ё СПИД гирифтор шудаанд, баъди се даҳсола тоза шиносномаи шаҳрванди Тоҷикистонро ба даст гирифтанд.

Дар орзуи зиндагии беҳтар

Александра Кудашкинаи 28-сола ва Николай Назриеви 36-сола солиёни зиёд дар шароити бехонаву дарӣ ваё ба қавли худашон "бомж" зиндагӣ карда, дар ҳамин шароит бо ҳам ошно шуданд.

Ин ду нафар мегӯянд, сарнавишти ҳамсон онҳоро ба ҳам овард. Аз кӯдакӣ бе падару модар монда, кӯчагард шуданд.

Ҳоло баъди соҳиби шиноснома шудани ин ҳарду, орзуи арӯсӣ ва ҳам пайдо кардани кори расмӣ дили онҳоро гарм мекунад. Баҳрӣ Абдураҳмонова, раҳбари созмони ҷамъиятии "Диёр" дар Хуҷанд, ки барои қонунӣ кардани мақоми Александраву Николай кӯмак кардааст, мегӯяд, ҷараёни таҳияи санад барои ин ду нафар душвор буд.

"Медонед, гирифтани шиноснома барои инҳо осон набуд. Тавассути телефони "Боварӣ" вазири корҳои дохилӣ ба мо ёрӣ расонд. Онҳо, ҳарду гирифтори ВИЧ-анд. Аммо аз ҳама муҳим он ки ҳамдигарро дастгирӣ мекунанд. Бо ҳам зиндагӣ доранд ва мехоҳанд издивоҷ кунанд. Аллакай либоси арӯсиро ҳам интихоб карданд. Умедворам, ки издивоҷашонро бо ҳам таҷлил мекунем".

Ҷуфти гирифтори ВИЧ аз Суғд орзуи фарзанд дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:58 0:00

Александра Кудашкина мегӯяд, дар ҳафтсолагӣ бародараш ӯро аз хона пеш кард ва аз ҳамон замон то имрӯз бехонаву дар ва беҳуқуқ зиндагӣ кардааст. "Ин рӯзро мо 15 сол интизор будем. Акнун ҳамааш хуб шуд. Мехоҳем бо Коля издивоҷ кунем".

Шиноснома дар зиндагии ин ҷуфт уфуқҳои нави дарёфти ҷои кор ва сарпаноҳро низ фароҳам мекунад. Мушкиле, ки ҳамеша домангири онҳо буд. Аввалин пешниҳоди касбу коромӯзиро вақти гирифтани шиноснома дарёфт карданд.

Олеся Тремасова, як корманди созмони ҷамъиятии "Амали нек" дар Хуҷанд аст. Ӯ гуфт, ин созмон аз роҳи Бунёди СПИД ба ин ҷуфт кӯмак мекунад. Вай гуфт, ки занон дар литсей дӯзандагиву пазандагӣ ва сартароширо ёд мегиранду ба мардон дар литсей касби барқчӣ ва кафшергарӣ таълим дода мешавад. Давраи омӯзиш 3 моҳ ва ройгон аст.

Ба қавли хонум Тремасова, ҳоло панҷ нафари дигари гирифтор ба ВИЧ дар ин омӯзишгоҳҳо таҳсил карда, соҳиби касбу кор шудаанд. Николай гуфт, ки тасмим гирифтааст ихтисоси электрикро азхуд кунад, вале Александра ҳанӯз интихоби худро накардааст.

Сарнавишти ҳамсон ин дуро ба ҳам овард

Ин ду нафар мегӯянд, сарнавишти ҳамсон онҳоро ба ҳам овард. Аз кӯдакӣ бе падару модар монда кӯчагард шуданд. Александра солҳои охир дар як кулбаи кӯҳӣ дар канори Хуҷанд ва дур аз мардум бидуни оддитарин шароити зиндагӣ ба сар мебарад.

Онҳо мегӯянд, ки бори аввал вируси СПИД нахуст дар бадани Николай ошкор шуд. Ӯ гуфт, як зани дӯстдоштае дошт, ки ӯро олуда карду рафт. Баъди ин ва шурӯи зиндагии огоҳонаи муштарак, Александра ҳам гирифтори ин вирус шуд.

Николай гуфт: "Пеш ман бо ҷавонзани дигаре мезистам. Мо аз зиндагии якҷоя як духтар ҳам дорем. Баъд онҳо ба Русия рафтанд ... Ӯ ба ман вируси ВИЧ-ро ба қавле, "ҳадя" гузошт... Вақте ки бо Саша шинос шудем, ӯ ВИЧ надошт."

Вале Александра, ки дар пайи маҳрумиятҳои зиёд ба қавле устухонаш сахт шудааст, қарори табибон дар бораи доштани вирус дар баданро оромона қабул кард. Ҳоло ӯ мегӯяд, ки то зинда аст, мехоҳад бо Николай бошад ва дар чунин шароит хуб аст, ки ҳамеша канори ҳам бошанд.

Ҷуфт табобати ройгоҳ ҳам мегиранд

Онҳо ҳамчун гирифтори ВИЧ расман сабти ном шудаанд. Ҳар моҳ ройгон дору мегиранд ва таҳти табобат қарор доранд. Табибон гуфтаанд, ки истеъмоли ҳаррӯзаи дору ангезандаи ВИЧ-ро намегузорад авҷ гирифта, ба ҷисми онҳо тасаллут кунад ва ба СПИД табдил ёбад. Ин кӯмакест, ки тибби муосир қодир аст ба мубталоёни ВИЧ бирасонад.

Гоҳе ёрии яквақтаи ғизоӣ ва маводи зарурии аввалия низ дарёфт мекунанд. Табибон зимни муоинаи охир ҳоли онҳоро муътадил арзёбӣ кардаанд ва гуфтаанд, ангезандаи ВИЧ дар бадани онҳо тавсеа намеёбад. Мисли ҳар фарди дигар, онҳо орзуҳои худро доранд ва умедворанд, ки аз ин баъд кор карда зиндагии худро ба зиндагии мардуми оддӣ баробар кунанд.

XS
SM
MD
LG