Дар вилояти Суғд панҷ зани танфурӯш ва мубталои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ)-ро аз як то якуним сол ба зиндон андохтаанд. Мақомоти додгоҳ гуфтанд, ки ин занон дар Хуҷанд ва минтақаҳои атрофи он зиста, "ҳаёти чанд нафарро зери хатар гузоштанд".
- Тобистони соли гузашта як зан дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон бо ҷурми ба вируси норасоии масунияти бадан гирифтор кардани даҳ мард як сол зиндонӣ шуда буд.
Вазъи онҳо хеле бад аст. Ҳеҷ кас надоранд, ки ёриашон кунад. Модараш шикоят кард, ки ҳатто барои харидани шир ба кӯдакон пул надорад
"Мардҳо аз бемории ӯ огоҳ набуданд"
Маъруфҷон Рустамзода, додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 5-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз маҳкумшудаҳо зани 21-солаи рус аст ва як сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Ӯро барои "дидаву дониста" паҳн кардани вируси норасоии масунияти бадан гунаҳкор медонанд.
"Ин зан дар яке аз клубҳои шабона ба ҳайси раққоса кор карда, соли 2015 ҳамчун гирифтори ВИЧ расман сабти ном шудааст. Бо вуҷуди ин, бо дастикам 4 мард иртиботи ҷинсӣ кардааст. Мардҳо аз бемории ӯ хабар надоштаанд", - нақл кард додрас.
"Ду кӯдак дорад, шавҳараш зиндонист"
Ин зан ду кӯдак дорад, ки яке дусола ва дигаре сесола аст. Шавҳараш чанд сол пеш бо ҷурми дуздӣ зиндонӣ шудааст. Вай дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, бо кӯдакон дар яке аз хобгоҳҳо мезист ва барои таъмини онҳо ба пул ниёз дошт.
Ӯро танҳо баъди он дастгир кардаанд, ки яке аз дугонаҳояш бемори ВИЧ будани ӯро ба яке аз ҳамхобаҳояш маълум кардааст. Наздикони ӯ нахостанд дар бораи ин қазия суҳбат кунанд ва аз ангуштнамои хосу ом шудан меҳаросанд.
Олеся Тремасова, корманди созмони "Амали нек" дар Хуҷанд, гуфт, кӯдакони ин занро модараш нигоҳубин мекунад. "Вазъи онҳо хеле бад аст. Ҳеҷ кас надоранд, ки ёриашон кунад. Модараш шикоят кард, ки ҳатто барои харидани шир ба кӯдакон пул надорад", - афзуд ӯ.
"Беш аз даҳ мард шикоят кардаанд"
Зани дигаре, ки Додгоҳи шаҳри Хуҷанд барои якуним сол паси панҷараи маҳбас афканд, сокини 30-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст. Мақомоти додгоҳ мегӯянд, ӯ беш аз даҳ мардро зери хавфи мубтало шудан ба ВИЧ гузоштааст.
Сарнавишти се зани дигари мубтало ба вируси норасоии баданд ва маҳкум ба зиндон низ ҳамин тавр аз печутобҳо иборат буда, аксари онҳо танфурӯширо мояи ягонаи даромади худ донистаанд.
Бино ба иттилои Додситонии вилояти Суғд, мақомот дар соли гузашта шаш сокини шимоли Тоҷикистонро барои дидаву дониста паҳн кардани вируси норасоии масунияти бадан дастгир ва зиндонӣ кардаанд. Имсол танҳо дар моҳи январ алайҳи 7 зан бо ин иттиҳом парванда боз гардидааст.
Масъулони идораи тандурустии вилояти Суғд мегӯянд, беш аз 80 дар сади сирояти одамон ба ВИЧ дар минтақа тавассути иртиботи ҷинсӣ сурат мегирад. Бар пояи иттилои Раёсати тандурустии Суғд, дар ҳоли ҳозир дар минтақа беш аз 2300 нафар мубталои ВИЧ-СПИД расман сабт шуда ва табобат мегиранд.
Коршинсон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд ин рақами воқеӣ нест, чун бештари сокинон аз ошкор кардани бемории худ ва ҳамин тавр ному насабашон худдорӣ мекунанд.