Онҳо мегӯянд, нерӯҳои пулис, Горди Русия ва ихтиёриёни "Русская обшина" рӯзи 11-уми сентябр дар як амалиёти муштарак садҳо муҳоҷирро аз Осиёи Марказӣ таҳқиру масхара кардаанд. Шарҳи расмии ҷониби Русия дастрас нест.
Ба нақли яке аз муҳоҷирон, ки нахост номаш фош шавад, онҳоро аз субҳ то шом дар беруни корхона нигоҳ дошта, маҷбур кардаанд, ки шинанду бархезанд, даст ба китфҳои ҳамдигар гузошта, сари зону ҳаракат кунанд. Ӯ барои исботи гуфтаҳояш чанд навор фиристод.
"Ба мисли масхара кардан аст. Мегӯяд, шинед, хезед, шинед, хезед. Шахсоне, ки дар видео ҳастанд, ҳамаашон ҳуҷҷат доранд. Онҳоеро, ки ҳуҷҷат надоштанд, бо автобус гирифта бурданд," – нақл кард мусоҳиби бахши "Мигрант Медиа".
Пулис ва ҳарбиён ба ин анбор дар Наро-Фомински вилояти Маскав замоне ҳамла кардаанд, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, коргарон саргарми кор буданд: "Гуфтанд, ки ба санҷиш омадаанд. Баъд ҳамаро ба як ҷой ба берун даъват карданд. Фарқ надошт, хоҳ рус, хоҳ муҳоҷир. Шиносномаҳоро санҷиданд ва кадоме, ки муҳоҷир буд, ҷудо карданду мардуми худашонро сар доданд. Ман дар ҳамонҷо будам, аз ВКД, Горди Русия, ОМОН, “Русская обшина” омада буданд. Намояндагони қариб ҳамаи мақомот буданд."
Муҳоҷирон дар чанд моҳи охир ба чунин тафтишҳо дар Русия одат кардаанд. Муҳоҷире, ки ин воқеаро аз сар гузарондааст, мегӯяд, умедвор буд, ки мақомот ҳуҷҷатҳоро мебинанду мераванд, вале он тӯл кашид ва таҳқиромез буд.
"Соати 10 даромаданд, мардумро ҷамъ карданд, то соати тахминан чори бегоҳ дар берун нигоҳ доштанд. Онҳоеро, ки ҳуҷҷат надоштанд, бурданд. Дигарҳояшонро ҳамин хел масхара карда, сар доданд," – афзуд мусоҳиби “Мигрант Медиа”.
Навор дар Инстаграм:
Дар ин анбор коргарон аз ширкатҳои зиёде кор мекунанд. "Дар бораи он ки чанд нафарро бурдаанд, ҳатто тахминӣ чизе гуфта наметавонам," -- мегӯяд ин муҳоҷир.
"Дар видео қисми камаш ҳаст. Бисёриҳо гурехтанд, фақат тоҷикон аз 200-300 нафар зиёд кор мекунанд. Дар ширкати мо ҳама бо ҳуҷҷат кор мекунанд, қарордод доранд. Моро сар доданд. Аз як ширкат 17 нафарро бурданд, худам шоҳидам. Онҳо бе ҳуҷҷат буданд," -- илова кард ӯ.
Чунин “рейд” рӯзи 28-уми август дар “Фуд Сити” ҳам гузаронида шуда буд. Муҳоҷире, ки аз он ҳодиса видео фиристода буд, аз мо хоҳиш кард, ки ба ӯ занг назанем ва навишт, ки дар ҳамла ба “Фуд Сити” намояндагони Росгвардия ва шахсони дигар бо либосҳои шаҳрвандӣ ширкат карда, муҳоҷиронро ба мошинҳо савор карда буданд.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, ҳафтаҳои охир “рейд”-у тафтиш ва депорти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия шадидтар шудааст. Таҳлилгарон инро ба ҳодисаҳои охир дар Русия вобаста медонанд, аз ҷумла ҳамлаи маргбор ба “Крокус Сити Ҳолл” ва гаравгонгирӣ дар зиндони Волгоград.
Инчунин вазъро ба нотавонии мақомоти Тоҷикистон вобаста медонанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандони худро ҳимоят намекунанд. Ҳафтаи гузашта сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандон хост, ки муваққатан ба Русия сафар накунанд. Аз рӯйи омори охир дар Русия тахминан 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Видео дар Фейсбук: