Дар Тоҷикистон мулоқот бо зиндониёнро бо як шарт иҷозат доданд

Наздикони маҳбусон ҳангоми дастрас кардани доруву ғизо. Акс аз моҳи апрел

Дар Тоҷикистон пас аз тақрибан ҳашт моҳ дигарбора ба сокинон иҷозат доданд, ки бо пайвандони зиндонияшон мулоқот кунанд. Аммо дидор бо маҳбусон танҳо баъд аз супоридани тест ё ташхиси коронавирус имконпазир будааст.

Дидорбинии зиндониён бо хешовандон дар охири моҳи марти имсол ва бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 манъ шуда буд.

Илҳом Маҳмудов, муовини раиси идораи зиндонҳо, рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки барои вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон иҷозат доданд. Вохӯрии кӯтоҳмуддат дидори чандсоатӣ ва мулоқоти дарозмуддат чанд рӯз истодани ҳамсару кӯдакони маҳбусонро дар назди онҳо пешбинӣ мекунад.

Муовини раиси идораи зиндонҳо аз ин бештар шарҳ надод, аммо наздикони маҳбусон гуфтанд, танҳо бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вохӯрӣ бо маҳбусон иҷозат аст. Яъне, наздикони маҳбусон як рӯз пеш аз вохӯрӣ бояд тести коронавирус супоранд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост, Ёровро озод кунад, ба шиканҷа поён диҳад

Ба ин далел пайвандони баъзе аз маҳбусон рӯзи шанбе натавонистанд, иҷозаи мулоқот бигиранд. Аз ҷумла, Хосият Ёрова, хоҳари Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонӣ рӯзи 14-уми ноябр ба дидорбинии бародараш ба маҳбаси рақами яки Душанбе рафт, аммо ӯро дида натавонист. Ёрова мегӯяд, ба ӯ фаҳмондаанд, ки аввал бояд санади ташхиси COVID-19 гирад.

Дар ҳашт моҳи манъ будани вохӯрӣ бо зиндониён, мақомот мегуфтанд, маҳбусон тавассути телефон бо хешовандон тамос доранд. Ҳарчанд наздикони бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини собиқи раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфтанд, мақомот ба ӯ иҷозаи тамос надодаанд.

Вазъи зиндонҳои Тоҷикистон дар давраи пандемия нигарониҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бахусус пас аз он ки то охири моҳи июн 11 маҳбус бо нишонаҳои монанд ба COVID-19 фавтиданд. Вале мақомот мавҷудияти коронавирусро дар зиндонҳо рад карда, гуфтанд, сабаби марги ёздаҳ нафар пневмония ё илтиҳоби шуш буд. Маълум нест, аз моҳи июн то ин дам чӣ қадар аз зиндониён бемор шуданд ва ё ҷони худро аз даст доданд.

Дар остонаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар моҳи май ба Тоҷикистон намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ хоста буданд, ки онҳо бо вазъи зиндонҳо аз наздик ошно шаванд. Аммо зоҳиран намояндагони созмон ба зиндонҳо роҳ наёфтанд, чун баъдан дар ин бора ишораи хосе надоштанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Фавти 11 маҳбус. Мақомот марги онҳоро аз пневмония гуфтанд, наздикон аз COVID-19СOVID-19 ва зиндонҳо. Дидорбинӣ манъ, суҳбатҳои телефонӣ озод. Оё барои ҳама?Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост, Ёровро озод кунад, ба шиканҷа поён диҳадОшӯби паси панҷара. Ҳодисаи ду сол пеш дар зиндони Хуҷанд чиро дигар кард?Манобеъ: "Маҳбусони парвандаҳои пурсарусадо шомили афв нашуданд" Ҳамсари Сайфуллозода гуфт, пул надорад ба шавҳари зиндониаш дору харад. Мақомот ваъдаи кумак додандРақибони собиқ дар як зиндон. Шикваи генерали пешин Ғаффор МирзоевҚадаме ба пеш. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳоти зиндонро қабул кард