Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони собиқ дар як зиндон. Шикваи генерали пешин Ғаффор Мирзоев


Акси Ғаффор Мирзоев, генерали зиндонӣ аз замони кораш дар Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир
Акси Ғаффор Мирзоев, генерали зиндонӣ аз замони кораш дар Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир

Хоҳари Ғаффор Мирзоев, генерали зиндонии тоҷик мегӯяд, бародараш аз нигаҳдориаш якҷо бо мухолифони ҳукумат, ки замоне ӯ муқобилашон меҷангид, норизоӣ кардааст. 

Ин генерали собиқи тоҷик, ки дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 ба тарафдори аз ҳукумати ҳозира ҷангидааст, аз соли 2004 зиндонии якумрист. Додгоҳ ӯро ба қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайриқонунии силоҳ, нигаҳдории он, сӯистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин айбдор донист ва акнун беш аз 16 сол боз дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар дохили маҳбаси рақами яки шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Баҳс бо рақибони собиқ дар зиндон

Оиша Мирзоева, хоҳари ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 28-уми август барои бародараш хурок бурд ва аз ин пештар бо ӯ мулоқот карда буд.

Ғаффор Мирзоев, ба қавли хоҳараш, аз он нигаронӣ кардааст, ки ӯро бо онҳое нигаҳ медоранд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ муқобилашон меҷангид.

Ӯ замони ҷанги шаҳрвандӣ фармондеҳи нерӯҳои Гордӣ миллӣ буд, ки сарбозони таҳти амраш дар сафи пеши ҷанг буданд. Дар он тарафи сангар мухолифини мусаллаҳ зери чатри Иттиҳоди мухолифини тоҷик қарор доштанд.

Ҳоло бархе аз чеҳраҳои шинохтаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин, аз ҷумла аъзоёни ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон бо ҳукмҳои тӯлонӣ дар ин маҳбас қарор доранд. Зуд-зуд пайвандони мухолифин аз шиканҷа шудани онҳо дар зиндон шикоят мекунанд.

Ғаффор Мирзоев киро дар назар дорад?

Генерали зиндонӣ аз афроди мушаххасе ном набурдааст, вале дар аризааш, ки онро хоҳараш ба Идораи зиндонҳо супурдааст, масъалаи интиқолаш ба дигар зиндон ва аз нав баррасӣ кардани парвандаашро тақозо кардааст.

“Гуфт, ки ӯро бо мухолифон ҷой кардаанд. Бо онҳо баҳс мекунад. Таънааш мекунанд, ки аз ҷанг, аз тарафи ҳукуматро гирифтан чӣ фоида дидӣ. Ғаффор хомуш намеистад ва ҳанӯз дар ҳамон ақидаи пешинааш ҳаст, вале гуфт, ки аз таънаҳо хаста шудааст. Мехоҳад парвандаашро аз сар баррасӣ кунанд ва ӯро то баррасии парвандааш аз СИЗО ба дигар ҷой баранд”,-гуфт Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев.

Тайиди иддаои Ғаффор Мирзоев дар бораи баҳсаш бо мухолифини собиқ дар зиндон феълан ғайримкон аст. Хоҳараш мегӯяд, Ғаффор гуфтааст, ки ин баҳсҳои маъмулӣ миёни зиндониён аст, ки дар онҳо ҳеҷ хушунат вуҷуд надорад.

“Рӯ ба рӯ шудӣ, баҳс мекунӣ ва ин маънои ҷанг ё азоб додани якдигарро надорад. Хуб буд ё бад, онҳо солҳо муқобили якдигар ҷангиданд. Лекин аз рӯи қонун бояд Ғаффор дар ин зиндон набошад ва пас аз 10 сол якбор парвандааш аз сар баррасӣ шавад. Ӯ пир шудааст ва мехоҳад, ки дар 30 солагии истиқлолият озодаш кунанд”,-гуфт ӯ.

Мақомоти зиндон ваъдаи баррасии аризаро додаанд

Оиша Мирзоева мегӯяд, Мансурҷон Умаров, раҳбари муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон аввали моҳи август ӯро пазируфт ва ӯ тавонист, арзи бародарашро ба ӯ расонад.

Дар бахши навбатдории муассисаҳои ислоҳии Вазорати адлия ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз ворид шудани ариза хабар надоранд, вале маъмулан ҳама аризаҳо бар асоси қонун баррасӣ мешаванд.

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон низомиёни собиқ бояд дар зиндони вижа нигаҳдорӣ шаванд. Ғаффор Мирзоев аз камтарин низомиёнест, ки солҳо боз дар Боздоштгоҳи КДАМ ҳамроҳ бо зиндониёни мулкӣ нигаҳдорӣ мешавад. Мақомот ҳеҷ гоҳ далели интиқол наёфтани ӯ ба зиндони вижа барои низомиёнро шарҳ надодаанд.

Фармондеҳи пешини Горди президентии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоев соли 2004 боздошт ва баъди ду сол бо ҷурмҳои вазнин ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Мирзоеви 64-сола беш аз 16 сол боз дар зиндон аст ва наздиконаш мегӯянд, борҳо хостааст, ки парвандааш аз нав баррасӣ карда шавад. Ӯ на ба ҳама айбҳое, ки алайҳаш эълон карданд, розӣ аст.

Ғаффор Мирзоев дар гузашта ба ҳайси раиси Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир ва раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон кор кардааст.

XS
SM
MD
LG