Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадаме ба пеш. Ҳукумати Тоҷикистон барномаи ислоҳоти зиндонро қабул кард


Саҳни дохилии яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон
Саҳни дохилии яке аз маҳбасҳои Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон як барномаи роҳбурдии ислоҳоти зиндонҳоро ба тасвиб расонд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар қабул шудани ин барномаро "қадаме ба пеш” номиданд, аммо мегӯянд муҳим аст, ки тарҳе ки рӯйи коғаз омадааст, дар амал иҷро шавад.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳоло 750 маҳбус гирифтори сил аст ва 218 нафар вируси норасоии масунияти бадан (HIV-СПИД) доранд. Ин омор бори аввал дар Стратегияи ислоҳоти низоми адои ҷазо дар Тоҷикистон ошкор шудааст. Матни он бо муҳри тасдиқкунандаи ҳукумат рӯзи 10-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар дар дохил ва беруни Тоҷикистон солҳост, низоми зиндондории ин кишварро барои шароити тоқатфарсои нигоҳдошти маҳбусон, тангии утоқҳо ва шиканҷаву бадрафторӣ нисбати зиндониён танқид мекунанд. То ба ҳол ҳукумат ин танқидҳоро ё нодида мегирифт ва ё аксаран онро рад мекард. Аммо дар ин санади муҳим бисёре аз мушкилоти мавриди суҳбати ҳомиёни ҳуқуқ эътироф ва ислоҳи вазъи зиндонҳо тарҳрезӣ шудааст. Ҳанӯз рушан нест, иродаи сиёсии ҳукумат дар ислоҳоти зиндонҳо то куҷо қавӣ ва амалишаванда аст, вале ҳомиёни ҳуқуқи башар аз он ситоиш мекунанд.

Вазъи маҳбусони якумрӣ

Дар ин санад беш аз 10 мушкили зиндонҳои Тоҷикистон номбар мешавад. Аз ҷумла гуфта мешавад, масоҳати будубош барои зиндониён аз оне ки қонун муайян кардааст камтар аст, зеро дар онҳо бештар аз меъёри муайяншуда маҳбус нигаҳдорӣ мешавад.

Дар санад гуфта мешавад шумори маҳбусони якумрӣ дар кишвар зиёд мешавад, аммо зиндоне мувофиқ бо меъёри байналмилалӣ барои нигоҳдории онҳо нест. Аз ин рӯ бояд бо ин мақсад зиндони нав ва махсус сохта мешавад.

Бисёре аз зиндонҳои Тоҷикистон солҳои 1930-ум ва 1950-ум бунёд шудаанд ва бархе аз биноҳо аслан қобили таъмир ва бозсозӣ нестанд.

Машғулиятҳо дар зиндонҳо

Ҳамагӣ 20 дарсади зиндониён бо кор машғул будаанд, чун на ҳама корхонаҳои истеҳсолии зиндонҳо ба пуррагӣ кор мекунанд. Гуфта мешавад, маҳсулоте ки бо заҳмати маҳбусон тавлид мешавад, бинобар куҳнаву фарсуда будани дастгоҳҳо ва паст будани тахассуси зиндониҳо рақобатпазир ё, ба истилоҳ, бозоргир нест.

Муаллифони ин санад навиштаанд, дар сурати навсозӣ ва бо кор фаро гирифтани маҳбусон заминаи молӣ ва таъминоти зиндонҳо беҳтар хоҳад шуд.

Тавре дар санад омадааст, дар Тоҷикистон ҳар як зиндонбон назорати аз 150 то 200 нафар маҳбусро бар дӯш дорад. Муаллифон менависанд, дар чунин ҳолат зиндонбонҳо наметавонанд ҳамаро дуруст назорат кунанд, ки сар задани моҷарову пархошҳошро дар миёни зиндониён зиёд мекунад.

Зиндон барои чист?

Муалифони санад навиштаанд, бинобар “мушкилот дар маблағгузорӣ”-и соҳа, зиндонҳо на танҳо наметавонад ҳама вазифаҳое, ки бар души он гузошта шудааст пурсамар иҷро кунад, балки баръакс боиси эҷоди мушкилот нав -- афзоиши ҷинояткорӣ дар ҷомеа ва бад шудани вазъи эпидемиологӣ дар кишвар мешавад.

Дар ин санад ҷанд ҷое зикр шудааст, ки ҳадафи асосии низоми ҷазои ҷиноӣ бояд ислоҳи шахс бошад. Нуктае ки доим аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ танқид мешавад, ки мегӯянд зиндонҳои Тоҷикистон ба ҷойи ислоҳ бархе зиндониёнро сангдилу бераҳм мекунанд, ки ба амнияти ҷомеа хатар дорад. Ин аст, ки то 10 дарсади аз зиндон раҳошудагон дар Тоҷикистон дубора ҷиноят содир мекунанд. Барномаи ҳукумат пешбинӣ мекунад, онҳое, ки бори аввал зиндонӣ шудаанд, аз маҳбусони такрорӣ ҷудо нигоҳ дошта шаванд.

"Қадаме ба пеш", аммо...

Наргис Зокирова, роҳбари созмони ғайридавлатии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қабули барномаи роҳбурдии ислоҳоти низоми зиндонҳо дар Тоҷикистон “қадаме ба пеш аст”. Ӯ афзуд: “Низоми адои ҷазои ҷиноӣ дар Тоҷикистон воқеан ба ислоҳоти куллӣ ниёз дорад. То ҷое ман огоҳ шудам, дар ин санад аз ҷумла дар бораи пробатсия (ҷазо бидуни зиндонӣ кардани шахс) низ гуфта мешавад. Агар чунин усули ҷазо, яъне бидуни маҳрум кардани шахс аз озодӣ ҷорӣ шавад, маҳбасҳо мисли ҳоло пур нахоҳад шуд”.

Зокирова афзуд, созмони зери роҳбариаш дар ду барнома бо давлат ҳамкорӣ дорад, ки якеаш омӯзиши таҷрибаи низоми ҷазои бидуни ҳабс дар давлатҳои дигар аст. Ӯ гуфт, дар пайи омӯзиш ният доранд, шеваю усулҳои мувофиқи ҷазо бидуни ҳабсро дар Тоҷикистон муайян ва ташкили онро ба ҳукумат тавсия диҳанд.

“Дар сурати ҷорӣ шудани пробатсия ҳамчунин будҷаи давлат сарфа мешавад, чун барои нигоҳдории маҳбусон пул харҷ нахоҳад кард. Мо хурсандем, ки чунин ҳуҷҷат қабул шуд, иродаи сиёсӣ ба вуҷуд омад ва билохира барномаи ислоҳоти зиндон рӯи даст гирифта мешавад”.

"Ҳабси хонагӣ"?

Бинобар таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, бисёр кишварҳо аз фанновариҳои навин, аз ҷумла даспонаи диҷитал истифода мекунанд, ки имкон медиҳад шахси муҷрим ба ҳабси хонагӣ гирифта шавад ва ё масоҳати гаштугузораш маҳдуд бошад. Дар Тоҷикистон ҳоло чунин усули ҷазо нест ва сокинон барои ҷурмҳои мисли “лайк” гузоштани зери матлабҳои мамнӯъ ва ё дуздии ночиз пушти панҷара меафтанд.

Дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ду соли ахир чанд ошӯби хунин сар зад, ки камбудиҳои мавҷуд дар зиндонҳоро бармало кард. Дар ошӯбҳо дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат, ки солҳои 2018 ва 2019 рух дод, дар маҷмуъ 50 нафар кушта шуданд. Мақомот гуфтанд, ки ошӯб кори дасти ифротгароёни исломӣ буд, аммо ҳомиёни ҳуқуқ, бадрафторӣ бо маҳбусон, аз ҷумла тамаъҷӯиро низ аз омилҳои эҳтимолии ангезандаи исёни маҳбусон ном бурданд. Гоҳе ин нукта ҳам садо медиҳад, ки руйдодҳои мазкур вокунише ба талошҳои ислоҳотхоҳии раҳбари нави соҳа Мансурҷон Умаров будаанд.

Бар асоси омори расмӣ, дар Тоҷикистон 19 боздоштгоҳ ва зиндон мавҷуд аст. То замони қабули Қонуни авф дар охири соли 2019 дар ин муассисаҳо тақрибан 13 ҳазор маҳбусро нигоҳ медоштанд. Бар асоси қонуни мазкур бештар аз 7 ҳазор нафари онҳо озод шуданд.

XS
SM
MD
LG