Хабари кушта шудани Маҳмадшариф Сайдалиев, сокини 30-солаи деҳаи Фермаи ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар дар Сурия аввалҳои моҳи декабр ба пайвандонаш расидааст. Ашӯрмо Сайдалиева, хоҳари калониии Маҳмадшариф, рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, аз кушта шудани бародараш дар Сурия онҳоро келинашон Сарвиноз ҳанӯз рӯзи 10 декабр тариқи телефон огоҳ карда буд, аммо онҳо ин хабарро ба модарашон Зумрат Сайдалиеваи 67-сола нагуфтанд. Модари онҳо танҳо ҳафтае пеш аз ҳамсояҳо фаҳмидааст, ки писараш кушта шудааст.
Ба гуфтаи Ашӯрмо Сайдалиева, бародараш Маҳмадшариф аз соли 2004 ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафту меомад, вале баъдан хонаводаашро низ худ бурд. Ба гуфтаи ӯ, бародараш дар як ширкати туркӣ дар Маскав кор мекард ва гӯё ибтидо ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия сафар кардааст.
Вай афзуд: “Аввал Маскав рафт, вале телефон кард, ки ман Туркия меравам. Гуфт, ки ман онҷо кор мекунам. Зану кӯдакҳояшро равон кардем, худи манро низ даъват кард, ки биё, кор мекунем, вале ба хотири модарам ман нарафтам. Баъд вақте занг зададанд, аз рақамҳои телефонияшон фаҳмидем, ки онҳо дар Сурияанд. Келинамон ҳоло дар Сурия аст ва занг зада мегӯяд, ки саломатияш хуб аст, вале наметавонад, ки аз он ҷо баргардад, чун дар дасташ се фарзанд дорад ва боз ҳомила аст.”
Сарвиноз мегуфтааст, баъди вуруд ба Сурия афроди созмони тундрави "Давлати исломӣ" касеро намемонанд, ки баргарданд. Ило агар аз роҳи Миср ваё аз тариқи сафари Ҳаҷ.
Ашӯрмоҳ Сайдалиева аз нақли келинашон гуфт, ду зане, ки бе кӯдак будаанд, талоши фирор кардаанд, вале натавонистаанд. Ӯ ҳам, ки се кӯдаки хурдсол ва якеи дигар дар батн дорад, тавони хуруҷ аз Сурияро надорад.
Бори охир, ба гуфтаи Ашӯрбӣ Сайдалиева, Сарвиноз, ҳамсари Маҳмадшариф рӯзи гузашта, яъне 24 феврал аз Сурия занг зада ва бо аҳли хонавода сӯҳбат кардааст. Аммо Зумрат Сайдалиева, модари Маҳмадшариф ба далели бемории фишор натавонистааст бо келину набераҳояш сӯҳбат кунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сарвиноз, ҳамсари Маҳмадшариф, ки бо се фарзандаш - Ёсумани як солаю ду моҳа, Нуриддини 3-сола ва Абдулмуҳаллими 5-сола дар Сурия буда ва айни ҳол ҳомила низ ҳаст, дар суҳбати телефонӣ гуфтааст, ки мехоҳад то таваллуди фарзанди чаҳорумаш ба Тоҷикистон баргардад, вале имкони омаданро надорад.
Ҳамакнун бо хабардор шудани модари Маҳмадшариф аз кушта шудани вай дар Сурия чанд рӯз боз аҳли деҳ ва хешовандон барои тасаллият у ҳамдардӣ ба хонадони Сайдалиевҳо меоянд.
Зумрат Сайдалиева дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар миёни 13 фарзанд Маҳмадшариф писари хурдияш буд ва ӯро бештар дӯст медошт. Модари мотамзада афзуд, писараш бо ӯ зиндагӣ мекард ва маҳз фақру нодорӣ Маҳмадшарифро ба муҳоҷират бурд.
Холаи Зумрат мегӯяд, маротибаи охирин бо Маҳмадшариф тобистони соли гузашта телефонӣ сӯҳбат кардааст: “Ман намедонистам, ки куҷо рафтааст ва чӣ кор мекард. Сарам дард мекунаду шаб хобам намебарад, келинам бо набераҳоям онҷо ҳастанд. Тобистон дӯғ мекашидам, ки телефонам кард. Охирин бор бо ӯ ҳамон вақт гап зада будам.”
Хабари кушта шудани Маҳмадшарифи 30-сола дар ҳолест, ки ҳукумати ноҳияи Бохтар теъдоди ҷавонони зодаи ин ноҳия дар Сурияро 8 нафар ҳисоб карда, мегӯянд, то кунун 3 тан аз онҳо дар он ҷанги бегона кушта шудаанд.
Ҷаббори Ғаффор, раиси ноҳияи Бохтар рӯзи 25 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт: “Гурӯҳҳои корӣ хона ба хона гашта мефаҳмонанд, ки ҷавонон дигар ба Сурия нараванд. Бештари падару модарон намедонанд, ки фарзандашон дар Сурия аст. Баъзеашон ки мефавтанд, баъд огоҳ мешаванд. Ҳоло шаш гурӯҳи корӣ дар он деҳаҳое, ки муҳоҷирати корӣ бештар аст, сӯҳбат мекунем. 3 нафарашон фавтидаанд ва панҷтоаш зинданд, вале умеде барои баргаштани онҳо нест, чун гуфта мешавад, ки онҷо ҷанг аст ва онҳо берун шуда наметавонанд.”
Ҳафтаи гузашта Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон дар ноҳияи Бохтар аз ҳузури ҷавонони ин вилоят дар Сурия изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки бояд аз гароидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва ба хусус аз рафтани онҳо ба Сурия пешгирӣ шавад.
Додситонии вилояти Хатлон ҷамъи ҷавонони хатлониро, ки дар Сурия ва Ироқу Афғонистон меҷанганд, 31 нафар мегӯяд, вале идораи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи ахиран ин рақамро 45 нафар хонд. Ин дар ҳолест ки мақомоти бештари навоҳии вилояти Хатлон ба хотири “доғдор” нашудани номашон намехоҳанд, ки теъдоди ҷавононеро, ки дар Сурия, Ироқу Афғонистон мечанганд, ошкор кунанд.
Аз ин пештар, додситонии Хатлон гуфта буд, теъдоди ҷавононе, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон аз ин минтақа иштирок доранд, ба 31 нафар мерасад. Шаҳзод Раҳимов гуфт, ҳоло бо дастури ҳукумати маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз ифротгароии ҷавонон ва ҷинояткори онҳо бо мардум суҳбат анҷом медиҳанд. Вале афзуд ӯ, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ 102 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 63 ҷиноят зиёдтар мебошад.
Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз ин кишвар дар Сурияву Ироқро то 300 нафар тахмин мезананд ва мегӯянд, то имрӯз то 60 тоҷик дар ин ҷангҳои бегона дар Ховари Миёна ҷон бохтаанд. Аммо худи ин ҷангиён шумори зодаҳои Тоҷикистон дар ин ҷангҳои бегона дар як сарзамини аз
Ватани онҳо беш аз 4000 километр дурро ба камияш 1000 нафар мегӯянд ва иддао доранд, бо таъмини пирӯзии “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ маҳдуд шуданӣ нестанд, балки ҳадафи онҳо эҳёи “хилофати исломӣ” дар саросари дунё, аз ҷумла дар Осиёи Марказист.
Зимнан тамоми ин минтақа дар харитаи ин созмони ифротӣ ҳамроҳ бо шарқи Эрону Афғонистон ва Покистону Ҳинд ҳамчун як бахши вилояти “Хуросон” тасвир шудааст.
Мақомоти тоҷик афзоиши шумори тоҷикон дар созмонҳои тундрави мазҳабиро мояи таҳдид ба амнияти кишвар медонанд. Моҳи майи соли 2014 ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди махсусе ворид карда шуд, ки ҳамчунон барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.