Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи улуми Тоҷикистон, ки ҳамагӣ як соли пеш таъсис шуда, бо баҳсҳои худ дар бораи дину созмонҳои сиёсии исломӣ маъруфият дорад, пиромуни хатари "Давлати исломӣ" низ пажӯҳише анҷом додааст.
Дар сӯҳбате, ки бо Ҳафиз Бобоёров, раҳбари ин марказ, доштем, нахуст аз ӯ пурсидем, пажӯҳиши онҳо бозгӯи чист?
Ҳафиз Бобоёров: "Таҳқиқот дар мавриди чӣ гуна ба вуҷуд омадан, ташаккул ёфтан ва дар сиёсат ворид шудани гурӯҳҳои ба истилоҳ тундгаро ё ифротгарои динӣ ва мазҳабӣ, ҳам дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ҳам берун аз онро фаро мегирад. Дар мавриди кадом омил ва ё сабабе боиси ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои тундгаро шудааст, пеш аз ҳама мо инро гурӯҳбандӣ кардем: ба омилҳои дохилӣ ва хориҷӣ. Ба натиҷае расидем, ки омилҳои дохилӣ сабаби асосии ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла “Давлати исломӣ” шудаанд. Омилҳои дохилӣ ин пеш аз ҳама зеҳният ва қолабҳои фарҳангӣ, заминаҳо ва мероси таърихии ин ё он қавм ва ё минтақа барои ташаккули ҳаракатҳои сиёсианд. Бубинед, дар тамоми ҷаҳон намунаҳо ё қолабҳои муайяни гуногуни ташаккули созмонҳои сиёсӣ вуҷуд дорад. Дар ҷаҳони ислом созмонҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ ҳамеша дар заминаи мазҳабӣ ба вуҷуд меомаданд. Мо ба ин таъкид дорем, ки омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ заминаи дигари ба вуҷуд омадани созмонҳои ифротӣ ва тундгаро ҳастанд. Пеш аз ҳама вақте мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум роҳи ҳал пайдо намекунад, гурӯҳҳои муайяни мардум осебпазир мешаванд ва аз тарафи гурӯҳҳои муайяни сиёсӣ барои иштирок дар ин ё он ҳаракати сиёсӣ ва ҳатто ҷангӣ ҷалб мешаванд. Мо ин ҳолатро ҳам дар Осиёи
Ҳолномаи Ҳафиз Бобоёров
Ҳафиз Бобоёров, доктори илмҳои фалсафа, соли 1974 дар ноҳияи Варзоб таввалуд шуда, дар мактаби рақами 11-уми ин ноҳия таҳсил кардааст. Соли 1997 Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси адабиётшинос ё филолог хатм кардааст. Аз соли 1998 то 2001 дар унвонҷӯи шӯъбаи ҷомеашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон будааст. Соли 2001 то 2006 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа фаъолият кардааст. Аз соли 2006 дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Бонни Олмон таҳсил карда, соли 2011 кори доктории худро ҳимоя кардааст. То соли 2014 дар Пажӯҳишгоҳи фалсафа фаъоляит намуд. Ҳамакнун раиси Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ дар Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
Марказӣ ва ҳам дар дигар минтақаҳо мушоҳида мекунем. Пеш ҳама вақте сиёсат худкома мешавад ва ин яке аз сабабҳои муҳим аст. Вақте ҳаракатҳои сиёсӣ дигар ҳамчун ҳаракати сирф сиёсӣ бознигарӣ намешаванд ва ба онҳо тамғаи чирикӣ ё ғайрисиёсӣ ва мазҳабӣ часпонда мешавад. Ба ин далел маслиҳати мо ба тамоми ҳукуматҳои мусулмонӣ он аст, ки бояд дар баҳодиҳӣ таҷдиди назар кунанд. Яъне баҳодиҳӣ ба гурӯҳҳо бисёр эҳтиёткорона бошад. Бубинед, гузориши охирине, ки раиси Созмони Байналмиллалии Кор кард, гуфт, мушкилоти яки ҷаҳон бекорӣ аст ва ин таҳдиди ҳам иқтисодӣ ҳам иҷтимоӣ ва ҳам сиёсӣ аст. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир таъминоти кор фақат кори давлатҳои алоҳида шудааст. Олмон барои худаш кор месозад, Амрико барои худаш ва Русия барои худаш ва барои дигар кишварҳо фақат дар шакли муҳоҷирати корӣ ва корҳои сиёҳ кор сохта мешавад. Дар Қатар вазъияти муҳоҷирони корӣ чӣ хел мушкил аст. Дар Арабистони Саудӣ низ ва ҳамин мушкилоти густардаи бекорӣ боиси боз ҳам ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастани одамон мегардад, ки мо инро дар мисоли ҷавонони тоҷик мебинем. Онҳо ба Русия мераванд ва ба ин гуна гурӯҳҳо мепайванданд."
БАРХӮРДИ ТАМАДДУНҲО
Радиои Озодӣ: Аммо таҳлилҳо дар мавриди гурӯҳи “Давлати исломӣ” чӣ аст ва ин гурӯҳ ба таври табиӣ зуҳур кардааст, ё сунъӣ?
Бобоёров: "Қисман гуфтан мумкин аст, ки табиӣ ва қисман сунъӣ аст. Табиӣ ба он маъно, ки ҷангҳо ва муборизаҳои мазҳабӣ ҳамеша дар минтақа буданд ва бубинед, ки ҳукумат ё режими Саддом Ҳусайн низ дар заминаи мазҳаб буд. Яъне тақсимоти мазҳабӣ ва истифода бурдан аз мазҳаб ва зери фишор гирифтани мазҳаби муқобил дар давраи Саддом Ҳусайн буд. Дар Сурия низ ҳамин тақсимоти мазҳаб вуҷуд дошт. Ҳамин чиз боиси сиёсӣ шудани мазҳаб гардид. Ин як омил ва он ҳам омили табиӣ. Аммо омили ба истилоҳ сунъӣ, омили хориҷӣ аст. Мо медонем, ки Самуел Ҳангтинтон консепсияи “бархӯрди тамаддунҳо”-ро
пешниҳод кардааст. Мувофиқи он, вай мегӯяд, дар ҷаҳони оянда ҳафт-ҳашт тамаддуни динмеҳвар боқӣ мемонад ва ҷангҳои ҷаҳонӣ, ҳатто Ҷанги Сеюми Ҷаҳонӣ ҳам шавад, дар байни динҳо мешавад ва миёни дини масеҳият ва ислом. Ҳамингуна сенариясозӣ боис гардид, ки ҷаҳони Ғарб як муносибати нодуруст ва ношоям ба ҷаҳони исломӣ пайдо кард ва дар мавриди тақсимоти қудрат дар минтақа ба омили мазҳаб диққат надод ва боиси ба вуҷуд омадани “Давлати исломӣ” гардид, ки дар муддати як соли вуҷуд доштани ин созмон аслан кишварҳои абарқудрат ба ин масъала таваҷҷӯҳе надоштанд. Чун онҳо интизор доштанд, ки ба ин восита режими Сурия аз байн меравад, вале ин мушкилӣ печидатар гардид."
ХАТАРИ ИСТИФОДА АЗ АРЗИШҲОИ ДИНӢ
Радиои Озодӣ: Аммо то куҷо “Давлати Исломӣ” хатари ҷиддӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дорад? Дар ҳоле ки таҳлилгарон мегӯянд, “Давлати Исломӣ” ҳадафи ҳамла ба кишварҳои Осиёи Марказиро дорад ва ҳатто халифаро низ таъин кардааст...
Бобоёров: "Вақте табиат ва сабабҳои пайдоиши гурӯҳҳои ифротӣ ва террористиро меомӯзем, чун гуфтем, омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ сабаби пайдоиши онҳо мебошанд. Имрӯз, ки аксари ҷавонон, ба хусус муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия осебпазир ҳастанд, ба ин далел созмонҳои ифротӣ, аз ҷумла “Давлати исломӣ” аз онҳо барои ворид шудан ба корзор дар Осиёи Марказӣ истифода хоҳад кард. Хатари дигаре, ки имрӯз вуҷуд дорад, ин истифода бурдан аз арзишҳои динӣ
аст. Пеш аз ҳама аз байъат, ки падидаи динӣ аст ва сӯистифода кардан аз он, бисёр хатарнок аст. Чун дар дигар гӯшаи дунё, гурӯҳи муайяни чирикӣ ё ифротӣ метавонад ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” байъат кунад. Ин ба маънои он аст, ки алакай як филиал ё бахши “Давлати исломӣ” дар як гӯшаи дигари дунё ба вуҷуд меояд. Ин ҳам дар ҳолест, ки онҳо имконияти фаровоне доранд, ба бахшҳои худ кумаки молӣ ва фаннӣ кунанд. Чи тавре ки дар мавриди бахши Хуросонии ин созмон дидем, онҳо дар ҳудуди миллионҳо доллар барои ин гурӯҳе, ки байъат кардааст, ҷудо карда ва амиру дигар ҳайати роҳбарии ин созмонро таъсис додааст."
"ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ" ВА ШАБАКАҲО...
Радиои Озодӣ: Тибқи омори мақомот, ҳамакнун ҳудуди 300 шаҳрванди мо дар ҷанги Сурия ҳастанд ва ҳатто даҳҳо тан аз онҳо кушта шудаанд. Маркази шумо дар мавриди сабабу ангезаҳои рафтани ин ҷавонон ба гуфтаи худашон ба “ҷиҳод” чӣ хулоса дорад?
Бобоёров: "Таҳлилҳои анҷомдодаи мо бозгӯкунандаи он аст, ки омилҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ маҳз ҷавононро ба ин роҳ бурдааст. Ба хусус, он идда ҷавононе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дастрасӣ доранд ва онҳое, ки байни муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд, бештар ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷалб мешаванд. Дигар омиле, ки мушоҳида мешавад, ин минтақаҳои алоҳидаи кишвар аст, ки ҷавонони инҷоҳо ба суфуфи ин гурӯҳ пайвастаанд. Марказ як таҳқиқоти густардаеро дар байни хонаводаҳое, ки фарзандонашон дар ҷангҳои Сурия ширкат доранд, рӯи даст гирифтааст. Ҳадаф баррасии омилҳои маҷмӯии ин раванд ва пайдо кардани он аст."
ЭЪТИЛОФ АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ
Радиои Озодӣ: Пас чӣ бояд кард, то аз рафтани ҷавонони тоҷик ба “ҷиҳод” дар Сурия ё пайвастан ба сафи “Давлати Исломӣ” ҷилавгирӣ кунем?
Бобоёров: "Давлати Тоҷикистон ба танҳоӣ наметавонад ин мушкилро ҳал кунад ва бояд дигар давлатҳо низ дар ин замина иқдом намоянд. Аммо аз ҷониби давлати Тоҷикистон бояд барномаи муайян дар заминаи ҷилавгирӣ аз ин раванди номатлуб, пеш аз ҳама дар мавриди бо ҷойи кор таъмин кардани ҷавонон дар дохили кишвар таҳия шавад. Бояд ҷойҳои нави корӣ дар истеҳсолот бештар шавад ва бояд кор ҳам доимӣ бошад. Чун ҷавонон тавонанд дар дохили кишвар соҳиби кор бошанд ва бекорӣ боиси пайвастани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагардад. Аммо ҳамзамон иқдомоти дигари давлат дар ин замина бояд чорабиниҳои идеологӣ бошад. Ин фақат маҳдуд ба тарғибот набошад, балки ин чорабиниҳо фарогири ҳама ниёзҳои ҷавонон гарданд. Дар ин замина таҳсилоти умумӣ бояд ҳатмӣ шавад. Дар мактабҳо бояд, ки мақоми омӯзгор ва мактаб бо ҷудо кардани маблағҳои кофӣ баланд бардошта шавад. Аммо тамоми кишварҳои ҷаҳон бояд дар муқобили ифротгароӣ муттаҳид гарданд ва чорабиниҳову барномаҳои мушаххасе дар ин замина дошта бошанд. Мутаассифона, ҳамин гуна ҳамкорӣ ё дар сатҳи минтақаҳо маҳдуд аст ва ё аслан ба таври самарабахш вуҷуд надорад."
ИДОМАПАЗИРИИ РАВАНДИ МУҲОҶИРАТ
Радиои Озодӣ: Аммо маркази шумо, ки як ниҳоди давлатӣ аст, оё барномаи мушаххасе дар иртибот ба ҷилавгирӣ аз густариши ифротгароӣ ва ба хусус ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонони тоҷик ба ин гурӯҳҳо ба ҳукумат пешниҳод кардааст?
Бобоёров: "Албатта. Ба ҷуз аз матлабу маводи таҳлилие, ки дар расонаҳо дар ин замина пешниҳод мешавад, ҳамчунин як Консепсия барои рушди стратегии кишвар таҳия ва манзури ҳукумат кардем. Аз ҷониби маркази мо инчунин Барномаи рушди маориф таҳия гардид, ки роҳҳои алтернативии баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва мактаб матраҳ шудааст. Дигар аз пешниҳодҳои мо, дунявикунонии фазои фарҳангӣ ва идеологии ҷомеа буд. Дар айни ҳол, дар садади таҳия ва амалисозии таҳқиқоти марбут ба роҳҳои пешгирии ифротгароӣ дар байни ҷавонон қарор дорем ва таваҷҷӯҳ ба мушкилоти ҷавонон ва ба хусус муҳоҷирати онҳо карда мешавад ва бояд аз тариқи ин гуна омӯзишҳо падидаи муҳоҷирати меҳнатӣ идорапазир шавад. Албатта, ба ин дар пайи таъсиси марказҳои фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ дар Русия ва омӯзиши масъала ноил шудан мумкин аст. Бо ин ҳама таъсиси ҷойҳои муносиби корӣ дар дохил, ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат хоҳад кард."