Вуруди таксиҳои "бегона"-ро ба Душанбе манъ мекунанд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Роҳи таксиронҳои "бегона"-ро ба Душанбе мебанданд

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, аз аввали соли 2021 вуруди таксиҳоро аз минтақаҳои атроф ба пойтахт маҳдуд кунад. Мусофирон мегӯянд, баъди ба иҷро даромадани қарор харҷи сафар ба Душанбе ва баръакс ба минтақаҳо барои мусофирон то бист дарсад гарон хоҳад уфтод.

Карим Юсупов, сокини 53-солаи Хатлон, моҳе ду дафъа ба Душанбе барои харидани маҳсулоти гуногун меояд. Вай дар зодгоҳаш дӯкони хурд дорад.

Юсуфовро дар бозори "Султони Кабир" ҳангоми харид ёфтем. "Маводи зиёд гирифтам ва бо таксие, ки маро интизор аст, ба деҳа меравам. Вале агар ин қарор иҷро шавад, бояд аз бозор то таваққуфгоҳ як таксӣ киро кунам ва сипас аз он ҷо то деҳа бо мошини дигар равам. Ин, албатта, харҷ дорад", -- гуфт ӯ.

ДАРВОЗИ ШАРҚӢ ВА ҶАНУБӢ

Бар асоси қарори шаҳрдорӣ, аз соли 2021 вуруди таксиҳо аз минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубии Тоҷикистон ба пойтахти кишвар манъ мешавад. Дар сомонаи шаҳрдории Душанбе гуфтаанд, ин кор "бо мақсади ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар Душанбе" сурат мегирад.

Яъне, мусофирбарҳое, ки аз Ваҳдату Файзобод, Роғун ва водии Рашт меоянд, дар дарвози шарқӣ ва агар аз ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон меоянд, дар дарвози ҷанубӣ меистанд.

Меҳриддин Қучқоров, ронандаи таксӣ дар самти Душанбе-Бадахшон, мегӯяд, “барои мо, ронандаҳо, фарқ надорад. Дар куҷое, ки муайян кунанд, дар ҳамон ҷо интизор мешавем. Вале ба мусофирон мушкил мешавад, зеро бо маҳсулоти зиёди харидаашон наметавонанд вориди автобус шаванд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вуруди мошинҳои сабукрави мусофирбар ба Душанбе маҳдуд мешавад

МОШИНҲОРО ЧӢ ХЕЛ ФАРҚ МЕКУНАНД?

То иҷрои қарор ду ҳафтаи дигар мондааст. Фирӯз Расулов, сардори Хадамоти танзими ҳаракати нақлиёт дар Душанбе, 16-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "тасмим шуд, ин давраро ба корҳои фаҳмондадиҳӣ сарф кунем."

Аммо як суол ин аст, бештари таксиҳое, ки аз минтақаҳои Тоҷикистон ба пойтахт меоянд, нишонаи хос надоранд ва мақомот чӣ гуна муайян мекунанд, ки онҳо кирокашанд. Фирӯз Расулов гуфт, “муайян кардани чунин ронандаҳо душвор аст. Баъд аз соли нав усулҳои ошкор кардани чунин ронандаҳоро дар ихтиёр хоҳем дошт. Агар онҳо мусофиронро дар терминал нафароранд, тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунаии маъмурӣ ҷазо дода мешаванд."

Ронандаҳои таксӣ аз вилояти Суғд чанд сол боз то терминали "Маром" меоянд. Ронандаҳои таксӣ аз Ҳисору Турсунзода низ маъмулан мусофиронро то дарвозаи ғарбии Душанбе меоранд.

“ТАҶРИБАИ МАЪМУЛ АСТ”, ВАЛЕ “КАМБИЗОАТОНРО АЗ ЁД НАБАРЕМ”

Олимҷон Бобоев, раиси пешини Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вазири собиқи нақлиёти Тоҷикистон, гуфт, чунин таҷриба дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст ва нақлиёти мусофирбар аз минтақаҳо дар канори пойтахтҳо меистанд. "Мусофирон тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ ё таксӣ то ба ҷойи зарурӣ худро мерасонанд. Ин амр дар канори ҷилавгирӣ аз танбашавӣ ҳамчунин ба ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе мусоидат мекунад", -- шарҳ дод ӯ.

Аммо Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, ҳарчанд чунин таҷриба маъмул аст, набояд вуҷуди фақр дар миёни сокинони кишварро нодида гирифт: "Тибқи омори расмӣ ҳудуди сӣ дарсади аҳолии Тоҷикистон ҳамчунон дар фақр ҳастанд. Барои онҳо харҷи маблағи изофӣ дар дохили шаҳри Душанбе вазнин аст. Онҳо аз роҳи дур худро то ба Душанбе мерасонанд ва акнун бояд боз барои расидан то истгоҳи таксии худ аз хадамоти нақлиёти ҷамъиятӣ ё таксӣ истифода кунанд."

Агар иддае ҳадафи шаҳрдориро барои танзими ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои Душанбе ҷонибдорӣ мекунанд, иддае дигар мегӯянд, ки шароитро барои ришвахорӣ фароҳам меорад. Маҳдӣ Собир, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, "мутаассифона, дар миёни кормандони БДА ҳанӯз ҳам нафароне ҳастанд, ки дар иҷрои ҳадафҳои мақомот монеа эҷод мекунанд. Аммо, мутмаинам, ба зудӣ теъдоди чунин афрод бамаротиб коҳиш ёфта, сокинон дурустии тасмими шаҳрдориро дарк мекунанд."

Тасмими ахири шаҳрдорӣ дар ҳоле гирифта шудааст, ки чанд сол пеш айни иқдомро амалӣ карда буданд. Аз ҷумла, барои таксиронҳои самти Хатлон ва минтақаи Рашт дар канори Душанбе таваққуфгоҳ сохтанд, вале ронандаҳо аз он шикоят доштанд, ки муштариён ба он ҷо намераванд. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки он иқлдом пурра иҷро нашуд. Ҳоло иҷрои қарори нав ба дӯши Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гузошта шудааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Абдусаттор Пирмуҳаммадзода: "Тарс аз баёни ҳақиқат монеи рушди мо шудааст." ВИДЕОТаксиронӣ-охирон манбаи даромад барои муҳоҷирони собиқ. ВИДЕОСӯзишворӣ арзон шуд, вале нархи роҳкиро ба Суғд боло рафт. ВИДЕОБаҳси истгоҳҳои ғайрирасмӣ. Мақомот дар фикри ҷазо ҳастандШаҳрдори Душанбе хостори манъи сиёҳшиша дар мусофиркашҳо шудТерминали нави замонавӣ, вале беодам дар Душанбе. ВИДЕОРақобати "Asian Express" бо таксиҳо дар роҳи Душанбе-Турсунзода