Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрдори Душанбе хостори манъи сиёҳшиша дар мусофиркашҳо шуд


Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хостори манъи истифода аз шишаҳои сиёҳ дар мусофиркашонҳои пойтахт шуд. Масъулини шаҳрдорӣ мегӯянд, Рустами Эмомалӣ дар ин бора расман ба ҳукумат пешниҳод ирсол кардааст.

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи шаҳрдори Душанбе рӯзи 25--уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳоди шаҳрдорӣ ба ҳама намуди нақлиётҳои мусофиркашонӣ дар пойтахт рабт дорад.

Ба қавли манбаъ, дар сурати қабули пешниҳоди шаҳрдори Душанбе, истифодаи шишаҳои сиёҳ дар тамоми автобус, микроавтобус ва таксиҳои ҳудуди пойтахт манъ мешавад. Сухангӯи шаҳрдорӣ мегӯяд, ҳадаф аз ин тасмим беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва ҳам таъмини амнияту бехатарии мусофирон аст.

Феълан маълум нест, ки ҳукумат ба тасмими шаҳрдори Душанбе чӣ посух медиҳад. Феълан дар Душанбе асосан таксиҳо бо шишаҳои сиёҳ мегарданд.

Шишаи сиёҳи мошинҳо аз соли 1995 дар Тоҷикистон ба манзури он, ки гурӯҳҳои ҷиноӣ аз он истифода накунанд, мамнӯъ буд. Аммо соли 2009 порлумон иҷоза дод, ки сокинон бар ивази супурдани маблағ ба будҷа, шишаи мошинҳои худро сиёҳ кунанд.

Соҳибони худравҳо барои сиёҳ кардани шишаҳои худрави худ ба будҷа аз 2500 то 3100 сомонӣ месупоранд. Қонунгузории Тоҷикистон сиёҳ кардани шишаҳои пеши нақлиётро то 14 сантиметр иҷоза додааст.

Бино бар қонунҳои Тоҷиқистон, мақомоти аввали кишвар, кормандони пулису амният ва раҳбарони идораҳои муҳим метавонанд, аз шишаҳои тира истифода кунанд.

XS
SM
MD
LG