Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯзишворӣ арзон шуд, вале нархи роҳкиро ба Суғд боло рафт. ВИДЕО


Бархе аз донишҷӯёни тоҷик дар Душанбе ба далели эълони таътили пеш аз муҳлат озими зодгоҳҳои худ шуданд, вале дар марказҳои мусофирбарӣ бо афзоиши нархи роҳкиро дучор омаданд. Ин дар ҳолест, ки ба далели арзоншавии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳон рӯзи 1-уми май қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон низ ба таври қобили мулоҳиза пойин омадааст.

Аз субҳи ҷумъа хиёбонҳои Душанбе пур аз донишҷӯёне буд, ки ҷомадонҳо дар даст озими зодгоҳи худ буданд. Зеро, роҳбарияти донишгоҳҳо донишҷӯёни солҳои аввалро ба далели сирояти COVID-19 ба таътили пеш аз мӯҳлат фиристоданд.

Ин тасмим шумори онҳоеро бештар кард, ки дар истгоҳҳои канори Душанбе озими минтақаҳо буданд.

Аз ҷумла, ду рӯзи ахир “терминали Маром”, маркази таксиҳо ба самти шимоли Тоҷикистон пур аз мусофирони донишҷӯй аст. Анварбек Раҳматов, корманди ин терминал рӯзи 1-уми май гуфт, афзоиши мусофирон ба самти шимоли кишвар аз нимарӯзи гузашта мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи Раҳматов, "мусофирон дар терминал хеле бисёр шудаанд, вале теъдоди мошинҳои мусофиркашони самти вилояти Суғд баръакс кам шуд. Аз нимрӯзи гузашта камбуди мошинҳои мусофирбар дида мешавад".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Нархи маводи сӯхт поин рафту нархи роҳкиро ба Суғд боло
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:57 0:00

Бештаре аз мусофирони озими вилояти Суғд, ки умдатан донишҷӯй буданд, аз гарон шудани нархи роҳкиро нигаронӣ мекарданд. Онҳо мегӯянд, то ин вақт роҳкиро 80-100 сомонӣ буд, вале ҳоло ба 200 сомонӣ ва аз он бештар расидааст.

Умедҷон Юнусалиев, донишҷӯйи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, ронандаҳо худсарона нархи роҳкироро боло бурдаанд.

"Бештаре аз донишҷӯён шароит надоранд, ки бо 200 сомонӣ сафар кунанд. Имрӯз ман як гурӯҳ донишҷуёнро дидам, ки аз роҳ баргаштанд. Онҳо дар хонаҳои иҷора ва хобгоҳҳо буданд. Акнун маълум нест, ки дар куҷо мемонанд", - афзуд ин донишҷӯ.

Аммо ронандаҳо боло бурдани нархро рад карда, мегӯянд, нарх мисли пешина аст. Ибодуллоҳ Каримов, ронандаи мусофирбар пофишорӣ дорад, ки нархи роҳкиро ба гунаи қаблӣ мондааст.

Каримов афзуд, "нарх мисли пешина аст ва тағйире накардааст. Ҳаққи сафар аз Душанбе то ба Хуҷанд барои як нафар аз 100 то 130 сомонист. Агар касе хоҳиш дошта бошад, марҳамат. Рафта аз мусофирони дохили мошин пурсед".

Зимнан, аз Душанбе то ба шаҳри Хуҷанд масофа ҳудуди 300 километр аст ва то даҳ рӯзи пеш нархи роҳкиро дар таксӣ аз 80 то 130 сомонӣ буд.

Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи ахир коҳиши нархи бензин ва гази моеъ дар Тоҷикистон мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, субҳи ҷумъа дар марказҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Душанбе нархи як литр бензини навъи АИ 92 панҷ сомониву панҷоҳ дирам буд.

Дар муқоиса бо як рӯзи пеш ин рақам як сомонӣ камтар аст.

Абдураҳмон Сангов, ронандаи таксӣ дар Душанбе аз пойин рафтани нархи сӯзишворӣ истиқбол кард ва мегӯяд, дар шароити хуруҷи бемориҳои сироятӣ ин амр метавонад ба пешниҳоди хидматрасониҳои бештар тавассути таксӣ мусоидат кунад.

Ба гуфтаи Сангов, "агар нархи сӯзишворӣ боз ҳам арзонтар шавад, хеле хуб мешавад. Зеро мо он вақт метавонем хизматрасониҳоро ба таври дигар роҳандозӣ кунем. Мисол, хадамоти дастрас кардани харидҳо аз фурӯшгоҳҳову бозорҳоро метавонем бештар ва арзонтар кунем."

Масъулони марказҳои маводи сӯзишворӣ мегӯянд, ба далели паҳн шудани бемориҳои сироятӣ дар чанд рӯзи ахир талабот ба сӯзишворӣ дар кишвар то 30 дарсад пойин рафтааст. Чунин вазъ дар бештаре аз кишварҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, ки боиси пойин рафтани бесобиқаи нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд.

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз зуҳри 30-юми апрел эълон карданд, ки 15 мавриди гирифторӣ ба ин беморӣ ошкор шудааст. Бар асоси як дастури мақомот бозорҳои либосфурӯшии бузург дар кишвар баста шуда, донишҷӯёни то соли 3-юми таҳсили макотиби олӣ қабл аз мӯҳлат ба таътил фиристода шуданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG