Гулракат Мирзоева, модари Далерҷон Мирзоев, рӯзи 8-уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз сарнавишти писараш дар ташвиш аст ва мехоҳад ақаллан як дафъа бо ӯ суҳбат кунад.
“Моро намегузоранд, ки гап занем. Касе ҳам ба назди мо наомадааст ва дар бораи аҳволаш ба мо чизе намегӯянд. Намедонем, ба куҷо муроҷиат кунем,” -- афзуд ӯ.
Гулракат Мирзоева аз ҷузъиёти парвандаи писараш ҳам огоҳӣ надорад. Аз мақомоти Русия талаб дорад, ки имкон диҳанд, то аз аҳволи Делерҷон Мирзоев хабардор шавад.
Хонаводаи баъзе боздоштшудаҳо пештар низ гуфта буданд, ки аз аҳволи фарзандон ва ҷузъиёти парвандаи онҳо хабар надоранд.
Ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми март рӯй дод ва дар натиҷа 144 нафар куштаву садҳо тан маҷрӯҳ шуданд.
Мақомоти Русия беш аз 20 нафар, асосан зодагони Тоҷикистонро бо гумони содир кардани ин ҳамла боздошт карданд, вале то имрӯз шубҳаву суолҳо мондааст.
Ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, эътирофи онҳо таҳти шиканҷаи ошкор ба даст омадааст ва ҳангоми боздошт ҳуқуқи онҳо зери по шудааст.